​Зиракиии сиёсӣ- шиори ҷавонон аст.

Шароити тезутунд ва ноороми олам, ки он аксаран минтақаҳои мусулмон нишинро фарогир аст, назар намуда аз аз дидани аҳволу шароити хеле вазнини мардумонион ҷо одамро ҳолати андўху хиҷолат ва хавотирӣ аз ояндаифарзандони инсониятфаро мегирад.Аслан дини ислом дини покӣ асту оятҳояш талқингари ростию росткорӣ, омўзиши илм, даъват ба амалҳои нек, фазлу ҳунарбуда, байни динҳои дигари ҷахонӣ пайравони зиёдтаре дорад. Беҳуда нест, ки ҳазрати расулуллоҳ нисбати мардуми форсу тоҷик чунин ақидаро иброз доштаанд: “Илм агар дар Сурайё бошад ҳам, фарзандони миллати форс ба он мерасанд”. Ин баҳои баландрораванди таърих борҳо собит намудааст.

Имрўзҳо гурўҳҳои махсусиманфиатдор бо омўзишиҷахонбинӣ, сатҳифаҳмиши сиёсӣ, психология, эътиқоди динӣ ва мафкураимо машѓул шуда, дар баъзе мавридҳо аз нуқтаҳои заифи мафкуравӣсўистифода намуда,тафриқаангезию низоъбармеангезанд. Падидаи номатлубишомилшавии ҷавононба гурўҳҳои ифротӣ барои пешравии ҷомеамонеаҳои ҷиддӣба миён оварда,ба ояндаимиллаттаъсири манфӣ мерасонад. Камсаводӣ, нодонӣ, тақлиди кўр-кўрона ба фарханги бегона оқибатҳои вазнин ба бор оварда, ба номи миллати тоҷик нанг меорад. Ҳамагон хеле хуб медонанд, ки оқибати ин амал ҳалокати бармаҳалу ҷасади берун аз гўр вафаромўшӣ ба гўшаи таъриху лаънати ояндагонасту бас. Ин вазъият кормандони соҳаи маорифро бетараф гузошта наметавонад ва бинобар ин мо боядба ҷавонон омўзонем, ки онҳо(аъзоёни ҳизбҳои ѓайридавлатӣ) кўзаи холиянд, намозу рўзаашон дурўѓ аст, худашон дуруѓанд, одамияташон дурўѓ аст. Бо истифодааз шароити мусоиди зиндагӣ, фазои орому осудаҷавонон бояд илм омўзанд, забонҳои хориҷиро аз худ намоянд, сатҳи маърифати сиёсии худро баланд бардошта, ба иѓвогароннагузоранд, ки ба мафкурашон ҷой ёбанд.

Қодирова М.А.- муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ