​Ба мақсади нопоки худ ҳеҷ гоҳ намерасед…!

Кўр ассояшро як боргум мекунад –мегўянд,дар халқият. Аммо Кўри Юнуси Истаравшанӣ ва ҳаммаслакони ў, борҳо асояшонро гум карда, акнун иддао доранд, ки бино шудаанду барои ободиву пешравии кишвари Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Кўри Юнус бо пешниҳоди матлабе дар сомонаи “Кимиёи саодат” – и худаш бештар ба таърифи хоҷаи калониаш Кабирӣ ва дигар шарикону пайравони ў ҳарф задааст. Дар ин матлаб ў ҲНИ – ро аз ҳад зиёд таърифу тавсиф кардааст, ки шахси бори аввал шунида ва ё хондаистода, дар бораи ҲНИ бовар ба он мекунад, аммо воқеият ин аст, ки ҳар мушкилоти ба сари миллати тоҷик омада, маҳз аз талоши бевоситаи роҳбарият ва аъзоёни ҲНИ бо хоҷагони хориҷиашон мебошад. Ҳоло ки Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў бо тамоми ҳастияшон садо мебароранд, ки онҳо ислоҳ шуда, акнун баробар барои “демократия” мубориза мебаранд, вале ин гуфтаю лофзаниҳои онҳо ҳама дурӯғу сафсата асту бас. Акнун ба ин ҳаракату сафсатаҳои онҳо мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ бовар намекунад ва имконият намедиҳад,ки дигар ба номи миллати тоҷик бўҳтонҳо зананд.

Бояд қайд кард, ки Кўри Юнус ва аъзоёни ҲНИ, не миллат доранду не хонаву дар.Дар ин сарзамин, онҳо хоинони Ватан ва номи онҳоро дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун хиёнаткор ба миллат зикр мекунанд. Онҳо обу нони миллати тоҷикро хўрда калон шуда, сипас ба намакдон туф кардагӣ барин барои ноором кардани зиндагонии осоиштаи мардум тариқи сомонаҳои “Кимиёи саодат”, “Паём.нет”, “Востокнюс”, “Ислоҳ.нет”, “Ахбор.ком”-и ҲНИ талош менамоянд, ки мардуми Тоҷикистон аз чунин хиёнаткорони худ ҳеҷ гоҳ розӣ намешавад.

Ин расонаҳо тўли чанд сол аст, ки ба сиёҳ намудани чеҳраи поки Тоҷикистон машѓуланд ва бо чопи хабару гузориш ва мақолаҳои ғаразноки махсус тайёр карда шуда, ки аз Хоҷагони хориҷии худ «кўмакпулӣ» ё худ «ҳаққи қалам» мегиранду ба ивази пули муфт ба дастовардаашон, маводҳоро таҳияи намуда, дар ин сомонаҳо нашр менамоянд. Матлаби онҳоро боз ҳамон аъзоёни гуруҳи ҲНИ ва дигар «лагандбардоронашон» мехонанду бале гуфта ҳамсуҳбаташон мешаванд. Бо афроди нолоиқу ношоиста ва бадхоҳони кишвар, ки зумрае аз онҳо ба ҷурми хиёнат ба Модар - Ватан ва узвият дар ташкилотҳои террористию экстремистӣ парвандаи ҷиноятӣ доранд, кишвари моро дар сатҳи ҷаҳонӣ сиёҳ нишон медиҳанд.

Ин расонаҳо бо роҳбарони худ барои Модар – Ватани хеш ягон заррае хидмат накарда, ҳамеша дар пайи иѓво андохтан ва афрўхтани оташи хашму хусумат ва бадбиниву нотавонбиниро дар қатори аъзоёни мазҳабиашон ба роҳ монда, ҷараёни фикррониҳои экстремистӣ (ифротӣ) – ро дар қалбашон бедор карда, рўз то рўз ин фикррониҳоро кам неву, балки зиёдтар мекунанд, ки ин низ яке аз нишонаҳоихиёнат ба ҳар фарди Ватан мебошад.

Кўри Юнус ва дигар шахсони масъули ин расонаҳо ҳеч гуна дар дилашон эҳсоси миллӣ, хештаншиносиву ватандўстӣ, чун инсони комил, арзишҳои дўстдоштани Модару Ватанро надошта, мақсади ягонаашон дар назди халқу миллатҳои бегона паст задани кишвар, бад гуфтани Тоҷикистон, нодида гирифтани ҳар як муваффақияту дастовардҳои ин мамлакатва комёбиву пешравиҳои Тоҷикистонро нодидан мебошад. Ин ҳамаро нодида, мехоҳанд барои обрўву эътибори миллати тоҷикро дар арсаи олам паст задан даст мезананд, ки ин аз рўи мардонагӣ намебошад. Агар марди майдон ҳастед, пас аз дастовардҳову муваффақиятҳои Ватан ҳарф занед.

Шумоён нафароне мебошед, кидар дилатон нияти бад доред ва ҳеҷ гоҳ сухани ҳақро намегўед ва шунидан ҳам намехоҳед. Шумо ҳамин тавр то дами маргатон бо порагириву хизмати хирсонаи хоҷагони хориҷии худ умратонро сипарӣ менамоед.

Мо - ҳайати эҷодии рўзномаи донишгоҳии «Нури маърифат» ин амали нобахшидании Кўри Юнусро маҳкум мекунем ва ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки фикрронии мардуми моро дигар кунад ва мисоли солҳои 90-ум боз ба ҷангу хунрезӣ табдил диҳад. Шаҳрвандони тоҷик имрўз сафедро аз сиёҳ фарқ мекунанд ва ба қадри сулҳу осоиштагӣ мерасанд, зеро ин давлати тинҷу ором ва осмони софу беѓубори Ватанро ба ҳеҷ чизи рўи дунё иваз намекунанд ва ҷавонмардона барои ҳифзи марзу буми ин сарзамин камари ҳиммат мебанданд.

Гурўҳи эҷодии рўзномаи донишгоҳии «Нури маърифат»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ