​Факултети физика ва техника: Омӯзиши нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат

Санаи 8-уми феврали соли 2019 дар толори факултет ва ду синфхонаи лексионии он бо иштироки кураторони гурӯҳҳои академӣ ва ҳамаи донишҷӯёни факултет соатҳои тарбиявӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Соатҳои тарбиявӣ бо сухани ифтитоҳии декани факултет Мумин Шамсидинов, муовинони декан Абдумалик Ҳоҷибоев ва Акмалҷон Усмонов оғоз гардид. Сипас, аз тарафи мудирони кафедраҳои факултет, профессор Тошхӯҷаев Ҳ.А. ва дотсентон Валиев Р.М., Шерматов Ш.М. оид ба самтҳои гуногуни Паём имсола маърӯзаҳои ҷолиб карда шуд.

Дар фарҷоми машғулиятҳои тарбиявӣ аз тарафи иштирокчиён доир ба самтҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат суолҳо манзур карда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ