​Доир ба истирдоди Шовализода ба Тоҷикистон

Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.

Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона - расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

Яке аз чунин шахсоне, ки ба ташкилоти террористию эстремистии ҲНИ ҷалб шуда буданд - ин Шовализода Ҳизбулло Абдулло мебошад, кизодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон мебошад. Маълум аст, ки соли 2016 дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, ба ташкилоти террористию эстремистии ҲНИ ҷалб шуда буд.

Ӯ мақсад дошт, ки бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ қасди анҷом додани амалҳои террористиашро амали гардонад. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштани чунин террористону экстремистон мувофиқи қонунҳои амалкунанда чораҳо андешида мешавад.

Бояд ќайд кард, ки дар баробари бадаст афтидани чунин нафарони барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарзо мирӯз паҳн гардидани коронавирус инсониятро ба таҳлука овардааст. Корҳои ташфиқотию тарғиботие ки дар кишварҳои тамоми дунё аз ҷумла дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст як қадар маърифати тиббию гигиении аҳолиро рушд медиҳад. Барномаҳои дастурдиҳӣ низ тавассуди телевизион баҳри пешгирии сироятёбӣ аз вирус кўмак расонида, аҳли ҷомеаро огоҳ месозад, ки солимии худ ва дигаронро аз ҳама афзал дониста, ҳушёру зирак бошанду ба аъзоёни оила атрофиён корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд.

Аз ин ҷиҳат, мо аз дастгири шудани Шовализода Ҳизбулло бисёр хушҳол шуда, боварии комил дорем, ки ҳар нафаре, ки барои миллати тоҷик душманӣ варзидааст, ба балои бад гирифтор хоҳад шуд. Иншоолоҳ коронавирус ба кишваримо нахоҳад омад ва мо бо тантанаҳои наврӯзӣ ҷашни қадимаи аҷдодии худро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил хоҳем кард.

Кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ