Изҳорот: Тоҷикистон хонаи умеди ман

Шукр аз он дорем, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо зиндагӣ дорем. Тоҷикон аз замони қадим ҳамчун халқи соҳибхирад ва маданият ба шумор рафта таърихи куҳан доранд. Боиси қайд аст, ки дар тўли мавҷудияти таърихи онҳо якчанд давраҳои фоиҷавӣ ва маҳви миллиро аз сар гузаронданд. Имрўзҳо таҳти Ҳукумати мамлакат давраи гулгулшукуфӣ ва пешравии бесобиқаи таърихиро гузаронида истодааст афтодааст. Дар солҳои сарварии ў мардуми Тоҷикистон меваи соҳибдавлатиро пас аз ҳазор солчашид.

Мардуми меҳанпарвар ва меҳнатдўсти мо имрўзҳо шукргузор аз он ҳастанд, ки дар замони Истиқлолият ба сулҳу оромӣ расидаанд. Соҳибихтиёрӣ моро водор сохт, ки созандаю ободкор бошем. Тоҷикистони бузург имрўз дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои рангинаш мардуми бонангашродар ҷаҳон машҳур гардонидааст.

Аммо, ҳар як аъзои ҷамъияти кишвар бояд дар назар дошта бошад, ки душманони миллат аз ниятҳои ѓаразноки худ ҳоло даст накашидаанд ва кўшиш доранд, ки ба ҳар роҳ байни мардум иѓво андозанд. Аз ҳамин сабаб ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ дар сатҳи сиёсӣ ҳушёриро аз даст надода, бояд нагузорад, ки минбаъд ягон шахс фирефтаи доми душманони миллат дар дохил ва беруни кишвар нагардад.

Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ибтидои асри XXI ба хатари ҷиддӣ“Терроризми байналмилалӣ” хатар эҷод кардааст. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоти маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Ин вазъияти баамаломада хавфу хатар дар Тоҷикистони мо низ дорад. Ҳарчанд ин зуҳуроти номатлуб, яъне терроризм ҳамчун ҳаракати ифротгаро ҳисобида шуда, вале боз ҳам ҷалб гаштаи ҷавонони гумроҳ ба ин равияҳо ба мушоҳида мерасад. Баъзе ҳизбу ҳаракатҳо бо амалҳои ѓайриқонунии худ тинҷию оромии ватанамонро халалдор месозанд ва нияти сиёҳ кардани авзои сиёсии Тоҷикистонро доранд

Ҳукумати мамлакат борҳо дар минбарҳои баланд таъкид намуда буд, ки «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Мо, ҳамеша ба ин суханон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизм шахсонеро, ки фазои нооромро ба миён меоранд шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани азизомодаем. Маҳз сиёсати хирадмандонаи халқи тоҷикро, ки тавонист давлатро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гардад, дастгирӣ менамоем. Онтавонист ба ҷаҳониён хиради азалии хешро, таҳаммулназирию башардӯстӣ ва соҳиби қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсоз будани онро собит созад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ