​Изҳорот доир ба дастгир намудани Муҳаммад Тағоев

Мо, халқи тоҷик бояд одамони яктан, покдил ва поксиришти миллати худ бошем! Шахсони бадсиришт, ба монанди Муҳаммад Тагоев худ дар дигар давлат зиндаги намуда мехоҳанд, ки дар давлат ва ҷамъият муноқишаю ҷангҳо ташкил намоянд.

Давлати мо, ки тинҷу осоишта зиндагӣ мекунад, Муҳаммад Тагоев мехоҳаддавлати моро ба ҷанг табдил диҳад ва ба харобиҳо оварад. Агар ӯ ниятҳои бадхоҳона дошта бошад, халқи худро бо роҳи экстремистӣ ба ҷанг табдил додани бошад, мо мехоҳем, ки ӯ аз рӯи қонун, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Ӯ ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, дар давлати худ барои ниятҳои бадғаразонааш ба ҷавобгарӣ кашида шавад! Зеро, ин кирдорҳои Муҳаммад Тагоев барои миллати тоҷик нанговар аст.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, чӣ қадар шахсон барои оромиву осоиштагиҳои миллати худ мубориза бурданд. Мо Истиқлолияти худро ба даст овардем, Ваҳдат ва ягонагӣ ҳамқадами мо гардид. Шукри истиқлол аст, ки мо дар замони оромиву осоиштагӣ зиндагӣ мекунем!

Мо намехоҳем, ки шахсон, мисли Муҳаммад Тагоев осмони моро гардолуд намояд. Миллати тоҷик барои насли ояндаи худ, замони осоишта ва хандаҳои беғашонаи кӯдаконаро омода намудааст.

Ҷавонон, ки ояндаи миллат мебошанд, мо набояд онҳоро ба роҳи бад равона созем. Онҳо барои гулгулшукуфоии миллати худ саъю кӯшиш намоянд, зеро ҷавонон ояндасози миллатанд!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ