​Терроризм ва тафриқандоз – душмани инсоният

Пайвастшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери экстремистӣ дошта, имрӯз ба муаммои №1-и ҷомеа табдил ёфтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ин тоифа асосан бо ду сабаб – якум бинобар ҳирси пулу мол ва дуюм бинобар саводи кофӣ ва ба таври бояду шояд надонистани моҳият ва мақсади нопоки ин тоифа раҳгум мезананд.

Пӯшида нест, ки имрӯз шабакаи иҷтимоии интернет пур аз маводи туҳмату буҳтон нисбати давлати соҳибистиқлоли мост, хоса марбут ба воқеаи дар маҳбасхонаи Хуҷанд рухдода ба ин андоза маводҳои дур аз ҳақиқату пури буҳтон навишта истодаанд, ки ба ягон қалб намеғунҷад. Зери шиорҳои фиребонаи гӯё «таълимоти динӣ» ба амалҳои ифротгарои ва терроризм ҷавононро даъват месозанд. Ин амалҳои носавоби худро бо номи «шаҳид шудан дар роҳи Ислом» «қаҳрамонӣ» рӯйпӯш месозанд. Мақсаду мароми ин зумра нохалафон маълум аст: барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумати қонунии кишвар, тафриқандозии байни сокинон ва бо ҳамин васила мамлакати тинҷу осудаи моро ноором ва сулҳи комилро халалдор карданӣ ҳастанд.

Воқен ҳам, террорист, ки худ қотили шахси бегуноҳ аст, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва амалҳояшро кулан хилофи таълимоти дини мубини Ислом аст. Бо истифода аз камсаводиву тасаввуроти дуруст дар бораи дин надоштани надоштани иддае аз ҷавонони мо бадхоҳони миллат ба ин зумра ислом ва моҳияту мақсади онро нодуруст талқин мекунанд, дар замири эшон бадхоҳиро нисбати ҳамҷинсц худ – инсон ташаккул медиҳанд.

Чун мо омӯзгор ҳастему ба таълиму тарбияи насли ҷавон машщулем, ҳамарӯза дар соатҳои дарсц ва форищ аз лаҳзаҳои таълим ҷавононро талқин мекунем, ки аз вабои аср – терроризму экстремизм ҳамеша худро дурр гиранд. То ки фирефтаи мақсаду ҳадафҳои нопоки душманони миллат гардида, худро ба кӯи номуроди ва щаму андӯҳ наандозанд.

Ба андешаи манн, ҳамчун омӯзгор вазифаи муқаддаси мо насли калонсол, хоса зиёии кишвар дар ин шабу рӯзҳо дар он маҳсуб меёбад, ки ҷавононро бо панду насиҳат ва овардани мисол аз таҷрибаи бои зиндагии хеш онҳоро аз каҷравию хатокорц нигоҳ дорем. Балки бод арки масъулияти ватандорц соҳибистиқлолии кишвари маҳбуб ва тинҷиву аммонии бо заҳматҳои беназири Сарвари давлат ба даст омадарочун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ