​Изҳороти устодони кафедраи таърихи умумӣ

Душманони миллати тоҷик дар хориҷӣ кишвар умр ба сар бурда, сиёҳ намудани давлат ва ҳукумати моро идома дода истодаанд. Дар сессияи навбатии САҲА, ки ҳамасола дар шаҳри Варшава баргузор мегардад, роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ баромад намуда, боз ҳукумати моро бо суханони беасос сиёҳ намуд. Чунинчӣ, ў беасос иброз намуд, ки гўё ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади сиёҳ намудани мухолифони сиёсӣ аз ҳама имкониятҳо истифода намуда истодааст.

Ҳамаи суханони аз ҷониби М.Кабирӣ ироа гардида беасос мебошанд. Дар мамлакати мо ягон шакли озодфикрӣ таъқиб карда намешавад. Мубориза бо тероризм ва экстремизм яке аз ҳадафҳои муҳими давлату ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар зери пардаи мубориза бо терористон он ягон ҳадафи сиёсии хешро амалӣ намекунад. Маҳбусони сиёсӣ дар кишварамон бе ягон хел фишороварӣ, ҷазоҳои ҷисмонӣ дучор карда намешаванд. Овардани мисолҳо аз таъқиботҳои маҳбусони сиёсӣ ин сиёҳ кардани ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Зеро ҳукумати мамлакат ба хотири оромиву осудагии мардум солҳои мудҳиши баъди ҷанги бародаркуш ба аъзоёни мухолифин авфи умум эълон карда буд. Сиёсати адолатпарваронаи Пешвои муоззами миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва оромиву ободӣ ҳукмфармост. Вале ин ороми на ба ҳама маъқул аст. Бинобар ин қувваҳои гуногнуни сиёсӣ бо ҳар гуна роҳу воситаҳо кўшиш мекунанд, ки осудагии кишвари моро халалдор созанд.

Мо устодони кафедраи таърихи умумӣ чунин рафтори душманони Ватани хешро қотеъона маҳкум менамоем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ