Изҳороти ​омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ

Эктремизм яке аз проблемаҳои имрӯзаи ҷомеаи мо мебошад, ки хусусан ҷавононро бо ҳар гуна роҳҳои гуногун онҳоро ба терроризму экстремизм сафарбар менамояд. Экстремизм ин гурӯҳҳое мебошанд,ки ба ҷамъияти мо, ки имрӯз дар осмони софу беғубор зиндагонӣ карда истодааст, ба қадри қиммати он нарасида, зиёни худро мерасонанд.

Имрӯзҳо ҷавонон бо воситаи шабакаи интернет ба ҳар гуна гуруҳҳои тундрав, ки зидди давлати Тоҷикистони биҳишти мо амал менамоянд. Афсӯс, ки баъзе ҷавонон ба қадру қиммати беарзиши Сулҳу суботи Ватани мо нарасида, ба экстремизм дохил мешаванд. Нисбати ин гуна шаҳрвандони хоину ваташфурӯш гуфтан ҷоиз аст, ки ин гуна шахсон набояд ба суханҳову даъвати душманону хоинон бовар кунанд, зеро мақсади онҳо бо роҳи фиреб баромади ҷавонон ба муқобили давлат мебошад.

Ҳар як шахсе, ки ба Ватани худ хоин мебарояд, мисли шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Тагоев Муҳаммад бояд ба Ватани худ баргардонида шуда, аз рӯи Қонуну Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шавад, ки дигар одамон аз он дарс гиранд, то ин гуна ҳодисаҳо гаштаю баргашта такрор нашаванд.

Албатта тарбияи ҳар як шахс аз оила оғоз меёбад, барои ҳамин падару модарон бояд ба фарзандони худ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Бояд ба ҳар як рафтору кирдори онҳоро назорат кунанд. Вақте ки фарзандон аз назорати падару модар дур мешаванд, он гоҳ ба корҳои номатлуб даст мезананд. Хусусан дар замони муосир, ки техникаву технология тараққӣ карда истодааст, бисертар ҷалб мешаванд ва ин воситаи асосии паҳн кардани ҳар гуна гурӯҳҳои тундрав мебошад. Аз ҳамин сабаб волидайн бояд ба ҳамаи ин гуна воситаҳо назорат намуда, ба фарзандони худ аз давраи кӯдакӣ ба ҳунармандӣ ба илму ирфон ҷалб намоянд, то ин ки онҳо машғул шаванду ба ҳар гуна гурӯҳҳои тундрав ва ҳодисаҳои номатлуб даст назананд.

Дар мактабҳо низ дар дарсҳо бо толибилмон нисбати ин мавзӯъҳо “Эктремизм ва Терроризм” ва дигар мавзӯъҳои тундрав бисёртар сӯҳбатҳо гузаронанд. Падару модарон ва муаллимон бояд якҷоя ҳамкорӣ намоянд, зеро тарбияи ҷавонон басо кори мушкил мебошад. Ҳар падару модар доимо бо фарзандони худ дар бораи дарсҳо, соатҳои тарбиявии онҳо саволу ҷавоб кунанд. Ватан аз оила огоҳ меёбад. Чунончӣ:

Ватан сар мешавад аз гаҳвора,

Зи шири поку пистони модар.

Ватан сар мешавал аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост.

Мумкин, агар падару модари дар боло қайд шуда, бо фарзанди худ ин гуна саволу ҷавоб мекарданд, ин гуна ҳодиса рух намедод. Барои ҳамин ҳам волидайн ва ҳам омӯзгор робита дошта бошанд. Аз зери назорати худ фарзандон, ҷавонони имрӯзаро дур накунанд. Бояд ба онҳо пайдо кардани меҳр нисбати Ватани мо, ки Тоҷикистон ном дорад, аз хурдӣ омӯзонд. Ин гуна ҳодисаҳо бояд ба ҳар як волидайн дарс шавад, ки онҳо аз назорати фарзандон дур нашаванд. Омӯзгорон низ бояд ба ҷавонон бештар сӯҳбат намоянд. Моҳият ва мақсади асосии ин гуна гурӯҳҳои номатлубро фаҳмонанд. Афсӯс, ки азбаски надоштани саводи кофӣ, маърифати пасти худогоҳию худшиносӣ ҷавонон оид ба пос доштани таъриху маданият, арзишҳои ахлоқӣ ва ноогоҳӣ сатҳи пасти маърифати наврасону ҷавонон, ки боиси ҳамроҳ ва гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд шудани майлу рағбати онҳо ба арзишҳои бегона мегардад.

Мо низ омӯзгорони донишгоҳҳо ба ҷавонони имрӯза фаҳмонем, ки бояд сарҷамъ, якдил, муттаҳид бошем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ватани худро аз душманону хоинон нигаҳ дорем. Ба хаёли ҷавонон фаҳмонем, ки вазифаи асосии мо ҳимояи ватан, обод кардани он, тарғиби некуву накӯкорист.

Дар ҷавонон пайдо кардани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, омӯзиши илму ҳунар ва дониш, эҳтироми волояити қонун ва қоида ташаккул ёбад. Зеро ҷавонон дар оянда намояндагони сазовор ва баҳурмати миллату Ватани худ гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда тавонанд. Аз миллату давлати хеш ва сулҳу босубот, Ваҳдати миллӣ шукрона кунанд. Зеро то ба ин рӯзҳо расидан, чи қадар рӯзҳои сахтро паси сар кардем, онро набояд фаромӯш кард. Ба қадри обҳо, ба қадри хоки Ватан, ба қадри осмони софу беғубори Тоҷикистони биҳишосо бояд расид.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ