​Хоинон ба мақсад намерасанд! Ҷавоб ба навиштаи Саидюнуси Истаравшанӣ

Бояд зикр намуд, ки зиёда аз 90 фисади аҳолии кишвари азизи мо Тоҷикистон мусалмон аст ва онҳо дини худро покиза нигоҳ дошта, миллати хешро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунанд. Дар кишвари мо барои озодии шаҳрвандон, зиндагии орому осуда, тоату ибодат намудани онҳо дар даргоҳи Худованд шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳеҷ кас монеаи намозу рӯзаи мусалмонон дар ин кишвар нест. Ин мамлакати биҳиштосоро нафаре сарварӣ менамояд, ки покизагии дини мубини исломро дар минбарҳои бонуфузи олам аз ҷумла, СММ муаррифӣ карда буданд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин минбари бонуфузи ҷаҳонӣ зикр намуда буданд, ки Ислом ин дини покиза аст, ҷараёнҳои тундгароии замони муосир, ба монандӣ экстремизм ва терроризмҳеҷ робитае бо ин дин надорад.

Саидюнуси “муҳтарам”! Магар ту намебинӣ, ки Сарвари мамлакат ҳамасола дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон” ва Иди Саиди Қурбон аз Ислом ва пуштибонии он аз тарафи тоҷикон сухан ронда, аз исломпарастии тоҷикон ҳарф мезананд. “Ту мегӯи, ки дар Тоҷикистон исломҳаросӣ ба роҳ афтодааст!”. Ту бояд хуб дар хотир дошта бошӣ, ки Сарвари тоҷиконро ба ворид шудан ба дохили Каъбаи мукаррама насиб гардид, на ба кишварҳои Исломӣ, ки ту аз онҳо ёд мекунӣ!

Барои тоату ибодат намудан баҳри шаҳрвандони мамлакат Роҳбари кишвар дар маркази пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ба бунёди Масчиди бузург хишти аввал гузоштанд, ки он дар Осиёи Миёна назирашро надорад. Ин ҳама барои дастгирӣ ва пуштибони аз дини ислом аст, ки барои мардуми ин сарзамин шароит мусоид мебошад, ки онҳо пайваста ибодат кунанду рӯзаашонро доранд ва барои сулҳу субот ва тинҷиву оромии давлати худ ҳамеша аз Худованд талаб намоянд, ки дар ин сарзамин ҳамеша барои шаҳрвандонаш сулҳу ваҳдат пойдор монад.

Тоҷикистон ягона давлате дар қатори дигар кишварҳо ба шумор меравад, ки бо гирифтани 94 хол амнтарин кишвари дунё арзёбӣ шудааст, ки шаҳрвандонаш хатаре зимни гаштугузори шабонаро эҳсос намекунанд. Дар ин бора Маркази таҳлилии Gаllup дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё кишварҳоро радабандӣ карда, Тоҷикистонро дар дуюми амнтаринҳо ҷой додааст, ки боиси ифтихори мардуми миллати тоҷик аст.

Ин пешравиҳоро хоинони миллати тоҷик чашми дидан надоранд ва ҳамеша ба суи шаҳрвандони ин кишвар бо суханони “пучу бе мағзи” худ ҳарф мезананд. Имрӯзҳо тамоми шаҳварндони ин мамлакат “Гӯлу нодон” нестанд, ки ба ҳар гуна сухану гуфторҳои “бадахлоқон” ва ё “Сагҳои дайду” –и кӯчаву хиёбонҳои кишварҳои дигар, ки пайваста ба онҳо “хоҷагонашон”, “устухонпораҳо”-ро медиҳанду пуштибонӣ аз онҳо мекунанд, ки ин амалашонро ягон шаҳрвандитоҷику тоҷикистониён ҷабул намекунанд вароҳи дурустро хуб дарк менамоянд.

Ҳоло ин хоини миллати тоҷик боз мехоҳад, кулоҳ сари мардум гузорад ва сарнавишти онро дубора зери хатар қарор диҳад. Ин хоини миллат ҳеҷ гоҳ ва дар ягон вақту замон наметавонад ба сарзамини ҷомеаи тоҷикистон, ки мардуми он алакай “Сафедро аз сиёҳ”, “Хоинро аз дӯст”, “Душмани модар”-ро аз “Дӯстдори Ватан” фарқ мекунанд, ғаразҳои бадахлоқи худро дар ҷомеаи тоҷикон роҳандозӣ кунад.

Саидюнуси “муҳтарам”! Ту хуб ба хотир гир, ки тоҷикон дигар ба туву тубаринҳо бовар наменамояду суханони шумоён хоинонро қадре ҳам писанд намекунанд!

Аҳли эҷоди рӯзномаи “Нури маърифат”


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ