​Изҳороти устодони факултети Санъат

Мо, аҳли ҷомеаи устодони факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ҳар гуна фикру ақида ва талошҳои зўроваронаро аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои доғдор барои дастрасӣ ба ҳадафҳои ғаразнок, ки метавонанд боиси халалдор гардидани амният ва субот дар кишвари азизамон гарданд, қотеона маҳкум менамоем. Дар ин миён фаъолиятҳои созмони террористии наҳзат ҳеҷ гоҳ ба манфиати миллати тоҷик ва Тоҷикистон набуда, таҳдиди бузурге ба субот ва шукуфоии кишвар мебошад. Имрўз Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ваҳдати пойдор бо қадамҳои устувор ба сўи рушду шукуфоӣ дар ҳаракат аст ва моро лозим аст, то ин равандро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда кишвари ободу зебо ва қавиро ба мерос гузорем.

Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ки маҳз бо таҳрики созмони террористии наҳзати ислом сар зада, боиси талафоти ҷонӣ ва харобиҳои сангин гардида буд, ҳанўз аз ёдҳо нарафтаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ – саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ маҳз ба сабаби надоштани ҳимояи мардумӣ ва пайравӣ аз ҳадафҳои ғаразноки барои мардуми мо номатлуб ноком гардида буданд.

Таърихи имрўзу дирўз хуб дар хотир дорад, ки бисёр ҷавонони моро маҳз ин ҳизби мамнўъ дар Тоҷикистон ҳангоми фаъолияти хеш ба гирдоби бало мубтало сохтанд. Аз онҳо хоину террорист омода карданд, ҳатто лаҳзаҳое буд, ки писари тоҷик ба падари худ, модари худ қотеона ақидаҳои гумроҳи худро бор карда, санги маломату таъна мерехт. Пас, мебояд сари роҳи ин падидаҳои нангинро гирифт.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ