Ҳисоботи солонаи аъзоёни маҳфили тарғиботчиёни ҷавон "Андеша"

Дирӯз аъзоёни маҳфили тарғиботчиёни ҷавон "Андеша"-и назди донишгоҳ ҳисоботи солонаи худро ба унвони Роҳбарияти донишгоҳ пешниҳод намуданд. Аз натиҷаи фаъолияти солонаи маҳфил муовини ректор оид ба тарбия, номазади илмҳои филологӣ, дотсент Рухсора Давлатзода суханрони намуда, гуфт: "Тибқи Барнома дар соли таҳсили 2017-2018 роҳбарият ва намояндагони мақомоти давлативу ҳифзи ҳуқуқ, олимону донишмандони донишгоҳ ба аъзоёни маҳфил дар мавзўъҳои “Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди давлатдории миллӣ”, “Сарвари сиёсӣ”, "Зинаҳои таърихи ташаккул ва рушди андешаи миллӣ”, “Психологияи муошират”, “Мақоми васоити ахбори омма дар рушди ҷомеа”, “Мушкилоти ҷавонон ва роҳҳои ҳалли он”, “Хонавода ва муаммоҳои оиладорӣ” ва амсоли инҳо маърўза намуда, пас аз он масъалаҳои мазкур тариқи сўҳбати озод мавриди баррасиву муҳокимаи аъзоёни маҳфил қарор дода шуданд.

Зикр намудан бомаврид аст, ки аз ҳисоби аъзоёни маҳфил гурўҳи корӣ иборат аз 60 нафар донишҷўён таъсис дода шуда, ҳар рўз мунтазам наздик 1000-1500 вокунишу раддияҳои таблиғотӣ таҳия ва андешаҳои солиму пурарзиши худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода истодаанд, ки теъдоди умумии он танҳо давоми моҳҳои март-декабр соли 2018 наздик ба 400 изҳорот ва 200 000 (дусад ҳазор) вокунишу раддияҳоро ташкил медиҳанд. Баробари баланд бардоштани савияи дониши сиёсию ҳуқуқӣ донишҷўён - аъзоёни маҳфил тавонистанд бо корҳои тарғиботиву ташвиқотии хеш ҷавононро ба илмомўзӣ, ватандўстӣ, ваҳдату ягонагӣ, зидди падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ ба ободкориву созандагии кишвар даъват намуда, дар пиёда намудани сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат саҳм мегузоранд. Дар маҷмӯъ, беш аз 70 нафар хатмкунандагони курси маҳфили мазкур бо гувоҳномаҳои хатм (дараҷаи 1) ва 24 нафар аъзоёни гурўҳи кории он бо сипосномаҳо санаи 19-уми июни соли 2018 қадршиносӣ карда шуданд. Барномаи маҳфил барои соли хониши 2018-2019 таҳия гардида мувофиқи ин барнома машғулитяҳо мунтазам гузаронида шуда истодаанд. Фаъолони маҳфил бо сипосномаи ректори донишгоҳ қадршиносӣ карда шуданд. Дар қисмати дигари чорабинӣ аз тарафи аъзоёни маҳфил барномаи фарҳангӣ омода карда шуд.

Маркази иттилоот ва тахлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ