​Изҳорот

Изҳорот нисбати аъзои ташкилоти террористиву экстримистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) Шовализода Ҳизбулло Абдулло, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод шудааст.

Чихеле, ки прократураи генерали хабар дод, ҷавони 29 солаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнати қарор доштанаш ба ташкилоти террористиву экстромистии ҲНИ ҷалб шудааст.

Ин хоини давлат дар ҳудуди Авсрия дастгир гардида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод карда шудааст. Шовализода Ҳ.А. чорумин аъзоӣ гурўҳи террористиву экстримисти аст, ки ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Гурўҳе аз паноҳҷӯён ва фаъолони мухолифони тоҷик рӯзи 2 март дар шаҳри Вена ҷамъ омада, аз мақомоти Австрия хостанд, Шовализода Ҳ.А.- ро ба Душанбе истирдод накунанд. Онҳо мегуфтанд, дар сурати бозпас фиристодани яке аз ҳаммаслаконашон Ҳизбулло Шовализода ба Душанбе мумкин аст, ӯро азобу шиканҷа кунанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар бораи гунаҳкор будани Ҳизбулло Шовализода ба мақомоти Австрия далелҳол пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, номбурда чаҳорумин нафар аст, ки бо дархости онҳо ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Он хоинҳои бевиҷдону беинсофе, ки нисбати давлати орому осудаи Тоҷикистон амалҳои ғайриқонунӣ мекунанду ин амалашон боиси ноором шудани вазъи ҷамъиятӣ- сиёсии кишвар мегардад, тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии махсус кашида шаванд. Аз ин лиҳоз чунин рафтори Шовализода Ҳ.А- ро ки аъзои ташкилоти террористиву экстримистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) аст мо маҳкум менамоем ва ҷонибдори мақомоти прокротураи генералии Тоҷикистон ҳастем.

Докторанти PhD бахши 2 кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг Мирбобоева М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ