​Дарси сиёсӣ: Нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" бо ширкати ҳайати маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” дарси сиёсӣ дар мавзӯи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбия, доктори илмҳои таърих Аюбҷон Усмонов баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба корҳои тарбия, доктори илмҳои таърих Аюбҷон Усмонов дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” суханронӣ карда, таъкид намуд, ки оғози соҳибистиқлолии мамлакат айёме буд, ки дар роҳи бунёди давлатдории навини хеш устуворона пеш мерафтем, барои бунёди ҳокимияти қонунии кишвар замина фароҳам меовардем, ки душманони мансабхоҳ, дар сурат диндор, вале дар асл бадсиришт ҳадафҳои нопоки худро ҷиҳати амалӣ намудан ва шохаҳои ҳокимият, хоса ҳифзи ҳуқуқро фалаҷ гардонидан камар бастанд. Таъқиби одамон аз нигоҳи диниву милливу динӣ ва маҳаллӣ, барангехтани тухми нифоқу кина ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ боиси сар задани фоҷиаи миллӣ - ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки ҳазорон нафар аҳолии осоишта ба Афғонистони ҳамсоя ва дигар давлатҳои ИДМ гуреза шуда, беш аз 150 ҳазор нафар ҳалок, 26 ҳазор зан бе шавҳар, наздики 60 ҳазор кӯдак ятим, 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонда, иншоотҳои ҳаётан муҳими тандурустӣ, маориф, фарҳанг, корхонаву фабрикаҳо ва роҳҳои нақлиётиву оҳан хароб ва кӯпрукҳо тарконида шуданд. Даҳҳо равшанфикрону зиёиён, роҳбарону фаъолон, кифарзандони содиқи Ватан ва нерӯи илмиву маърифатии ҷомеа буданд, аз тарафи як зумра ашхоси ҷиноятпеша ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд.

Гуфта шуд, ки дар чунин шароити вазнин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро бар уҳда гирифта, таъкид доштанд, ки “ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.

Сипас роҳбари маҳфил, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Муталиб Маҳмудов дар мавзӯи “Пешвои миллат – ғамхору ҳидоятгар ва кафили пешрафти ҷавонон” маърӯза намуда, аз номи донишҷӯён иброз дошт, ки ҷавонон минбаъд низ дастуру ҳидоятҳо ва рӯзгори ибратпазири Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолият қарор дода, мутолиаи осори илмиву таърихӣ, бахусус, китобҳои арзишманди Президенти кишварро ҷиҳати тақвияти ҷаҳонбинӣ ва ҳуввияти ватандӯстиашон ба роҳ монда, ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат дар ҳамқадам будан бо набзи ҳаёт, ҳифзу гиромидошти Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот ва ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол бештар кӯшиш менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ