​Инъикоси амалинамоии Консепсияи миллии тарбия дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан ҳам Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26-уми декабри соли 2019 ироа гардид, санади муҳими таҳлилӣ, раҳнамо, дурнамои инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, стратегияву барномаҳои рушди устувори мамлакат тарҳрезӣ гардида, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушди устувори мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳамчун ҳадафи олии давлату ҳукумат равона карда шудааст. Паём на танҳо дурнамо ва пешрафти кишвари моро ба як соли оянда, балки ба даҳсолаҳои дигар муайян ва мушаххас менамояд. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи Паёми имсола таваҷҷӯҳи хосаи Пешвои миллат масъалаҳои мактабу маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар тамоми зинаҳои он, илму фарҳанг, маънавиёт, таҳкими худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳофизаи таърихӣ ва ҳуввияти миллӣ буд.Хусусияти дигари Паёми имсола дар он зоҳир мегардад, ки Пешвои миллат ба масъалаҳои тозаву озода нигоҳ доштани мафкураи мардум, донистани таъриху фарҳанги миллӣ ва ҳифзи он, пешгирии терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, амалҳои коррупсионӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа бо диду назари нав баҳогузорӣ гардид. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбияи ҷавонон ва фаъолияти занони кишвар пайваста таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд, ки дар Паёми навбатӣ низ таъкид намуданд, ки “Дар шароити ҷаҳонишавӣ бояд наслеро тарбия намоем, ки аз нигоҳи донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ мувофиқ бошанд”. Таълиму тарбияи насли имрӯза ва навгониҳои технологияи муосир баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ташаккул додани фаъолияти эҷодӣ ва эҷодкорӣ, рушд додани ақлу заковат, мустақилона фикр карданро талаб менамояд ва ин самти ташаккули шахсият аз зинаи аввали таҳсилот аз таҳсилоти томактабӣ бояд ба роҳ монда шавад. Мусаллам аст, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани таълим ва тарбия дар оянда низ фаъолияти таълим ва инкишофи қобилияти фикрии ҷавононро дар роҳи илму маърифат густариш дода, онҳоро ба касбҳои тахассусӣ омода намудан зарур мебошад.

Бояд гуфт, ки инкишофи қобилияти ақлӣ ба қобилияти эҷодӣ алоқаманд буда, тавассути он на танҳо ахбороти қабулшуда аз худ карда мешавад, балки дар рафти ҳалли масъалаҳои фикрӣ ташаббус нишон дода чизи нав ба вуҷуд оварда мешавад.Метавон гуфт, ки мо бо ин роҳ барои наврасону ҷавононро ба таҳсилоти муосири босифат омода намудан ва баҳри тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат имкониятҳои бештарро ба даст меорем. Аз ин рӯ, дар роҳи расидан ба ин мақсадҳои нек вазифадорем, ки доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ҷавонони болаёқату бозаковат, фаъолияти зеҳнӣ дошта, ватандӯсту ватанпарвар ва созандаи даврони имрӯз кӯшиш ба харҷ диҳем. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муҳиммияти масъала ба масъулони соҳа дастур доданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Вобаста ба ин, пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.

Он супоришҳое, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ иброз доштанд, саривақтӣ буда, баҳри пешрафти илму маориф ва ҷавонони ояндасози миллат таъсири мусбат мерасонад. Афзалиятнокии ояндаи кишвар ба фаъолияти тахассусӣ ва рушди илму маориф вобастагии бештар дорад. Аз ин хотир шахсони соҳибмаърифату донишманд ва ихтироъкору эҷодкорро аз ҳисоби ҷавонон тарбия намудан яке аз вазифаҳои ҷиддию муҳими ҳар як омӯзгор аст.

Дадобоев М.А., факултети геоэкология,

сармуаллими кафедраи геоэкология ва методикаи таълим

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ