Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ самти афзалиятноки рушди кишвар

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар баробари барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ халқи тоҷик бо раҳнамоии сарвари оқилу хирадмад ва дурандеши худ тавонист дар тӯли бисту ҳашт соли Истиқлолияти давлатӣ тавонист ба рушди бемайлон ва натиҷаҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардад.

Пешвои миллат дар паёмҳои ҳамасолаи худ ба хотири рушди соҳаҳои мухталиф ва арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи миллат соли навбатиро ба соҳа ё бахши муҳим бахшида, барои рушди он соҳа дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Иқдоми муҳими Президенти кишвар, ки дар Паёми соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22 декабри соли 2017 баён намуданд, соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки: “Ба мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвари мо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад”.

Барои амалигардонии ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат аз 29 декабри соли 2017, таҳти рақами 977 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани соли 2018» қабул карда шуда, дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили бошукӯҳи Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тартиб дода шуданд. Ин ташаббус солҳои минбаъда низ идома ёфта, дар Паёми навбатии худ солҳои 2019-2021-ро Сарвари давлат “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон доштанд ва дар ин замина, чорабиниҳои мушаххас гузаронида шуда истодаанд.

Соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду самти афзалиятноки сарватҳои миллӣ ҳастанд, ки бо ҳам алоқамании зич доранд ва барои муаррифии фарҳангу таърихи куҳани халқи тоҷик, табиати биҳиштосо, обҳои мусаффои Тоҷикистон ба ҷаҳониён аҳамияти муҳим доранд. Сайёҳон ба таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои миллӣ ба кишвар рӯ меорандва маҳсулоти ҳунармандони тоҷикро харидорӣ мекунанд, аз меҳмонхонаю тарабҳонаҳо истифода мебаранд ва умуман барои рушди иқтисодиёти кишвар, муҳайё гардидани ҷойҳои нави корӣ замина гузошта мешавад.

Имрӯз барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвари мо ҳамаи имкониятҳо ва заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, барномаҳои давлатӣ қабул шуданд ва илова бар он як силсила чораву тадбирҳои ҳавасмандкунӣ низ андешида шудаанд.

Дар Паёми навбатӣ (соли 2017) Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншоотҳои сайёҳиро дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод намуданд, ки барои рушди ин соҳа заминаи воқеӣ гузошта шуд.

Ин иқдомҳои Сарвари давлат мақсаднок ва ҳадафрас мебошад, чунки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва пешрафтаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, омили муҳими афзудан ва ғанӣ гаштани даромад ва буҷети давлат, таъмини мардум бо ҷои кор ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои асосии рушди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон ба шумор рафта, тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангиро равнақу ривоҷ медиҳад. Имрӯз дар ҷаҳон ба монанди Италия, Сингапур, Малайзия, Туркия, Голландия, Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳои мутараққӣ маҳс аз рушди соҳаи сайёҳӣ иқтисодиёти худро устувор намудаанд.

Барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ низ муҳайё карда шудаанд. Барои танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019» ва қарору фармонҳо қабул карда шудаанд. Тибқи муқаррароти санадҳо ва консепсияи мазкур дар ҷумҳурии мо намудҳои саёҳати кӯҳнавардӣ, варзишӣ, кӯҳию экологӣ самтҳои афзалиятнок эълон шудаанд.

Тоҷикистон ҷумҳурии биҳиштосо, кишвари зебоманзару афсонавӣ дорои табиати нотакрор ва ёдгориҳои зиёди нодири таърихию меъморӣ буда, бо меҳмоннавозии мардумаш таваҷҷуҳи сайёҳон ва тамоми оламиёнро ба худ ҷалб сохтааст. Иқлими субтропикии Тоҷикистон барои мавҷудияти тамоми фаслҳои сол мусоидат намуда, обҳои мусаффо, чашмаҳои шифобахш, кӯҳҳои сарбафалаккашида, пиряхҳои азимҷусса, дараҳои зебо ва хушбоду ҳаво, олами наботот ва ҳайваноти нодир ва ҳайратангез ва дар маҷмӯъ табиати биҳиштосои кишвари мо беҳтарин мавзеъ ва макони саёҳат, истироҳату фароғат барои рушди сайёҳӣ шароит ва имкониятҳоро фароҳам меорад.

Таъриху фарҳанги куҳан, мардуми тамаддунофар, ҳунар ва фарҳанги шаҳрсозию шаҳрдорӣ, ҳунармандии тоҷикон ба монанди мисли Ҳисор, Кӯлоб, Ҳулбук, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Ашт дар ҷаҳон шӯҳрат ва маъруфият пайдон амудаанд.

Ҳукумати мамлакат барои таҷдид ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар корҳои зиёдро ба сомон расонида истодааст. Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти бо зиёиёни кишвар аз 19 марти соли 2018 иброз намуданд, ки «ҳоло дар кишвари мо беш аз 2000 ёдгориҳои таърихиву меъморӣ мавҷуданд. Вале то имрӯз дар 695 ёдгории таърихиву меъморӣ корҳои илмиву бостоншиносӣ ва навсозиву барқарорсозӣ оғоз нагардида, онҳо дар ҳолати ниҳоят хароб қарор доранд».

Дар замони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳо тезутунд мешавад, омӯхтан аз ҷиҳати илмӣ таҳқиқ кардани мероси гузаштагон, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣаҳамияти махсус пайдо мекунад, ин ҳолатро Ҳукумати кишвар хуб дарк менамояд. Ҳифзи ин арзишҳо, таҳқиқи илмӣ ва омӯзиши амиқу ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини аҳли илм, эҷод, зиёиёни кишварва тамоми мардуми бедордил ба шумор меравад.

Эҳёи арзишҳои миллии ниёгони кишвар барои боз ҳам фарохтар намудани имкониятҳои рушди сайёҳи ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат мусоидат менамояд.

Дар баробари сайёҳӣ соли 2018 ба рушди ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат феҳрасти ҳунарҳои мардумӣ мураттаб ва тасдиқ карда шудааст. Мардуми тоҷик аз замонҳои хеле қадим ба ҳунармандӣ, косибӣ шуғл варзида, дар тӯли таърих садҳо навъи ҳунарро ба вуҷуд овардаанд ва бо намунаҳои олии он шӯҳрат ёфтаанд.

Дар таърихи халқи тоҷик шаҳрҳои қадимаи Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Ашт, Панҷакент, Кӯлоб, Ҳисор Самарқанд, Бухоро, Ҳирот, Марв маълум ва маъруфанд, ки баробари маркази маъмурӣ буданашон марказҳои ҳунару фарҳанг, тиҷорат, зиёрат ва сайру саёҳат буданд. Имрӯз низ дар шаҳрҳои номбурда ва тамоми минтақаҳои кишвар ҳунарҳои мардумӣ рушду ташаккул меёбанд ва аз насл ба насл мегузаранд. Аз андоз озод шудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки дар хона истеҳсол мешаванд барои боз ҳам рушд ёфтани ин самт мусоидат менамояд.

Ҷиҳати танзими ҳуқуқӣ ва рушди устувори ҳунарҳои мардумӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» аз 1 августи 2003 амал мекунад. Ҳанӯз31 августи 2008 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» қабул гардида буд. Барои солҳои 2016-2021 ин барнома амал карда истодааст. Санадҳои номбаршуда барои рушди ин соҳа заминаи ҳуқуқӣ мегузоранд ва аз зери таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумат қарор гирифтани онро шаҳодат медиҳад.

Барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар баробари чораву тадбирҳои андешидашуда, ба фикри мо бояд амалҳои зерин иҷро карда шаванд:

1. Дар донишгоҳҳои кишвар қабули шумораи донишҷӯён дар соҳаи сайёҳӣ зиёд карда шаванд ва барои гирифтани таҷрибаи замонавӣ ба кишварҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ рушдёфта фиристодани мутахассисон мувофиқи мақсад аст.

2 Соддагардонии низоми раводид низ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд;

3. Зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани шоҳроҳҳои байналмилалӣ, ба талаботҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сатҳи хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан;

4. Ташкил намудани меҳмонхона, ошхонаҳо мағоза ва ҷойҳои фурӯши маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми минтақа ва маҳалҳои будубоши сайёҳон;

5. Таҳия ва нашри буклет, китобчаҳои хурди муаррификунандаи осори таърихӣ-меъморӣ, осор-хонаҳо, маҷмааҳои таърихӣ-фарҳангӣ, фароғатгоҳҳо, боғҳо, мамнӯъгоҳҳо, объектҳои табиӣ-экологӣ ва дигар мавзеъҳои сайру саёҳат ва фароғат ба забони давлатӣ, русӣ, англисӣ ва ғайра.

8. Ташвиқу тарғиби (рекламаи) соҳаи сайёҳӣ ва ҷойҳои саёҳат, зиёрат, фароғат, табобат ва тамошобоб тавассути васоити ахбори умум ва шабакаи интернет.

Ҳамин тавр, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии чеҳраи миллат ва фарҳанги он, пешрафтииқтисодиётикишвар, сатҳи зиндагии мардуми он ба ҳисоб меравад. Ҳар фарди бедордил ва ватандӯсту хештаншиноси кишварро мебояд, ки дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ барои боз ҳам зебову дилкаш гардидани Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ дода, барои ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ софдилона хизмат намояд.

Ҷабборов И. - декани факултети таърих ва ҳуқуқ номзади илмҳои таърих, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ