Имкониятҳои содиротии вилояти Суғд дар таҳкими ҳамкории иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз барои ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар, умуман, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.

Ба шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати кишвар рушди соҳаҳои воқеӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияи нави инноватсионӣ имкон фароҳам омад, ки раванди саноатикунонии мамлакат густариш пайдо карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш ёбад.

Барои дар амал татбиқ кардани ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ саноатикунонии кишвар, яъне аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони корхонаҳои азими тавлидкунандаи маводи хӯрокворӣ, коркарду бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, ресандагию бофандагӣ, алюминӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҷаҳду талош меварзанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар дохили мамлакат ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ коркардашуда, бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Дар 6 моҳи соли 2018 корхонаҳои саноатии кишвар ба маблағи 10 миллиарду 414 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 1 миллиарду 862 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 117 фоиз таъмин карда шуд.

Рӯзҳои 17-18-уми августи соли 2018 Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом дода шуд. Дар рафти мулоқот, ки дар фазои якдигарфаҳмӣ, гуфтугӯи ошкор ва созанда сурат гирифт, сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами вазъи имрӯзаи муносибатҳои байнидавлатӣ, дурнамои тавсеаи минбаъда ва таъмиқи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба, ки тамоми соҳаҳои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро фаро мегиранд, инчунин масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро ба тарзи муфассал муҳокима намуданд.

Президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ-гуманитарии байнидавлатӣ, инчунин тамоюли рушди мунтазам ва мутақобилан судманди ҳамкориҳоро байни ду кишвар бо қаноатмандӣ таъкид намуданд.

Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника “Артел” боздид ба амал оварда, бо фаъолияти ин коргоҳи саноатӣ шинос шуданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи “Артел” соли 2011 таъсис ёфта, асосан барои хоҷагии халқи ин кишвар таҷҳизоти электрикии рӯзғорро истеҳсол менамояд. Иқтидори истеҳсолии онҳо зиёда аз 5 миллион дона техникаи маишӣ ва 10 миллион дона лампаҳои каммасрафи барқӣ буда, дар маҷмӯъ 500 номгӯи маҳсулот бароварда мешавад.

Маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозори дохилӣ ва ба кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо содирот мегардад.

Дар Намоишгоҳи молу маҳсулоти миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Истеҳсоли Тоҷикистон” зиёда аз 60 корхонаи азими саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Ширкати “Талко гӯруҳ”, Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ғайюр семент” ва “Моҳир семент”, Ширкати “Фароз”, Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Шири Душанбе”, Корхонаи Воҳиди Давлатии “Ангишт”, “Намаки Ашт ва Хоҷамуъмин”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Қайроққум”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амирӣ”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маколли”, Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи “Оби зулол”, инчунин дигар корхонаҳои бузурги ватании соҳаи саноати маъдан, хӯрокворӣ, соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, масолеҳи сохтмонӣ, саноати ангишт ва саноати сабук ширкат варзиданд, ки маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистонро бо шиори “Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст” ба намоиш гузоштанд.

Намояндагони зиёда аз 50 корхонаю ширкатҳои ватанӣ, ҳамчунин молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, аз қабили маҳсулоти ресандагию бофандагӣ, нӯшокиҳои ташнашикан, қисмҳои эҳтиётии мошин, анвои хӯрокворӣ, маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, консерваи меваю сабзавот, меваи хушк, машрубот, нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти чарм, масолеҳи сохтмон, алюминий, пластикӣ, матоъ, либос, пойафзол, маснуоти заргарӣ, адрасу атлас, дару тиреза, мизу курсиҳо ва рахти хоб барои беморхонаҳо ва ҷевонҳо, профил ва трубаҳои металлӣ, ноқилҳои пастшиддат ва баландшиддат, намунаи ҳунарҳои дастии занону духтарон ва дигар молу ашё ба намоиш гузошта шуд. Ҳамзамон дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаи сайёҳии мамлакат, захираҳои об, дорусозӣ ва тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ ва маҳсулоти дастранҷи ҳунармандони мардумӣ муаррифӣ гардиданд.

Дар намоишгоҳи “Истеҳсоли Тоҷикистон” ҳамчунин даҳҳо намуди матои атласу адрас ва дигар намунаи ҳунари дастии занону духтарон, ба таври шоиста муаррифӣ карда шуданд.


Сифати баланди молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки дар бозори дохил ва хориҷ мизоҷони бештар пайдо намоянд. Зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхонаҳо ба ҳисоб меравад.

Истеҳсолоти саноатӣ – пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Иштироки фаъоли саноатчиёни Тоҷикистон дар намоишгоҳи молу маҳсулот дар Ӯзбекистон шаҳодати рушду пешрафти соҳа мебошад.

Натиҷаи муҳими ин намоиш пеш аз ҳама дарёфти шарикони боэътимод мебошад. Соҳибкорони Тоҷикистон бо муаррифӣ кардани молу маҳсулот инчунин барои ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо доираи соҳибкорону тоҷирони Ӯзбекистон ҳамкорӣ менамоянд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкории иқтисодии судманд дошта, дар рушду таҳкими он имкониятҳои бештар дорад. Афзоиши истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир дар вилояти Суғд метавонад заминаи густариши робитаҳои иқтисодии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида бошад.

Ҷадвали 1.

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Ӯзбекистон ва вилояти Суғд

Арзиш бо долл. ИМА

Вазни хос нисбат ба ҳаҷми умумӣ

бо %

Содирот

56 300828, 0

30, 2

Воридот

16 344483, 0

2, 5

Ҷадвали 2.

Имкониятҳои содиротии вилояти Сугд дар ҳамкории иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2018-2019

Номгӯ

2018

(млн. долл.)

2019

(млн. долл.)

Фарқ

(млн. долл.)

Афзоиш

бо %

Махсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла:

Хушкмева

Пиёз

4 147777, 0

2 081108, 0

1 300755, 0

5 473520, 0

2 478129, 0

2 222608, 0

1 325743, 0

397021, 0

921853, 0

32, 0

19, 1

71, 0

Калобаи пахтагӣ

819 232, 0

823 350, 0

4 118, 0

0, 5

Моддаҳои тарканда

121 471, 0

450 000, 0

328 529, 0

270, 5

Семент

4 979 465, 0

11 609 271, 0

6 629 806, 0

133, 2

Чарм

379 800, 0

519 200, 0

139 400, 0

36, 7

Бояд қайд намуд, ки комплекси меваю сабзавот ва консервакунонии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд ҳамчун звенои тараққикарда ба ҳисоб меравад. Ба ин зерсоҳа мавқеи муҳими таъминоти маҳсулоти хӯроквории барои саломатии аҳолӣ мавқеи муҳим рост меояд. Барои боғдорӣ ва сабзавотпарварӣ масоҳати басо калон ҷудо карда шудааст. Дар соли 2017 барои ҳамаи намудҳои хоҷагидорӣ ба заминҳои боғпарварӣ 65, 6 ҳаз. га ҷудо шуда буд. Аз ҷумла 56, 5 ҳаз. га. барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 9. 1 ҳаз. га. хоҷагиҳои аҳолӣ. Танҳо дар солҳои истиқлолияти давлатӣ масоҳати маскур дар вилоят 43. 1 ҳаз. га зиёд шудааст. Дар 8 соли охир тамоюлоти зиёдшавии ҳаҷми истеҳсолӣ меваю сабзавот дар ҷадвал оварда шудааст.

Ҷадвали 3.

Истеҳсоли меваю сабзавот дар ҳамаи категорияҳои

хоҷигидории вилояти Суғд дар солҳои 2010-2017, ҳаз. т.

Нишондиҳандаҳо

2010

2015

2016

2017

Тағирёбӣ

«+»

«-»

2017 с. бо % нисбат ба соли 2010

Мева-

ҳамагӣ

69, 7

46, 8

112, 7

123, 7

+54

177, 4

Аз ҷумла, тухмидор

17, 1

35, 2

32, 6

37, 5

+20, 4

219, 4

донакдор

48, 3

11, 4

79, 3

84, 4

+36, 1

175, 0

Ангур

37, 0

51, 9

55, 5

57, 1

+20, 1

154, 3

Сабзавот-ҳамагӣ

329, 5

440, 3

459, 0

480, 3

+150, 8

145, 7

Аз ҷумла

помидор

92, 7

102, 8

97, 7

107, 5

+14, 8

116, 0

Бодиринг

19, 1

26, 2

28, 4

28, 9

+9, 8

151, 3

Карам

7, 1

12, 8

13, 1

17, 2

+10, 1

242, 5

Манбаъ: Ҷадвал дар асоси ҳисобҳои муаллиф тартиб дода шудааст

Иқтидори корхонаҳои коркард дар вилоят ба ҳисоби миёна ба 13 ҳаз. т.–мева, 3 ҳаз. т.–ангур ва 21ҳаз. т.–таматро ташкил медиҳад, ки дар умум 45-50 ҳаз. т. ашёи хом мебошад. Намудҳои асосии ашёи хом инҳоанд: помидор 65%, зардолу15%, шафтолу 8%, ангур 6%, олу 0,5%, себ 7% ва дигар намуди маҳсулотҳо 2, 5%.

Имкониятҳои содиротии вилояти Суғд барои ҳамкориҳои минбаъдаи созанда ва мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, барои дурнамои дарозмуддат такони нав ва қавӣ шароити муфид фароҳам овардааст.

Таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни ду давлат пойдевори дуҷонибаи рушди устувори иқтисодии ҳар ду кишвар ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқҳои ба ҳам бародар ва ҳамсоя хоҳад гашт.

Дилором Абдуллозода, номзади илмҳои иқтисодӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ