Ифтихори мо

Олими сол-2018

Адабиётшинос ва мунаққиди маъруф Субҳони Аъзамзод зодаи шаҳри Конибодом мебошад ва таҳсили мактаби миёнаро дар шаҳри Исфара фаро гирифтааст. Баъди хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (алҳол ДМТ, солҳои 1988-1993) фаъолияташ ба сифати омӯзгори мактаби миёнаи №12-уми ба номи Ю. Бойзоқов ва гимназия-коллеҷи шаҳри Исфара оғоз гардид. Дар он давра Маркази илмиву фарҳангии “Паёми Ҳофиз”-ро таъсис дод ва вазифаи котибии масъули онро бар дӯш дошт ва фаъолияти илмиву адабӣ ва рӯзноманигориро ба роҳ монд. Аз соли 1999 то имрӯз дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров” ҳамчун муаллим, сармуаллим, дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба корҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқӣ машғул аст. Дар баробари ин ба сифати муовини декан оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии факултети филологияи тоҷик, докторанти кафедраи адабиёти муосири тоҷик, муовини директор ва ходими калони илмии Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои гуманитарӣ, сардори Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти пурсамареро ба роҳ монд. Алҳол мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мебошад. Дар мавзӯи “Ташаккули адабиётшиносии тоҷикии солҳои 30-40-уми садаи ХХ ва бозҷустҳои филологии Лутфулло Бузургзода” рисолаи номзадӣ дифоъ карда, унвони номзади илмҳои филологиро дарёфтааст. Рисолаи докториаш масъалаҳои таҳаввули афкори адабии тоҷик дар охири асри Х1Х ва нимаи аввали асри ХХ-ро дар бар мегирад. Дар меҳвари ҷустуҷӯҳои илмии Субҳони Аъзамзод масъалаҳои муҳиму мубрами таърихи адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик, сарчашмашиносӣ, муаммоҳои адабиёти гузаштаву имрӯза, адабиёти муосири форсӣ ва равобити адабии кишварҳои форсизабон, арзиши осори адабӣ ва илмӣ, шинохти шеър ва насри муосир, чеҳрашиносии шахсиятҳои адабиву илмиву фарҳангӣ, ҳамзамон таърих ва фарҳанги замони муосир қарор доранд. Муаммоҳо ва заминаҳои шаклгирии адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик дар асри ХХ, моҳияти афкори адибону адабиётшиносон дар шинохти суханварони гузаштаи форсу тоҷик ва мероси адабии онон, баҳсу мунозираҳои адабиётшиносӣ оид ба мероси адабии суханварони гузаштаи тоҷику форс ва ғайра дар тадқиқоти номбурда аз мавзӯъҳои меҳварӣ буда, бо такя ба манбаъҳои дараҷаи аввали илмӣ, адабӣ, дар асоси иттилооти бойгониҳо ва маводи матбуоти тоҷикии нимаи аввали садаи ХХ муқаррар шудаанд ва дар онҳо бисёр паҳлӯҳои ин мавзӯъ дар заминаи омӯзиши баҳси мероси суханварони номии гузашта Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон баррасӣ шудаанд. Субҳони Аъзамзод дар маҷмӯъ муаллифи беш аз 300 асари илмӣ, илмӣ-методӣ ва публитсистӣ, аз ҷумла рисолаҳои “Адабиётшиносии тоҷик ва ҷустуҷӯҳои илмии Лутфулло Бузургзода” (2009), “Адабиёт ва маърифати нақд” (2012), “Фурӯғи нақд” (2018) мебошад. Рисолаҳои “Адабиётшиносии тоҷик ва ҷустуҷӯҳои илмии Лутфулло Бузургзода”, “Адабиёт ва маърифати нақд” ва даҳҳо мақолаҳои ӯ дар меҳвари муаммои таҷдиди назар ба қазияи таърихи адабиёт ва нақди адабии тоҷикии садаи ХХ арзиши назаррас дошта, онҳо нуктаҳои муҳимеро дар заминаи масъалаҳои мубрами назарии таърихи адабиёт ва нақди адабӣ дар бар мегирад ва чеҳраи муаллифро ба сифати муҳаққиқи огоҳ аз равандҳои таърихи илми адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар давраи нав муаррифӣ мекунанд. Муҳаққиқи пурмутолиаву соҳибназар бо камоли огоҳӣ оид ба равандҳои назму насри муосир андеша меронад ва нуқтаи назарашро бо мӯшикофии хос манзури аҳли адаб ва ҳаводорони каломи бадеъ менамояд. Як силсила мақолаҳояш ба чигунагии такомули равандҳои адабиёти муосир ва нақди адабӣ бахшида шудаанд. Таҳлили осори адибони муосири тоҷик Муаззама Аҳмадова, Лутфӣ Саид, Додоҷон Раҷабӣ, Муҳиддин Хоҷазод, Муҳиб Қурбон, Нарзуллоҳи Азизиён, Абдуфаттоҳ Кулолӣ ва қаламкашони дигар, ки аз ҷониби ӯ хеле нуктасанҷона ва муҳаққиқона сурат гирифтааст, аз вуҷуди як нафари огоҳу хушсалиқа дар адабиёти мо дарак медиҳад. Баррасӣ ва шинохти фаъолияти илмии донишмандони тоҷик М. Шакурӣ, А. Сайфуллоев, В. Самад, А. Набавӣ, А. Ҳаким, А. Давронов, М. Мирзоюнус ва дигарон аз нигоҳи муҳаққиқ қобилияти хуби таҳлилу тасниф ва назарияпардозии ӯро ошкор мекунанд. Субҳони Аъзамзод нафари пурғайрату фаъол ва соҳибқаламу соҳибсухан аст. Ба ҷуз мақолаҳои зиёде, ки дар расонаҳои хабарӣ ба табъ мерасонад, дар ҷаласаву ҳамоишҳои донишгоҳиву вилоятӣ ва ҷумҳуриву байналмилалӣ (аз ҷумла Эрон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон) ширкат ва суханронӣ карда, таваҷҷӯҳи аҳли адабро ба муҳимтарин масъалаҳои адабиёт ҷалб менамояд. Бо саъю кӯшиши Субҳони Аъзамзод силсилаи китоб ва маҷмӯаи мақолаҳои “Баъд аз сари ганҷур”, “Бозомади хуршед”, “Фурӯғи андеша”, “Муждаи васл”, “Осорномаи Атахон Сайфуллоев” (ду нашр), “Посдорони насри муосири тоҷик”, “Абдураҳим Ҳоҷибоев: Осор ва пайкор”, “Рамзошнои маънӣ”, “Суханвари мумтоз”, “Номаи садоқат”, “Шарофати “Бухорои шариф”, “Ойина ва ойинадорон”, “Нерӯи сухан”, “Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо”, “Нақибхон Туғрал ва муҳити адабиву илмии нимаи дувуми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ”, “Дар пайроҳаи илм”, “Камоли одамӣ”, “Асрори сухан”, “Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти навини тоҷик”, “Оинадори нақди адабӣ”, “Сафинаи сухан”, “Фаррухрисолат”, “Армуғони “Ганҷи сухан” ва ғайра бо завқу салиқа ва ҳавсалаи хос таҳияву нашр шудаанд. Дар таҳияи матн ва таҳрири қомусҳои “Исфара”, “Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва даҳҳо китобу рисола ва маҷмӯаҳо ширкат варзидааст.

Дар озмунҳои донишгоҳии “Олими сол”-и 2015 ва 2017 сазовори ҷойҳои назаррас гашта, дар “Олими соли 2018” дар бахши илмҳои гуманитарӣ мақоми авввалро касб намуда, бо медал, диплом ва мукофоти пулии раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” қадршиносӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

​Қодиров Умедҷон Илҳомҷонович

Донишҷўйи соли панҷуми ихтисоси Эҷодиёти халқӣ (мусиқии созӣ)-и факултети санъат дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» аз тарафи шаҳри Хуҷанд баромад намуда, дар номинатсияи «Бехтарин навозиши якка» ғолиб дониста шуда, бо дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон ва бо сози мусиқии дутор мукофотонида шудааст.

Усмонов Паҳлавон Ботуралиевич

Соли 2018 донишҷўикурси IV ихтисоси сурудхонӣ (халқӣ)-и факултети санъат Усмонов Паҳлавон Ботуралиевич дар Фестивали мусиқии «Русская песня», ки бо ташаббуси Агентии федералӣ оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва оид ба ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ («Россотрудничество») баргузор гардид иштирок намуда, сазовори ҷои аввал гардидааст.

Валиев Ихтиёр Бахтиёрович

Донишҷӯи соли панҷуми ихтисоси манзаранависии дастгоҳӣ соли 2018 ҳамчун иштирокчии озмун аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дар номинатсияи «Рассоми беҳтарин» сазовори ҷои сеюм гардида, бо сипосномаи Раиси вилоят ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ қадршиносӣ гардидааст.

Абдуллоев Бунёд Воҳидович

Донишҷӯи соли шашуми ихтисоси манзаранависии дастгоҳӣ соли 2018 ҳамчун иштирокчии озмун аз ноҳияи Конибодом дар номинатсияи «Рассоми беҳтарин» сазовори ҷои дуюм гардида, бо сипосномаи Раиси вилоят ва мукофотпулӣ дар хаҷми 2000 сомонӣ сарфароз гардонида шудааст.

Тоҳирҷонов Мубинҷон Муродҷонович

Донишҷўи соли шашуми ихтисоси манзаранависии дастгоҳӣ иштирокчии озмун аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2018 дар номинатсияи «Рассоми беҳтарин» сазовори ҷои аввал гардида, бо сипосномаи Раиси вилоят ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ қадршиносӣ шудааст.

Асрор Воҳидов

Хатмкунандаи факултети тарбияи ҷисмонӣ Беҳтарин боксчии ҷаҳон байни ҷавонон (2012) ва ғолиби чандинкаратаи чемпионату мусобиқаҳои гуногуни оид ба бокс.

Кристина Пронженко

Хатмкунандаи факултети тарбияи ҷисмонӣ иштирокчии Бозиҳои Олимпӣ, ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаю чемпионатҳои ҷумҳурию байналмилалӣ оид ба варзиши сабук.

Комроншоҳи Устопириён

Хатмкунандаи факултети тарбияи ҷисмонӣ иштирокчии Бозиҳои Олимпӣ, чемпиони чандинкаратаи Осиё ва ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи дзюдо ва самбо.