Кафедраи забони тоҷикӣ

Телефон барои маълумот

Кафедраи забони тоҷикӣ аз куҳантарин кафедраҳои Донишгоҳ буда, асоси онро кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, ки соли таҳсили 1933-1934 таъсис ёфтааст, гузоштааст. Ҳайъати он дар даҳсолаҳои аввали мавҷудияташ тадриҷан афзуда, аз ду то даҳ нафар устод мерасад. Нахустомӯзгорони кафедра Ф.Абдуллозода, С.Мансуров, А.Оқилов, М.М.Явич, Б.Олимҷонов, Н.А.Алексеева, А.Турсунов, А.М.Беленитский буданд. Чанде аз онҳо (С.Мансуров, А.Оқилов, Б.Олимҷонов, А.Турсунов) солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба фронт рафта, ду нафари аввал дар роҳи дифои ватан ҳалок гардиданд. О.Орифӣ яке аз аввалин забоншиносони маҳаллист, ки соли 1944 дар ш.Тошканд рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 50-уми қарни ХХ саргаҳикамолоти кафедра маҳсуб мешавад. Устодони болаёқати кафедра Ф.Абдуллозода, Б.Олимҷонов, Қ.Тоҳирова, М.Турсунов ба аспирантураи Пажӯҳишгоҳи забон ва тафаккури ИҶШС дар ш.Москав дохил шуда, дар мавзӯъҳои мубрами шевашиносӣ (Қ.Тоҳирова, 1952), калимасозӣ (М.Турсунов, 1954) рисолаҳои номзадӣ дифоъ карданд.

Даҳсолаҳои 6-7-уми асри ХХ давраи ҷаҳиши кафедраи мазкур ба шумор меравад, яъне соли 1962 кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ба ду кафедраи мустақил: забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик ҷудо мешавад. Дар ин давра сафи олимону омӯзгорони кафедра аз ҳисоби ҷавонони болаёқат, чун Ф.Зикриёев, С.Ҳоҷиев, А.Давронов, А.Зоҳидов афзуда, дастурҳои таълимии худи омӯзгорони кафедраи забони тоҷикӣ интишор меёбанд ва сифати таълим беҳ мегардад. Дар ин давра аз ҷониби устодони алоҳидаи кафедра дар масоили мубрами морфология (Ӯ.Аҳмадова, 1961), таърихи забони адабии тоҷик (С.Ҳоҷиев, 1967), наҳви забони тоҷикӣ (Ф.Зикриёев, 1970), фразеология (Т.Мақсудов, 1973; Ҳ.Ҷалилов, 1974), забон ва услуби шоиру нависандагон (А.Абдуқодиров, 1974) рисолаҳои номзадӣ дифоъ карда шуданд.

Таъсисёбии аспирантура ва Шӯрои диссертатсионии назди ДДХ оид ба забон ва адабиёти тоҷик дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои 90-уми садаи ХХ боиси нерӯманд шудани иқтидори илмии кафедра гардид. Гурӯҳе аз устодони кафедра дар масоили мубрами таърихи забони тоҷикӣ (А.Давронов, 1980), калимасозӣ (А.Зоҳидов, 1992), вожашиносӣ (Н.Ҳикматуллоев, 1993), наҳви забони тоҷикӣ (Ӯ.Умаралиева, 1998; С.Кенҷаев, 1998), забони асари бадеӣ (М.Олимҷонов, 2002) рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд.

Миёнаи солҳои 80-ум устоди кафедра Ф.Зикриёев дар Шӯрои ҳи­мояи назди АИ ҶТ рисолаи докторӣ дифоъ кард. Ибтидои қарни ХХI кафедра дар пажӯҳиши мавзӯъҳои марбут ба таърихи забони тоҷикӣ, забони асари бадеӣ, шевашиносӣ муваффақиятҳои алоҳидае ба даст овард. Ҳимоя шудани рисолаҳои номзадӣ (Ю.Кенҷаев, М.Сатторова, Р.Каримхӯҷаева, С.Ӯзбеков, М.Маҳ­мудҷонова) ва докторӣ (А.Ҳасанзода) дар кушода гардидани гиреҳҳои масоили луғатнигорӣ, овошиносӣ, сарфу наҳв ва шевашиносии таърихӣ ёрии калон расонид.

Дар давоми мавҷудияти беш аз 50-солаи худ ҳайъати олимону омӯз­горони кафедраи забони тоҷикӣ дастовардҳои илмиву методии худро дар беш аз 70 монографияву дастури таълим ва зиёда аз 1500 мақолаи илмиву энсиклопедӣ ва илмию оммавӣ ба табъ расонидаанд. Бархе аз ин китобҳо аҳамияти илмии худро то ҳанӯз аз даст надодаанд, чун «Грамматикаи забони тоҷикӣ» (Синтаксис), «Таърихи забон­ши­носӣ» (Ф.Абдуллозода, 2009), «Лаҳ­ҷаҳои тоҷикони ноҳияҳои Бӯстон­ли­қи ҶШС Ӯзбекистон» (Қ.Тоҳи­рова, 1954), «Шаклҳои феълӣ бо ёриди­ҳандаи «истодан» дар забони ҳози­раи тоҷик» (Ӯ.Аҳмадова, 1961), «Лексика ва фразеологияи шеваҳои тоҷикони Исфара» (Т.Мақсудов, 1977), «Ҷумлаҳои пайрави тарзи амал ва монандӣ дар забони адабии тоҷик» (1976), «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» (ҷилди 2 ва 3, 1986; 1989), «Структурно-семантические особенности таджикского паратаксиса» ва ғ. (Ф.Зикриёев, 1986), «Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри ХХ» ва ғ. (С.Ҳоҷиев, 1987), «Каломи Камол» (А.Давронов, 1998, бо ҳаммуаллиф), «Таъсири забони русӣ ба калимасозии забони адабии тоҷик» (А.Зоҳидов, 2009), «Адиб, забон ва услуб» ва ғ. (Т.Шокиров, 2001), «Зикри нуқси сухан дар вожаномаҳои куҳан» (2001), «Унсурҳои луғавӣ ва сарфию наҳвии осори садаҳои Х-ХIII дар гӯиши Шимолӣ» (бахши Фарғонаи ғарбӣ) ва ғ. (А.Ҳасанов, 2003), «Фарҳанги Низом» ва мақоми он дар таърихи луғатнависӣ» (М.Сатторова, 2004), «Мухтасаре аз таърихи тахфиф» (Р.Каримхӯҷаева, 2004), «Хусусиятҳои луғавию услуби насри таърихӣ» (дар асоси эҷодиёти Сотим Улуғзода) ва ғ. (М.Олимҷонов, 2011) ва ғ.

Чанд соли охир дастовардҳои олимони кафедра дар маҷмӯаҳои алоҳида, чун «Равзанаи ирфон» (2008), «Аз наҳви сухан то ҷавҳари маъно» (2010), «Гулистони маърифат» (2012), “Шукӯҳи маърифат” (2013), “Мазҳари маонӣ” (2013), “Ахтари ирфон” (2014), “Сунъи беҳин” (2017), “Таҳаввули таърихии вожаҳои тоҷикӣ” (2017), “Сухан аз гавҳариёни сухан” (2017) ва ғ. аз чоп баромадаанд.

Хизматҳои арзандаву шоистаи омӯзгорони кафедра аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар сазовор қадрдонӣ шудааст ва таҳқиқоту таълифоти олимони кафедра аз ҷониби бонуфузтарин муассисаҳои илмии кишвар ва хориҷ аз он эътироф шудаанд. Профессор Ф.Зикриёев барои таълифи «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» (нашри академӣ) соли 2002 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника мегардад. Профессор А.Ҳасанзода барои таҳияи асари дуҷилдаи «Сомониён дар оинаи таърих» (Хуҷанд, 1998) сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (1999) ва барои таҳияи асари ҷомеи «Донишномаи Сомониён» (Ҷ.1. –Хуҷанд, 2008; Ҷ.2. -Хуҷанд, 2009) бо Диплом-Ифтихорномаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони бурунмарзӣ – «Пайванд» ва Ҷоизаи байналмилалии Бунёди Рӯдакӣ (Франсия) ва Фаридуни Манучеҳрӣ (Испания) мукофотонида мешавад (2010). Ҳамчунин А.Ҳасанзода соли 2018 бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф қадрдонӣ гардид. Дотсент С.Ҳоҷиев бо ордени “Шараф” (дараҷаи II, 2017) сарфароз гардид.

Нуктаи дигар низ гуфтанист, ки як қатор олимони кафедра дар вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарии Донишгоҳ фаъолият доштанд. Дотсент Т.Мақсудов чаҳоряк аср (1953-1978) вазифаи муовини ректор оид ба таълим, дотсент Қ.Тоҳирова беш аз даҳ сол (1960-1974) вазифаи муовини ректор оид ба илм, профессор А.Абдуқодиров давоми солҳои 1987-1995 вазифаи муовини ректор оид ба илм, дотсент М.Олимҷонов давоми солҳои 2008-2012 вазифаи мудири шӯъбаи илми Донишгоҳ ва солҳои 2013-2017 вазифаи декани факултети филологияи тоҷикро адо намудааст.

Дастпарвари кафедра, дотсент М.Сатториён (Сатторова) айни замон дар вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ – раиси ш.Гулистон фаъолият дорад.

Аз оғози таъсис кафедраро устодон Ф.Абдуллозода, М.Турсу­нов, Ф.Зикриёев, С.Ҳоҷиев, А.Зоҳи­дов, А.Абдуқодиров сарварӣ наму­да, айни замон ин вазифа бар дӯши доктори илмҳои филология, профес­сор А.Ҳасанзода вогузор шудааст.

Айни замон кафедра ба яке аз марказҳои бонуфузи тарбияи кадрҳои соҳибунвон табдил ёфта, ҳайъати он аз 2 доктори илм, профессор (А.Ҳасанзода, Т.Ваҳҳобов), 9 номзади илм, дотсент (С.Ҳоҷиев, Н.Ҳикматуллоев, С.Fаниева, М.Олимҷонов, С.Ӯзбеков, Ш.Раҳматов, З.Қӯрғонов, З.Абдуллоева, М.Хоҷаева)иборат аст.

Кафедра дар маҷрои татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» низ саҳми назаррас мегузорад. Мудири кафедра, доктори илмҳои филология, профессор А.Ҳасанов ба сифати аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Дар назди кафедра семинари илмию назариявии устодон ва маҳфили илмии “Асрори сухан” амал намуда, қироатхонаи “Оли Сомон” маркази корҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии донишҷӯён ба шумор меравад.

Устодони кафедра мунтазам дар конфронсу семинарҳои байнал­халқӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятиву донишгоҳӣ бо маърӯзаҳо баромад мекунанд.