Кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ

Телефон барои маълумот

Таъсиси кафедра ба қабули Қонуни забони тоҷикӣ (22 июли соли 1989) робитаи ногусастанӣ дошта, вазифаи пурифтихори он таълиму тадриси забони тоҷикӣ дар факултетҳои ғайрифилологӣ маҳсуб меёбад. Кафедра соли 1990 бо қарори Шӯрои олимони ДДХ ҳамчун кафедраи байнифакултетии забон ва адабиёти тоҷик ташкил гардидааст., Аввалин мудири он номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҳимҷон Тошматов таъйин шуда, мавсуф то охири соли 1995 ин вазифаро ба дӯш доштанд. Дар ин давра мувофиқи талаботи давру замон ба омӯзиши амиқ ва ҳадафноки забони тоҷикӣ чун забони дорои мақоми давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Бо мурури замон кафедра чанд маротиб тағйири ном намудааст. Солҳои 2006-2009 ҳамчун кафедраи услубиёт ва маданияти нутқ (дар ҳайати факултети забон ва адабиёти тоҷик) амал намуд. Соли 2010 аз кафедра соатҳои таълимии методикаи таълими забони тоҷикӣ, услубшиносӣ ва маданияти нутқ ба кафедраи навтаъсиси методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик интиқол дода шуда, унвони «Кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ» - ро гирифт.

Дар таърихи мавҷудияти кафедра олимон ва устодони маъруф (Р.Тошматов, Ф.Зикриёев, А.Абдуқодиров, С.ҳоҷиев, Т.Ваҳҳобов) ва омӯзгорони соҳибтаҷриба (С.Кенҷаев, А.Обидов, Ӯ.Умаралиева, С.Ҷӯраева, С.Ӯзбеков, Г.Маҳкамова, .Олимова, Б.Маҳкамова, М.Тоҳирова, Б.Осимова ва дигарон) фаъолияти илмию омӯзгории хешро ба ин боргоҳи таълиму тадриси забони ноби тоҷикӣ бахшида, дар омӯзиш, рушд ва инкишофи забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми хешро гузоштаанд. Кафедра тибқи нақшаи дурнамои фаъолият амал менамояд, ки зимни он вазифаҳои мушаххаси ҳалталаб, аз ҷумла: корҳои ташкилӣ, таълимӣ, тадқиқоти илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ, иртибот бо мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, татбиқи Қонун дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Кафедра муваффақ шудааст, ки раванди таълимро бо маводҳои таълимӣ (силлабус, КТМ – ҳо барои ҳар як ихтисос, барномаҳои таълимӣ ва корӣ, мусаввадаи дарсҳои амалӣ барои гурӯҳҳои анъанавӣ ва ғайра) таъмин намояд. Дар ин бахш зикри дастурҳои таълимии А.Абдуқодиров, А.Раҳмонов («Забони тоҷикӣ», Хуҷанд, 2008), Т.Ваҳҳобов ва Д.Бобоҷонова («Муқаддимаи лексикологияи забони тоҷикӣ», Хуҷанд, 2010) хеле бамаврид аст.

Чанд муддат фаъолияти таълимии кафедра (солҳои 2006-2009-ум, замоне, ки унвони кафедраи услубиёт ва маданияти нутқро дошт ва ба сохтори факултети филологияи тоҷик дохил мегардид) аз ду самти асосӣ иборат буд: а) таълими фанҳои тахассусӣ дар факултети филологияи тоҷик; б)таълими забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар факултетҳои ғайрифилологӣ. Кафедра тадриси фанни забони тоҷикиро дар факултетҳои ғайрифилологии донишгоҳ ва таълими фанҳои xудогонаи ихтисосиро дар факултети филологияи тоҷик таъмин менамуд. Дар ин давра фанҳои номенклатурии кафедра ба ду гурӯҳ ҷудо мешуданд: а) фанҳое, ки ба факултети филологияи тоҷик мансуб мебошанд: услубшиносӣ, асосҳои маданияти нутқ, усули таълими забони тоҷикӣ, ки аз тарафи устодони кафедра, чун номзади илмҳои филология, профессор А.Абдуқодиров, доктори илмҳои филология, профессор Т.Ваҳҳобов, дотсентон С.Ҳоҷиев, E.Умаралиева ва номзади илмҳои филология Ш.Раҳматов тадрис мегардиданд; б) таълими забони тоҷикӣ (дар аввал адабиёти тоҷик низ таълим дода мешуд) дар факултетҳои ғайрифилологӣ, ба ӯҳдаи 4 нафар дотсент (Б.Осимова, М.Олимxонов, Б.Маҳкамова, С.Иноятов), 6 нафар сармуаллим ва 14 нафар муаллим вогузор гардида буд. Минбаъд вобаста ба теъдоди соатҳои кафедра миқдори устодони он тағйир ёфтааст. Аз оғози соли таҳсили 2010-2011 мувофиқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ соатҳои фанҳои тахассусии марбути кафедра ба ду сохтор – кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ва кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ тақсим карда шуда, чанд нафар омӯзгорони кафедра ба сохтори кафедраи нав гузаронида шуданд. Минбаъд самти асосии фаъолияти кафедра ба тадриси забони тоҷикӣ дар факултетҳои ғайрифилологӣ равона карда шуд ва ин амр боиси баланд бардоштани фаъолияти омӯзгорони кафедра гардид. Аз замони таъсис то ба ҳол омӯзгорони кафедра кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки донишҷӯёни ихтисосҳои ғайрифилологиро бо нозукиҳои забони ноби тоҷикӣ ва қоидаҳои имлои он, вижагиҳои услубии забон ошно намуда, нутқи шифоҳӣ ва хаттии онҳоро такмил диҳанд.

Ҷиҳати дар сатҳи матлуб ва ҷавобгӯ ба талабот ба роҳ мондани сифати таълим дар назди кафедра семинарҳои илмӣ ва методӣ амал мекунанд, ки дар онҳо муҳимтарин масъалаҳои илмию методӣ мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. Афзун ба ин, дар факултетҳои ғайрифилологӣ маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «ҳусни сухан» фаъолият дорад. Дар ҷаласаҳои маҳфил дар баробари баромадҳои донишҷӯён маърӯзаву сӯҳбатҳои олимони забоншинос ва адибони шинохта низ доир мегардад. Маҳфили мазкур ҷиҳати гиромидошти забони давлатӣ, бедор кардани шавқи забономӯзӣ ва афзудани маданияти сухани шогирдон мусоидат мекунад ва дар ин бахш хидмати омӯзгорони кафедра шоистаи зикр ва таҳсин мебошад. Фаъолияти илмии кафедра яке аз бахшҳои муҳим ва таркибии нақшаи кории омӯзгоронро ташкил дода, дар заминаи барномаи дурнамои илмию тадқиқотии кафедра раҳандозӣ мегардад. Аз оғози ташкили кафедра то имрӯз масъалаҳои муҳими забони адабии тоҷик, усулҳои таълими он ва соири масоили дигар таваҷҷӯҳи омӯзгорони кафедраро ба худ ҷалб карда, мавзӯоти мазкур ба барномаи дурнамои илмӣ-тадқиқотии кафедра ворид карда шудаанд. Масалан, дар солҳои 2006-2011 ва 2010-2013 олимон ва омӯзгорони кафедра ба тадқиқи мавзуъҳои «Хусусиятҳои услубии воҳидҳои лексикию фразеологии забони тоҷикӣ» ва «Баъзе масъалаҳои забони тоҷикии адабӣ, сохтмони забон, маданияти нутқ ва луғатнигорӣ» машғул гардидаанд. Мавзӯи аввал мувофиқи Барнома шартан ба се самти таҳқиқ ҷудо шуда буд: а) тадқиқи масоили услуб ва шарҳи маънии калом дар фарҳангҳо; б) хусусиятҳои услубии калима ва таъбирҳо дар услуби бадеӣ; в) ҷамъоварӣ ва шарҳи маъноиву услубии калима ва таъбирҳои лаҳҷавӣ. Ба қисмати тадрисии барномаи мазкур таълифи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ барои мактабҳои олӣ ва таълимоти ҳамагонӣ ба нақша гирифта шуда буд.

Тадқиқ ва коркарди мавзӯи дувум «Баъзе масъалаҳои забони тоҷикии адабӣ, сохтмони забон, маданияти нутқ ва луғатнигорӣ» аз соли 2010 оғоз ёфта, дар атрофи он бо роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи доктори илмҳои филологӣ, профессор Т.Ваҳҳобов як зумра омӯзгорон, унвонҷӯён ва аспирантони кафедра, аз ҷумла, дотсентон С.Иноятов, Д.Бобоxонова, З.ҳомидова, М.Тоҳирова, Г.Юнусова, М.Ваҳҳобова, Д.Маюнусов, М.Ёрмирзоева, Ш.Темирова, Н.ҳусанбоев, Б.Алиева, А.Одинаев ва дигарон тадқиқот анҷом додаанд. Минбаъд натиxаи тадқиқотҳои илмии омӯзгоони кафедра ба сифати рисолаҳои номзадӣ, аз xониби Б.Маҳкамова, Б.Осимова, Ш.Раҳматов, С.Eзбеков, Д.Бобоxонова, С.Xeраева, Г.Маҳкамова, М.Неъматова, Ш.Ҳакимова, Г.Шарипова, З.Ҳомидова, Г.Юнусова, М.Калонова, А.Одинаев, Б.Элназаров мавриди дифоъ карор гирифтанд. Айни замон омӯзгорон ва унвонҷӯёни дигари кафедра Ш.Темирова, М.Тоҳирова, Н.Ҳусанбоев, Б.Алиева, М.Ёрмирзоева, С.Шарипова ба таҳқиқ ва таълифи рисолаҳои номзадӣ машғул мебошанд. То имрӯз чандин рисолаю асарҳои тадқиқотии устодони кафедра чоп шуда, дастраси аҳли илм гардидаанд. Дар баробари чопи рисолаю дастурҳо омӯзгорони кафедра дар атрофи масъалаҳои муҳим ва камтадқиқи забони тоҷикӣ тадқиқоти худро дар шакли мақолаҳо омода намуда, дар рeзномаю маxаллаҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ ба табъ расонидаанд. Афзун ба ин, аз ҷониби профессорон Т.Ваҳҳобов, А.Абдуқодиров, А.Давронов, С.Иноятов, Д.Бобоxонова, С.Ӯзбеков ва дигарон дастурҳои таълимӣ («Забони тоҷикӣ», «Услубиёти забони тоҷикӣ», «Муқаддимаи лексикологияи забони тоҷикии адабӣ», «Назаре ба асрори номҳо», «Мақоми мардони фарҳанг дар забоншиносии тоҷик», «Луғати мухтасари тоҷикӣ-ӯзбекӣ-русии истилоҳоти забоншиносӣ», «Шевашиносии тоҷик» ва ғ.) омода ва ба табъ расонида шудаанд.

Баробари гузаронидани корҳои таълимӣ ва илмӣ дар бахши тарбия чорабиниҳои мушаххас созмон дода шуда, кафедра ба дастовардҳои чашмрас ноил гардидааст. Аъзоёни кафедра дар чорабинию ҷашнвораҳои сатҳи донишгоҳ, шаҳру вилоят иштироки фаъолона менамоянд. Омӯзгоони кафедра дар сатҳи донишгоҳ ва факултетҳои ғайрифилологӣ чорабиниҳои ҷашнӣ, аз қабили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Соли тамаддуни ориёӣ, 1150-солагии устод Абeабдуллоҳ Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имом Аъзам, Рӯзи забони тоҷикӣ, Рӯзи омӯзгорон, ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон, Соли Оби тоза, Рӯзи Парчами умҳурии Тоҷикистон, ҷашнҳои 70-солагӣ, 80-солагӣ ва 85-солагии донишгоҳ, Иди Ғалаба, Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва ғ. доир намудаанд. Ҳамчунин омӯзгорони кафедра дар хобгоҳҳои донишҷӯён, бахусус дар хобгоҳи духтаронае, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, навбатдорӣ намуда, ҳамроҳи донишҷӯён чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ мегузаронанд. Кафедра бо Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои олии кишвар, муассисаҳои миёнаи касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят ҳамкорӣ менамояд. Омӯзгорони кафедра дар конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ғ. фаъолона ширкат меварзанд. Аз замони таъсиси кафедра устодон ва олимони шинохта дотсент Тошматов Р., дотсент ҳоҷиев С., доктори илмҳои филологӣ, профессор Зикриёев Ф., номзади илмҳои филологӣ, профессор Абдуқодиров А., доктори илмҳои филологӣ, профессор Ваҳҳобов Т., номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ӯзбеков С., номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бобоҷонова Д. вазифаи мудирии кафедраро ба зимма доштаанд. Айни замон иҷрокунандаи мудири кафедра номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зоиров Ҳ. мебошад. Ҳоло дар ҳайъати кафедра 1 нафар доктори илмҳои филологӣ, профессор (Т. Ваҳҳобов) ба ҳайси мушовир, 9 нафар номзади илмҳои филологӣ, дотсент (Олимова Ҳ., Маҳкамова Б., Муҳаммадиев Ш., Осимова Б., Иноятов С., Зоиров Ҳ., Ҳомидова З., Бобоҷонова Д., Маҳмудҷонова М.) 2 нафар сармуаллим (Одинаев А., Темирова Ш.), 3 нафар муаллим (Ҳусанбоев Н., Алиева Б., Ёрмирзоева М.) ва 1 нафар муаллим-коргузор (Шарипова С.) фаъолият доранд.