Кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика

Телефон барои маълумот

Дар оғози солҳои 70-ум аз сабаби зиёд гардидани талабот ба омӯзгорони фанни физика ва кушода шудани ихтисосҳои нав, зарурияти ҷудо кардани кафедраҳои алоҳидаи физикаи умумӣ, физикаи назариявӣ ва услуби таълими физика пайдо гардид. Кафедраи физикаи назариявӣ чун кафедраи мустақил, соли 1974 таъсис ёфта буд. Сарварии кафедраи навбунёд ба номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Осимов Акмалхон Зайниддинович супорида мешавад. Устодони кафедра, номзадҳои илми физика - математика, дотсентон Файзиев Э., Саидов Ҳ. Р., Раупов А., номзади илмҳои техникӣ, сармуаллим Абдуллоев Ҳ. ва сармуаллимони соҳибтаҷриба Раззоқов А., Рустамов М., Лёвкин Б.П. ва Попов В.И. иҷрои корҳои таълиму тарбия ва гузориши тадқиқотҳои илмӣ-методиро ба сомон мерасониданд.

Соли 1975 мувофиқи озмун ба ҳайати кафедра номзадҳои илмҳои физика – математика, дотсентон Насриддинов М. ва Латипов Ҷ. шомил гардида, потенсиали илмию омӯзгории кафедраро ғанӣ мегардонанд. Аз соли 1977 ба сарварии кафедра мутахассиси пурмаҳорат, яке аз олимони намоёни соҳаи физикаи назариявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Насриддинов М. таъин мегардад. Дере нагузашта ҷомеаи кафедраро як муҳити илмию фаъолияти тадқиқоту эҷодӣ фаро мегирад. Олим ва омӯзгори варзида, профессор Насриддинов М. дар тӯли солҳои зиёд вазифаи декани факулта ва солҳои 1993-1994 вазифаи ноибректори донишгоҳ доир ба корҳои тарбиявиро дар ӯҳда дошт. Дар тӯли фаъолияти кафедра устодони он барои рушду нумӯъи Донишгоҳ ва факулта хизматҳои зиёде ба харҷ дода буданд. Яке аз устодони варзидаи кафедра Саидов Ҳайдар Раҳматович солҳои тӯлонӣ вазифаи ноибректори донишгоҳ доир ба корҳои илмию таълимиро дар ӯҳда дошт. Эшон фаъолияти пурсамари худро дертар дар вазифаи декани факулта, мудири кафедра ва профессори кафедра идома медиҳад. Профессор Латипов Ҷ.Л. дар тӯли 14 сол вазифаи масъулиятноки декани факултаро бо сарбаландӣ иҷро намуд. Устоди маъруф, ташкилотчии беҳамто Усмонов Ғ. солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои мудири шӯъбаи илм ва таълим, ноибректори донишгоҳ доир ба корҳои иҷтимоӣ, тиҷорат ва тарбия, сипас солҳои 2012-2014 вазифаи ректори Донишгоҳро ба ўҳда дошт. Кафедраи услуби таълими физика ва технология дар соли хониши 1974 – 1975, барои такмил ва густариши услуби таълими физика таъсис ёфта буд. Аз оғози таъсисёбии кафедра, сарварии он ба дӯши устоди нуқтасанҷ, яке аз поягузорони факулта шодравон Ҳомидов Тоҷӣ Ҳомидович гузошта мешавад. Муаллимони кафедра, устодони соҳибтаҷрибаю донишманд Муродов Р., Сулаймонова З., Насруллоева М., Сатторов А., Маҳмудов О., Алиқулов X., Шодиев А., Крикун А.П., Обидҷонов Ғ. ва дигарон, ҳамроҳи коркунони ёрирасони кафедра, шахсони мӯътабару хоксор Бородавкин И.М., Парфенова Т.И. барои босифат гузаштани машғулиятҳо тамоми донишу маҳорати хешро сарф менамуданд.

Соли 1977 ба вазифаи мудири кафедра, собиқ хатмкунандаи факулта, номзади илм, дотсент Абдуллоев X.А. таъин мегардад. Дар солҳои 1987 – 1998 мудири кафедраи услуби таълими физикаро, хатмкунандаи факулта, номзади илм, дотсент Исоқов Э. ба ӯҳда мегирад. Дар ин давра низ ба масъалаҳои самаранок гардонидан натиҷаҳои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, баланд бардоштани донишандӯзии шогирдон ва ташкили манфиатноки таҷрибаомӯзиҳо эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Аз соли 1998 яке аз шогирдони собиқи факулта, мутахассиси намоёни соҳаи таърихи илмҳои дақиқи ҷумҳурӣ, доктори илм, профессор Абдуллозода Хуршед Файзуллоевич фаъолияти илмию омӯзгории худро дар ҳайси мудири кафедраи донишгоҳ идома медиҳад. Аз моҳи ноябри соли 2011 кафедраи физикаи назариявї бо кафедраи методикаи таълими физика якҷоя карда мешавад ва сарварии кафедра ба ӯҳдаи профессор Файзиев И. гузошта мешавад. Солҳои минбаъда вазифаи мудири кафедраро дотсент Ҳоҷибоев А. Қ. (2013 - 2014), сармуаллим Умаров Н. Н. ( 2014 – 2015), сармуаллима Тошхоҷаева Л.(2015-2018) иҷро намудаанд. Аз январи соли 2018 оғоз намуда вазифаи мудири кафедра ба зиммаи номзади илмҳои физикаю математика Шерматов Ш.М. гузошта шудааст.