Кафедраи назарияи иқтисодӣ

Телефон барои маълумот

Кафедраи назарияи иқтисод (то соли 1996 «Иқтисодӣ сиёсӣ») ҳамчун ҷузъи мустақил дар таркиби сохтори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров соли 1967 ташкил шудааст. Нахустин мудири кафедра дотсент Куприянов В. С. буд. Дар солҳои мухталиф роҳбарии кафедраро устодони болаёқат ва пуртаҷриба Ҷалилов Т. Ҷ., Қурбонов А. А., Аюбов А. А., Раҳимов А. М., Маҷидов А. М., Абдуғафоров А. А. дар ўҳда доштанд. Ҳоло вазифаи мудири кафедра ба зиммаи д.и.и., профессор Исмоилов М. М. гузошта шудааст. Дар муваффақиятҳои ба даст овардаи кафедра саҳми устодони пуртаҷриба Азизов Ф.Ҳ., Розиқов А., Қаюмов А.. Абдусамадов Ғ., Хоҷаев С., Исмоилов М., Баротова Н., Самадова Н., Бобокалонова Д., Ҳайдаров Б., Сайдуллоева Д., Норҷигитов Р., Узоқова Г., Усмонова Ш., ки солҳои мухталиф дар кафедра фаъолияти корӣ бурдаанд, хеле калон мебошад.

Устодони кафедра барои такмил додани раванди таълим ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос саҳми арзанда мегузоранд. Дар кафедра аз «Назарияи иқтисод», «Таърихи афкори иқтисодӣ», «Иқтисодиёти ҷаҳон», «Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ», «Асосҳои алоқаи иқтисодии бурунмарза» ва «Асосҳои назарияи иқтисод» дарсҳои амалӣ ва лексионӣ гузашта мешаванд. Барои фанҳои тобеи кафедра аз тарафи устодон барномаҳои таълимӣ мувофиқи талаботи имрўза тайёр карда шудаанд. Инчунин барои беҳтар намудани сифати азхудкунии раванди таълим дар кафедра дастурҳои методӣ тартиб дода шудаанд, ки он ҳамаи самтҳои таълимию методиро дарбар мегирад.

Дар кафедра барои тайёр кардани кадрҳои илмии соҳибунвон диққати хос дода мешавад. То имрўз ҳимояи рисолаҳои доктории Т. Ҷ. Ҷалилов (1989), Раҳимов А. М. (2000), Исмоилов М., (2007)ва рисолаҳои номзадии Аюбов А. А. (1980), Узоқова Г. М., Сайдуллева Д. К. (2011) Носирҷонова М., Сатторова М. (2018) сурат гирифтанд. Рисолаҳои докторию номзадӣ барои ҳалли муаммоҳои иқтисодии муосири ҷумҳурӣ равона карда шудаанд. Умуман, саҳми устодон дар равнақи илм назаррас мебошад. Корҳои илмии кафедра аз аввал то ин давра муаммоҳои гуногуни ислоҳоти иқтисодиро дарбар мегирад. Дурнамои илмии кафедра дар солҳои 2016-2020 ба таҳқиқи масъалаҳои «Рушди устувории иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» ихтисос ёфта, фаъолияти устодон ба ҳалли ин муаммои замонавӣ равон карда шудааст. Оид ба муаммоҳои мубразми рўз дар тўли беш аз 45 соли фаъолияти илмӣ монографияҳо, мақолаҳо ва фишурдаҳои сершумор чоп шуданд. Устодони ҷавон дар конфронсҳои гуногуни илмӣ фаъолона иштирок мекунанд. Аз ҷумла, муаллимон Шарипова Д., Сатторова М., Муҳсинова П. дар конфронси олимони ҷавони ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳ фаъолона иштирок ва баромад карданд. Ҳоло дар кафедра ду МИД пурра оид ба фанҳои иқтисодӣ амал мекунад. Устодони кафедра дар корҳои ҷамъиятии факултет, донишгоҳ, шаҳр ва вилоят фаъолона иштирок менамоянд. Ҳоло коллективи кафедраи назарияи иқтисодӣ тамоми саъю кўшишро барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос равона карда истодааст.