Кафедраи Таърихи умумӣ

Телефон барои маълумот

Таълими фанҳои таърихи умумӣ аз солҳои аввали ташкилёбии шӯъбаи таърих оғоз ёфта буд. Ҳариб ҳамаи устодоне, ки аз фанҳои таърихи умумӣ дарс мегуфтанд, русзабон буданд. Ин боиси он гардид, ки ҷавонони болаёқати маҳаллӣ дар оғоз ба сифати тарҷумон ва минбаъд ба ҳайси муаллим ба кор ҷалб карда шаванд. Дар он солҳо тайёр намудани омӯзгорони таърих ба зиммаи як кафедра – кафедраи таърих гузошта шуда буд. Аввалин мудирони кафедраи таърих дотсентон Путирский Е.П. (с. 1941-1943) – мутахассиси таърихи феодализм, Беркович М.Е. (с. 1943-1946) – мутахассиси таърихи асрҳои миёна, сармуаллима Барак Михайловна Бронислава (с. 1941-1944) – мутахассиси таърихи ИҶШС буданд, ки дар ташкили кори таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод саҳми калон гузоштаанд. Дар он солҳо аз фанни таърихи дунёи қадим дотсент Гренадер Б.М., аз таърихи асрҳои миёна дотсент Беркович М.Е., аз таърихи навтарини мамлакатҳои Аврупо ва Америка дотсент Мартиросов С.З., аз таърихи навтарини мамлакатҳои Осиё ва Африка дотсент Гренадер Р.Б. ва дигарон дарс мегуфтанд, ки аксари онҳо дар солҳои Чанги Бузурги Ватанӣ аз донишгоҳу муассисаҳои илмии марказӣ ба шаҳри Ленинобод сафарбар карда шуда буданд.

То ташкилёбии кафедраи алоҳида дар солҳои 50-60 – уми асри гузашта аз фанни таърихи умумӣ мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ профессорон, доктори илмҳои таърих Султонов Шукур Муллобоевич, Рӯзиев Турғун, Ҳодиров Абдумаҷид, Акрамов Наримон Мансурович, дотсентон Охунов Шавкат Маҳмудович, Дӯстматов Абдумаҷид, сармуаллимон Алиматов Абдулло, Каримов Умар, Солиев Алиҷон дарс таълим медоданд. Ҳобили қайд аст, ки баъдан ба ҳалқаи устодоне, ки аз фанҳои таърихи умумӣ дарс мегуфтанд, сармуаллимон Отаев Салоҳиддин, Шаҳобиддинов Камолиддин, Исҳоқӣ Мубашир Баширхонович пайвастанд.

Дар асоси фармони Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон аз 10 июни соли 1977 кафедраи мустақили таърихи умумӣ таъсис дода шуда, ба феҳристи таълимии кафедра фанҳои зерин дохил гардиданд:

таърихи дунёи қадим, таърихи асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарини мамлакатҳои Аврупо ва Амрико, таърихи нав ва навтарини мамлакатҳои Осиё ва Африқо, таърихнигории таърихи нав ва навтарин, курсҳои махсус (тибқи қарори Шӯрои олимон), корҳои курсӣ ва санҷишӣ аз фанҳои таърихи умумӣ.

Ҳангоми таъсисёбии кафедра дар ҳайати он устодони соҳибтаҷриба дотсентон Ш.А.Аҳмадов ва Д.Деҳқонов, сармуаллимон С.Отаев, К.Ш.Шаҳобиддинов, А.Бобокалонов, муаллим Ҷ.Г.Гулбеков, сарлаборант А.Юсупов фаъолият доштанд. Дар ташкил ва бо мутахассисони баландихтисоси омӯзгорӣ таъмин намудани кафедра саҳми олими шинохта профессор Ш.А.Аҳмадов калон буда, мавсуф дар давоми 10 сол (1977-1987) вазифаи мудирии кафедраро дар ӯҳда дошт.

Дар солҳои 1987- 1991 вазифаи мудирии кафедра ба зиммаи олими шинохта Д.Деҳқонов вогузор буд. Моҳи ноябри соли 1991 бо мақсади такмили минбаъдаи раванди таълими таърихи мамолики хориҷӣ кафедраи таърихи умумӣ ба ду кафедраи алоҳида: кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва услуби таълими таърих (мудири кафедра дотсент Д.Деҳқонов ва дар солҳои 1992-1995 дотсент Ҳ. Тоатов) ва кафедраи таърихи наву навтарини мамлакатҳои хориҷӣ (мудири кафедра дотсент А.Бобокалонов) тақсим карда шуд.

Моҳи декабри соли 1995 дар сохтори кафедраҳои мазкур тағйирот ба миён омада, кафедраҳои номбурда аз нав бо номи кафедраи таърихи умумӣ муттаҳид карда шуданд. Мудири кафедраи навтаъсис дотсент А.Бобокалонов таъин гардид ва ӯ то соли 1999 дар ин вазифа фаъолият дошт. Солҳои 1999-2003 вазифаи мудирии кафедраи таърихи умумӣ ба ӯҳдаи профессор Ш.А.Аҳмадов вогузор шуда буд. Аз Солҳои 2003-2015 мудири кафедраи таърихи умумӣ дотсент Р.Р.Юлдошев. Аз соли 2015 инҷониб д.и.т., профессор И.А. Мамадалиев мудири кафедра мебошанд.

Охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум дар кафедра фаъолияти дотсентон Ҳоҷиев А., Наврӯзов Т.С. ва Акрамова Х.Ф. оғоз ёфта, минбаъд ҷавонони болаёқат Мамадалиев И. ва Ҳурбонов А. ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Кафедра дар самти фаъолияти нашрӣ, ба чоп омода намудани рисолаҳо, китобҳои дарсӣ, дастуру васоити ёрирасони таълимӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонид.

Бо назардошти соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло аъзоёни кафедра оид ба муаммои «Густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ» корҳои илмӣ тадқиқотӣ бурда истодаанд. Асари олимони кафедра, дотсентон Тоатов Ҳ.С. ва Юлдошев Р.Р. «Хатлон дар масири таърих», ки ба ифтихори ҷашни 2700-солагии Кӯлоб таҳия гардида буд, соли 2008 ба Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Б.Ғафуров дар соҳаи илм сазовор гардид.

Аз тарафи устодони кафедра барномаҳои таълимӣ аз фанҳои таърихи дунёи қадим, таърихи асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарини мамлакатҳои хориҷӣ, муносибатҳои байналхалқӣ аз нав таҳия гардида, як силсила дастурҳои илмӣ-методӣ, аз қабили «Марҳилаҳои такмили Конститутсия (Сарқонун)- нишони камолоти давлатдории навини тоҷик» «Александр Македонский», «Таърихи маданияти Шарқи қадим», «Сабабҳо ва муттаҳидшавии Олмон», «Ҷанги дуюми ҷаҳон ва сабақҳои он», «Конструкция границы, наӣии и политического института в имперском пространстве: Россия и Центральная Азия вторая половина XIX-начало XX вв.», «Политика административного строя Восточной Бухары в трудах русских исследователей», «Таърихи навтарини мамлакатҳои Осиё дар солҳои 1945-2010», аз тарафи профессор Аҳмадов Ш.А. силсилаи саволу ҷавобҳо аз фанҳои таърихи умумӣ дар шакли китобча ба табъ расиданд.

Дар соли 2012 бахшида ба 80-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров китобҳои профессор Ш.Аҳмадов бо номи «Пайраҳаҳои ҳаёт, замон ва одамон» ва дотсент Наврӯзов Т.С. (бо ҳаммуаллифӣ) бо номи «Хитойреза» (Хуҷанд, 2011, 267 саҳ.) интишор ёфтанд.

Профессор Аҳмадов Ш. А. дар ҳалқаи шогирдон

Аз тарафи аъзоёни кафедра дар зарфи 34 соли фаъолияти кафедра бештар аз 20 монография ба табъ расонида шуданд. Аъзоёни кафедраи таърихи умумӣ дар зиёда аз 300 конфронсҳои умумидонишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок доштанд. Аз ҷумла танҳо дар соли 2011 4 адад монография илмӣ (18,6 ҷузъи чопӣ), 5 адад дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ дар ҳаҷми 32,1 ҷузъи чопӣ, 16 адад мақолаи илмӣ (7,8 ҷузъи чопӣ) ва 5 адад фишурдаи маърӯзаҳои илмии онҳо дар ҳаҷми 0,4 ҷузъи чопӣ ба нашр расиданд. Соли 2011 бори нахуст дар ҷумҳурӣ китоби дарсии дотсент Тоатов Ҳ.С., «Таърихи Юнони қадим» барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ аз чоп баромад.

Аъзоёни кафедра дар конфронс ва семинарҳои минтақавию байналхалқӣ фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, дотсент Бобокалонов А. ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ҳайати расмии намояндагони парлумони ҷумҳурӣ ба ҷумҳуриҳои Ҳиндустон ва Африқои Ҷанубӣ сафар карда, пиромуни он китоберо ба нашр омода намудаанд. Дотсент И.Мамадалиев дар ҳамоишҳои дар ҷумҳуриҳои Ҳирғизистон, Ҳазоқистон, Федератсияи Русия, Туркия, Олмон ва Англия баргузоршуда фаъолона ширкат варзид.

Дар зарфи 34 сол дар кафедра 2 нафар профессор, 9 нафар номзади илм ба воя расиданд. Кафедра дар тайёр намудани кадрҳои ҷавон саҳми назаррас дорад. Соли 2018 омӯзгори кафедра Ҳусенов Ф. рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуд.



Дар ин давра чанд аъзои кафедра ба вазифаҳои роҳбарикунандаи донишгоҳ ва ҷамъиятиву давлатӣ пешбарӣ гардиданд, аз ҷумла дотсент А. Бобокалонов тайи солҳои 2005-2010 мақоми ифтихорӣ- вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ӯҳда дошт. Дар соли 2010 барои фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ ва илмӣ - тадқиқотӣ дотсентон Ҳоҷиев А. ва Тоатов Ҳ. ва дар соли 2012 дотсент Юлдошев Р. бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Глобуси таърихи» бо роҳбарии муаллима Пӯлотова А. амал мекунад, ки бо ибтикори он ба ифтихори ба ҷашнҳои миллӣ чорабиниҳо, мизҳои мудаввар, мулоқотҳо бо собиқадорони маориф, маҳфилҳои ёдбуди устодон, экскурсияҳо ба ҷойҳои таърихӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Донишҷӯён дар зиёрати мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб

Имрӯзҳо дар кафедраи таърихи умумӣ доктори илмҳои таърих, профессор И.Мамадалиев, барандаи Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Р.Р.Юлдошев, дотсентон Т.С.Наврӯзов, А.Аюбов, номзади илмҳои таърих, муаллими калон Ф.Ҳусенов, сармуаллима Н.Ғ. Рофиева, муаллима А.Пӯлотова, коргузор Т.Шарипова фаъолияти илмӣ-омӯзгории пурсамарро муваффақона пеш мебаранд.