Кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ

Телефон барои маълумот

Кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ. Кафедра сараввал бо пешниҳоди Шўрои олимони Донишкадаи менеҷмент ва технологияҳои компутерӣ ва дар асоси қарори Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо фармони ректори Донишгоҳ таҳти №109 аз 23-юми сентябри соли 2003 ба номи кафедраи телекоммуникатсия ва радиоэлектроника таъсис дода шудааст. Минбаъд бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз 28-уми сентябри соли 2017 бо назардошти фанҳои марбути кафедра номи кафедра ба системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ тағйир дода шуд. Кафедраи мазкур аз рӯи ихтисоси 1-45 01 01- “Системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ” мутахасисонро тайёр менамояд. Дар кафедра 2 нафар номзади илмҳои техникӣ ва номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, 2 нафар сармуаллим, 5 нафар муаллимон буда ва ҳамагӣ аз рўи 37 номгўи фанҳо машғулиятҳои таълимӣ, лабораторӣ ва амалиро мегузаронанд.

Дар назди кафедра лабораторияҳои “Системаҳои коммутатсионӣ” ва “Системаҳои ирсоли маълумотҳо” амал мекунанд, ки якчанд таҷҳизотҳои коммутаторӣ, яъне сектори истифодабарии SSS, BS, ва BSC-и коммутатори алокаи мобилӣ, таҷҳизотҳо ва материалҳои SIEMENS HUAWEI ҷойгир шудаанд. Ба кор шурӯъ намудани стансияи координати автомати телефонии АТСК-50/200 фаъолияти фикрии донишҷӯёнро афзун гардонид. Ширкати «Индиго - Тоҷикистон» бошад, барои таъмин намудан бо қувваи барқ сектори истифодабарии SSS, BS, ва BSC ва коммутатори алоқаи мобилӣ, таҷҳизотҳои SIEMENS ва HUAWEI 24 дона аккумулятор бо шиддати умумии 48 волта ва якчанд таҷҳизотҳои соҳаи телекоммуникатсияро тўҳфа намуд. Дар ин лабораторияҳо донишҷӯёни ихтисосҳои системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ машғулиятҳоро аз фанҳои асосҳои телекоммуникатсия, системаҳои бисёрфунксионалии воридшавӣ ба шабакаи алоқа, теллекоммуникатсия ва шабакаҳо, системаи коммутатсионии рақамӣ, асосҳои диагностикаи системаи телекоммуникатсионӣ, шабакаи маҳаллӣ, системаи идоракунии шабакаи дастрасии ахбор, хадамоти иттилоотии алоқа, лоиҳагирии системаҳои телекоммуникатсионӣ, шабакаи дастраскунии ахбор меомӯзанд ва таҷрибаомӯзии технологӣ бо ин таҷҳизотҳо гузаронида мешаванд.

Аз тарафи устодони кафедра то имрӯз зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ ва 30 дастури таълимӣ- методӣ таҳия ва аз чоп баромадаанд. Умуман, устодони факултет кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мутахассисони болаёқат ва ҷавобгӯ ба талаботи замонро тарбия намуда, дар пешрафти иқтисодиёти ватанамон саҳмгузор бошанд. Имрӯзҳо хатмкардагони факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар тамоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолият дошта, дар рушду нумӯи кишварамон саҳмгузорӣ намуда истодаанд.