Кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ

Телефон барои маълумот

Кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ соли 1967 ба ҳайси яке аз ҷузъу томҳои асосии сохтории ДДОЛ ба номи С.М.Киров таъсис ёфтааст. Аз соли 1996 кафедра дар назди факултети филологияи рус амал карда, аз соли 2002 боз ҳамчун ҷузъи мустақили умумидонишгоҳӣ фаъолият мебарад.

Дар таъсису ташаккули кафедра олимони маъруф М.И.Стаменова, Е.С.Белякина, М.М.Абдувалиева, А.А.Нелипа саҳми назаррас гузоштаанд. Маҳз онҳо тайёрии кадрҳои илмию педагогии кафедраро поягузорӣ кардаанд. Дар ин солҳо дар кафедра корҳои мунтазами илмӣ ва илмию методӣ идома ёфтанд. Ба қалами кормандони кафедра як қатор рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, мақолаҳои сершумор мансубанд, ки дар маҷаллаҳои ватанию хориҷӣ нашр гардидаанд.Соли 1973 дар ҳаёти ҷомеаи меҳнатии кафедра нашри якумин китоби дарсии «Книга для чтения по русскому языку» (барои донишҷӯёни гурӯҳҳои миллии мактабҳои олӣ) таҳти роҳбарии методисти маъруф, муаллимаи хизматнишондодаи ҷумҳурӣ, номзади илмҳои педагогӣ, профессор М.М.Абувалиева воқеаи муҳим гардид.

Саҳми мутахассисони баландихтисос, педагогҳои барҷаста Р.С.Клеблеева, В.В.Афанасьева, Х.А.Ортиқова, П.С.Овсяникова, В.И.Овясников, Р.М.Хоҷаева, М.И.Ботурова, С.И.Султонова, С.А.Комилова, Г.Б. Мушеев, В.Г. Гапоненко, Г.Г.Муллабаева, Р.М Чикирова, В.В. Голованова, С.М. Емелянова ва бисёр дигаронро дар тарбияи кадрҳо махсус қайд кардан лозим аст. Ҷомеаи меҳнатии кафедра дар тарғибу ташвиқи забони русӣ, дар қалби ҷавонон парваридани меҳру муҳаббат, шавқу ҳавас ва эҳтиром нисбат ба забони русӣ, нақши муҳим бозиданд. Дар давоми ин солҳо кафедра бо олимони Пажӯҳишгоҳи забоншиносии АУ ИҶШС, Пажӯҳишгоҳи забони русии ба номи А.С.Пушкин ҳамкории зич доштанд. Пажӯҳишгоҳи забони русӣ махсусан дар таъмини кафедра бо рисолаҳои олимони барҷаста, маводи илмӣ, маҷмӯаи маърўзаҳои илмӣ, қомусҳо, маводи дидактикии нашриёти «Русский язык» мадади зиёд кардааст. Дар машварат ва конфронсҳои умумиитифоқие, ки бо ташаббуси ҳамин донишкада дар минтақаҳои гуногуни собиқ мамлакатамон баргузор мегардид, соле 3-4 маротиба дотсенти кафедра Асимова Б.С ҳамчун аъзои кумитаи маорифи халқи СССР ва сармуаллима Л.А. Голованова ҳамчун аъзои сексияи забони русӣ ширкат меварзиданд.

Сол то сол иқтидори илмии кафедра меафзуд, як зумра кормандони кафедра, аз ҷумла Б.С.Асимова, Я.И.Югай, Р.А.Самадова, Н.И.Матвеева, С.Х.Сангинова, Г.Х.Иброҳимова, Д.Д.Мирзоева, М.Камолова, Р.Шаропова рисолаҳои илмиашонро бомуваффақият дар шаҳрҳои Маскав, Ленинград, Калинин, Новосибирск, Тошканд, Душанбе ҳимоя карданд. Соли 2013 сармуаллимаҳои кафедра М.Мирзохонова ва Ҷабборова Қ. бомуваффақият рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. Дар ин ҷабҳа устодони кафедра Ҳоҷимуродова Р.С., Порсоева Х.А., Ғиёсова Т.Г., Алиева Б.А., Турсунова М.М., Акилова М.М., Ахмедова М., Базрова Т.Т ва дигарон низ кор бурда истодаанд. Дар давоми наздик 30 сол (1979 - 2008) роҳбарии кафедраро аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи медали «Хизмати шоиста» (2010 сол) дотсент Б.С.Асимова ба зимма доштанд. Дар ин муддат кафедра ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам миқдоран инкишоф ёфт. Теъдоди мутахассисон ба 44 нафар расида, ба он дастпарварони ҷавони факултети филологияи рус шомил шуданд. Аз соли 2008 то 2014 вазифаи мудири кафедраро дотсент Сангинова С.Х. ба ухда дошт. Ҳоло вазифаи мудири кафедраро дотсент Джаборова К.И. ба ӯҳда дорад.

Муаллимони кафедра дар шаҳрҳои Москва, Ленинград, Калинин, Тошканд, Душанбе аз курсҳои 4-моҳаю солонаи такмили маҳорати касбӣ ва коромӯзии семоҳа мегузаштанд, фаъолона дар ҳамоишу конфронсҳои умумииттифоқию ҷумҳуриявӣ оид ба масоили усули тадриси забони русӣ ширкат меварзиданд. Аъзоёни кафедра дар машварат ва конфронсҳои умумииттифоқию ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои методикаи таълими забони русӣ дар мактаби олӣ фаъолона иштирок доштанд. Мақолаҳои онҳо дар маҷаллаҳои «Русский язык и литература в таджикской школе», «Русский язык и литература в узбекской школе», «Известия АН Таджикистана» ва дар маҷмўаҳои муассисаҳои илмию таълимии Маскав, Нежин, Карачаевск, Тошканд, Душанбе чоп шуданд. Соли 2006 «Жемчужины восточной мудрости» ном китоби устодон Асимова Б.С. ва Сангинова С.Х аз чоп баромад, ки ин ҳам рўйдоди муҳим дар ҳаёти кафедра ба шумор меравад. Инчунин аз тарафи ҳайати муаллифон бо роҳбарии дотсент Асимова Б.С. дастури таълимӣ аз фанни забони русӣ барои хонандагони синфи 6-и мактабҳои тоҷикӣ тайёр карда ба чоп супорида шудааст.