Кафедраи филологияи араб

Телефон барои маълумот

Кафедраи филологияи араб. Кафедраи филологияи араб 2 июни соли 1999 таҳти роҳбарии дотсент У. А. Ғаффорова ташкил шуд. Аз рӯзҳои аввал аъзои кафедра аз ҷумлаи олимони варзидаи соҳаи шарқшиносии арабиву форсӣ ва омӯзгорони соҳибтаҷрибае чун Н. Ю. Салимӣ, Н. Ш. Зоҳидӣ, У. А. Ғаффорова, Н. И. Ғиёсов ва дигарон фаъолияти таълимӣ ва тадқиқотӣ бурдаанд. Дар баробари устодони мазкур як қатор омӯзгорони хориҷӣ фаъолият мекарданд.

Вазифаи мудирии кафедраро аз соли 2003 то моҳи сентябри соли 2015 дотсент Р. А. Асроров, аз сентябри соли 2016 то моҳи майи соли 2017 сармуаллим А. В. Ғафуров ва аз моҳи майи соли 2017 дотсент Қ. Б. Додобоев ва аз соли 2018 то кунун дотсент М. Н. Анварова ба дӯш доранд.

Дар ин солҳо якчанд нафар устодони кафедра рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро бо сари баланд ба дифоъ расониданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои филологӣ У. А. Ғаффорова, Қ. Б. Додобоев, Д. Қ. Рашидова, С. А. Амонов ва Ҳ. К. Ҳомидиён чун номзади илм корҳои тадқиқотии худро ба сомон расонида ба унвонҳои илмӣ ноил гардиданд. Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии устодони кафедра дар китобу рисолаҳои Н.Зоҳидов «Адабиёти арабизабони форсу тоҷик дар асрҳои VIII-IХ», «Адабиёти арабизабони форсу тоҷик аз истилои араб то аҳди Сомониён», У.Ғаффорова «Санъати суханварии араб дар асрҳои аввали ислом» ва ғайра инъикос ёфтаанд.

Кафедра фаъолияти илмияшро дар мавзуъҳои гуногуни самти “Робитаҳои адабии арабу аҷам” мебарад. Ҳайати устодони кафедра иборат аз профессор – У.А.Ғаффорова, дотсентон - Р.А.Асроров, Қ.Б.Додобоев, Ҳ.К.Ҳомидиён, сармуаллимон - А. В. Ғафуров, М. Н. Анварова, Р.М.Қаландарова ва муаллимон – М.Холматова ва С.Саидғанизода мебошанд.