Кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ

Телефон барои маълумот

Кафедраи забони русӣ то Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташкил шуда буд. Аз 1 августи соли 1941 ба сабаби кам шудани шумораи донишҷўён бо кафедраи адабиёти рус ҳамроҳ гардид ва ҳамҷоя кафедраи забон ва адабиёти русро ташкил намуд. Дере нагузашта бо сабаби ба кор омадани муаллимони нав аз Русия, кафедра боз ба ду қисм - забони русӣ ва адабиёти русу хориҷӣ ҷудо гардид. Кафедраи забони русӣ солҳо таҳти роҳбарии дотсентон М.И. Стаменова, Е.С. Белякина, Ю.Т, Долин, сармуаллимон Т.А. Милованова, В.И. Казарина фаъолият мебурд. Дар муддати зиёд дотсентон Ю.Т. Долин, М.З. Балтина, Г.В. Матешина, M.С. Солоник, М.А. Абдуллоева, Солиев З.Т., Л.Н. Черкашева, сармуаллимон М.М. Шарапова, И.Н. Пудовченко, В.И. Чертиковсева, Г.П. Коновалова, Л.Д. Спириденкова, Л.А. Егорова, Т.С. Долженко, Т.Д. Девятова, Н.А. Полещук, С.С. Бембетова, А.С. Истомин, Э.Г. Цой, А.М. Латипова, З.В. Поликашина кору фаъолият доштанд.

Таҷрибаи бойи худро устодони варзидаи кафедра ба муаллимони ҷавон - хатмкардагони факултет омўзониданд, ки аз ин ҳисоб сармуаллимон Н.В. Солоник, Л.Н. Чер¬кашева дониш, маҳорат ва малакаи худро вусъат дода, рисолаҳои номзадӣ дифоъ карданд. Аъзои кафедра бо шогирдони гуруҳҳои миллӣ ва русӣ корҳои мустақилона мебаранд ва ба тайёр кардани омўзгорони за¬бони русӣ дар заминаи асарҳои Пушкин, Гогол, Тургенев, Некрасов, Толстой, Достоевский, Чехов ва Горкий ҳиссаи арзанда мегузоранд. Кафедра ҳар сол ба таври анъана дар факултет ҳафтаҳои забони русӣ ва олимпиадаҳо мегузаронад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Тамоюли асосии кори илмии ка¬федра бо лингводидактика вобаста аст. Муаммои асосии тадқиқот воҳидҳои забон, масоили услубии онҳо, дузабонии русию тоҷикӣ ва матншиносӣ мебошанд. Оид ба масъалаҳои равобити забонҳо дотсент Г.Ҳ. Иб¬рагимова ва сармуаллим Б.Д. Ҷумъаев, доир ба моделҳои синтаксисӣ дотсент Ш.В. Дусматова тадқиқот меба¬ранд. Дар корҳои илмии муаллифон маводи адабиёти бадеӣ, матбуот ва луғатҳо мавриди таҳлили илмию методӣ қарор мегиранд, ки онҳо минбаъд асоси дастурҳои таълимӣ хоҳанд гашт.

Масъалаҳои марбут ба услубро сармуаллимон Е.Н. Цой ва М.А. Ваҳобова таҳқиқ мекунанд. Мавқеи услубии воҳидҳои забони русӣ ва услубҳои функсионалӣ, аз ҷумла услуби бадеӣ ва публисистӣ аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад. Корҳои тадқиқотии устодони кафедра ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос равона шудааст. Кафедра дар ин бобат бо олимони Русия, Ўзбекистон, Тотористон, Қазоқистон, Қирғизистон ҳамкорӣ дорад. Устодон дар конфронсҳо, ки аз тарафи донишгоҳҳои Қазон, Санкт-Петер¬бург, Воронеж, Удмурдистон ва Ўзбекистон ташкил шуданд, фаъолона иштирок доштанд. Натиҷаҳои корҳои илмии аъзои кафедра дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва дар маҷмўаҳои гуногуни илмӣ нашр мешаванд. Бо мақсади ёрӣ ба донишҷўён аз тарафи муаллимони кафедра дастурҳои илмию методӣ тибқи хамаи қисматҳои забони ҳозираи рус интишор меёбад.

Алҳол дар кафедра дотсентон О.Э. Мавлонбердиева, Ш.В. Дусматова, Г.Ҳ. Ибрагимова, Ф.М. Ҳамроқулов, М.М. Сафарова, номзади илмҳои филологӣ У.И. Юлдошева, И.С.Эшматова, сармуаллимон Е.Н. Цой, Б.Д. Ҷумъаев, М.А. Ваҳҳобова фаъолият доранд. Роҳбарии кафедраро дотсент О.Э.Мавлонбердиева ба уҳда дорад. Бо мақсади таълиму тарбияи ҳаматарафа ва азхудкунонидани нозукиҳои касбии донишҷўён устодони кафедра дар тартиб додани адабиётҳои соҳавӣ ва илмӣ-методӣ аз ҳамаи қисматҳои забони муосири рус ва таърихи он кори зиёдеро ба сомон расонида истодаанд. Дар ин ҷода аз тарафи онҳо зиёда аз 10 номгўи маводи гуногуни муаллиқи ихтисосҳои факултет, дастурҳои илмӣ-методӣ таҳия карда шуда, ба донищҷўён пешкаш карда шудааст.