Кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ

Телефон барои маълумот

Кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ соли 1995 таъсис ёфтааст. Дар ин кафедра ихтисосҳои зерин дар давоми фаъолияти таълимӣ омода карда шудааст: мусаввирии монументалӣ, мусаввирии станкавӣ, ҳайкалтарошӣ, актёри театри драма ва кино. Айни замон аз ихтисосҳои манзаранависии дастгоҳӣ, хайкалтароши, санъати актёрӣ мутахассисон омода карда мешаванд.

Дар ташкили кафедра устодон, профессор Р. Муродов ва F. Ҷўраев саҳми арзанда гузоштаанд. Сарварони кафедра: Ҷўраев F. Ҳ. (1995-2001), Қаюмов Ш. (2001-2005), Ашўров М. Ҷ. (2005-2012), Ҷаборов А. (2012-2017), аз соли 2017 н.и.п., дотсент Ашўров М. ба ўҳда доранд. Дар кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ - профессорон Ҷўраев Ғ.Ҳ., Алиев У. Р., дотсентон Ашўров М. Ҷ., Ҷабборов А., сармуаллимон Маҷидов Р. Шарипов Қ., Сулаймонов М., Маҳмудов В., фаъолият доранд. Устодон Ҷабборов А., Маҷидов Р. академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон интихоб шудаанд.


Аз тарафи устодон ва донишҷўёни кафедраи мазкур мунтазам намоиши асарҳои рассомон дар толорҳои намоишии Осорхонаи вилоятӣ, Арт-галереяи «Сомониён» гузаронида мешавад. Устодони кафедра дар намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ низ фаъолона иштирок менамоянд.

Солҳои охир чандин лоиҳахои муҷассамаҳо дар кишвар аз тарафи устодони кафедра Ҷўраев Ғ.Ҳ. ва Маҷидов Р.Х. ба амал оварда шудааст.