Кафедраи мусиқии суннатии тоҷик

Телефон барои маълумот

Кафедра соли 1993 таҳти унвони санъати мусиқии анъанавӣ таъсис ёфтааст. Сарварии кафедраро солҳои 1993-1997 номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Султоналӣ Худойбердиев, солҳои 1997-2002 муаллими калон А. Ботиров, солҳои 2002-2007 муаллими калон М. Муллоев бар ўҳда доштанд ва солҳои 2007-2015 дотсент Убайдуллоев С. сарварӣ намудаанд. Дар асоси кафедраи Санъати мусиқии анъанавӣ соли 2012 ду кафедра таъсис дода шуд. Кафедраи санъати мусиқии классикӣ (мудир дотсент Убайдуллоев С.) ва кафедраи санъати мусиқии халқӣ (мудир профессор Худойбердиев С.). Баъдан аз соли 2015 ҳар ду кафедра муттаҳид карда шуда, кафедраи мусиқии суннатии тоҷик номгузорӣ карда шуд. Роҳбарии кафедраро дотсент Ботуров Аҳрор ба ўҳда доранд.

Дар кафедра аз рўи ихтисосҳои зерин мутахассисонро омода менамояд: эҷодиёти халқӣ (мусиқии созӣ), сурудхонӣ (халқӣ),

Кафедраи мусиқии суннати тоҷик дар эҳё ва рушди санъати мақомсароӣ дар давраи таърихи навтарини Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. Дар кафедра донандагони хуби санъати мақомсароӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов, Ҳофизони халқии Тоҷикистон Маъруфхоҷа Баҳодуров, Абдураҳим Шерматов ба кор ҷалб карда шуда буданд, ки дар тарбияи насли ҷавони ҳунармандон, вогузоштани идомаи анъанаҳои беҳтарини мусиқии классикӣ, халқӣ ва мероси мусиқии ниёгонамон ба онҳо муяссар гардид. Имрўз шогирдони зиёде тарбияи онҳоро гирифта, дар муассисаҳои фарҳангию ҳунарӣ фаъолияташонро идома дода истодаанд.

Солҳои тўлонӣ ба Ансамбли сарояндагии анъанавӣ профессор Боймуҳаммад Ниёзов роҳбарӣ намуда, бо шогирдон аз силсилаи шашмаком сурудҳои классикӣ «Сарахбори Дугоҳ», «Талқини Чоргоҳ», «Насри Чоргоҳ», «Сарахбори Наво» ва дигарҳоро аз бар намуданд. То охирин лаҳзаи ҳаёт устоди зиндаёд таҷрибаи ҳунарию эҷодии худро ба шогирдон омўзониданд.

Маъруфхоҷа Баҳодуров низ дар кафедраи мазкур фаъолияти таълимӣ ҳунарӣ бурда дар тайёр намудани мутахассисони варзида саҳми арзанда гузоштаанд.

Имрўзҳо дар кафедраи мусиқии суннатии тоҷик – Ҳофизи халкии Тоҷикистон, профессор Абдурахим Шерматов, Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ, дотсент Юсуфҷон Бобоҷонов, дотсентон - Убайдуллоев С., Ботуров А., омўзгорони калон Омонбоева Н., Солиев С., Норбадалов С., Давлатов Б., Икромов А., Шамсиев М., М. Баҳриддин, омузгорон Сатторов А., Оқулова М. ва дигарон фаъолият доранд.