Кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва китобшиносӣ

Телефон барои маълумот

Кафедраи мазкур соли 1993 ташкил шудааст. Сарварии кафедраро устодони факултет Эшонов А. (1996-1997), Султонова А. (1997-1999), Абулов Ф. Х. (1999-2003), Султонова А. (2007-2011), Раупова Қ. (2011-2012), Фармонова Д. Ҷ. (2012-2017), аз соли 2017 н.и.т., дотсент Саидкаримов Б. ба ӯҳда доранд.

Дар кафедра номзади илмҳои филологӣ, дотсент Маҳмадшоев М. М., номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафтор Иззатуллоев, омӯзгорони калон Султонова А. Ҷ., Абулов Ф. Х., Меликбоева Д. Ю., Раупова Қ. О. фаъолияти илмӣ - таълимӣ бурдаанд. Айни ҳол дар кафедра н.и.т., дотсент Фармонова Д., омӯзгорони калон Манонова М., Каримов М., соиҷонов Н. омӯзгорон Анорбоев Ф., Дадобоев Ф., Муратова М., Ҳакимова М., Аҳмедов А. ва дигарон фаъолият доранд.

Аз тарафи устодони кафедра монографияҳо ва дастурамалҳои таълимӣ ба чоп расидаанд.

Устодони кафедраи мазкур аз фанхои умумигуманитарӣ дарс мегӯянд. Соли сеюм аст, ки ба ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ(менеҷмент) донишҷӯён таҳсил менамоянд. Бо китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯча Асирӣ ҳамкории хуб ба роҳ монда шудааст.