​Кафедраи экология ва ҳифзи табиат

Телефон барои маълумот

Баъд аз якҷояшавии кафедраи геоэкология (1996) бо кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими онминбаъд кафедраи биологияи умумӣ ва ҳифзи табиат унвон гирифта, аз соли 2011 кафедра бо номи кафедраи экология ва ҳифзи табиат амал мекунад. Дар фаъолияти таълимӣ- илмӣ, методӣ ва тарбиявии кафедра давоми солҳои гуногун мутахассисониварзида ва номии соҳаҳои гуногун профессор-мушовири кафедра Ҳ.F.Очилов, дотсентонАбдураҳимов С.Я., Fаффоров F., Каримов С.Б., Ҳомидов Ё.Р., Эргашбоев И.,Ортиқбоев И.М., Fуфронов М.С., Бобоҷонов А.Н. сармуаллимон Ҳакимова Ҳ., Хӯҷамбердиев Ч.Т.саҳм гузоштанд. Алҳол, дар кафедра устодон Собиров М.С., Очилова Ф.Ҳ., Аминов М.Ҳ., Амонова З.F., Толибов Ю.Р., Тошматов Б.А.ваомӯзгорони ҷавон Ҳакимхӯҷаева М.Ғ., Камолова Ш.Р., Боисов Н. Н., Ҳайдарова М., кормандон Файзиева Ш.А., Турсунова Н.А. фаъолият мебаранд.

Дар кафедра аз рӯи барномаи дурнамои илмӣ тадқиқотҳои илмӣ доир ба масъалаҳои муосири экологӣ аз қабили усулҳои фаврии безараргардонии партовҳои органикӣ, бартарафсозии таъсири номусоиди истифодаи моддаҳои кимиёвӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра гузаронида мешавад. Дастпарварони кафедра дар мақомоти ҳифзи муҳити зист, сохтори идораи кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, марказҳои машваратӣ ва ғайра пурмаҳсулонафаъолият менамоянд.

Ҳоло кафедра дороиМаркази ташхиси экологӣ мебошад, ки бо таҷҳизотҳои муосири техникӣ дар асоси лоиҳаи “ TEMPUS” дастрас карда шудааст, муҷаҳҳаз гардидааст.