1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ШӮЪБАИ ТИҶОРАТ ВА БАНАҚШАГИРӢ

Донишгоҳ бо фармони №68-и ректори Донишгоҳ аз 25-уми июни с.1999 таъсис ёфтааст. {ар сол тақрибан 30-40 фоизи муҳассилин ба Донишгоҳ ба тариқи шартнома қабул мегарданд. Онҳо ҳини дохилшавӣ бо ректор шартнома мебанданд ва тибқи он ҳар соли хониш маблағи муқарраршударо ба шӯъбаи тиҷоратӣ нақдан ё ба тариқи пулгузаронӣ мепардозанд. Муҳимтарин вазифаи шӯъба зери назорат гирифтани вазъи пардохти маблағи шартнома, сари вақт ҷамъоварӣ намудани он ва омода сохтани ҳисобот дар ин бобат барои раёсати Донишгоҳ мебошад. Наздик 70 фоизи маблағи шартнома барои моҳонаи омӯзгорону кормандони Донишгоҳ масраф мегардад. 30 фоизи он барои мустаҳкам кардани пояи моддию техникии Донишгоҳ, компутаронии ҷараёни таълим, таъмиру тармими биноҳои таълимиву хобгоҳҳо ва дигар иншооти дохилӣ истифода мешавад. {амчунин як қисми маблағи шартнома барои ҳавасмандкунии муҳассилин ба хониши аъло ва кӯмакпулӣ ба донишҷӯёни камбизоат сарф мегардад.

Фаъолияти шӯъбаи тиҷоратӣ ҳамеша зери назорати садорати Донишгоҳ мебошад. Шӯъба аз боби фаъолияти хеш ва вазъи пардохти маблағи шартнома дар факултаҳо соле ду маротиба дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳ ҳисобот медиҳад.

Дар шӯъбаи тиҷоратӣ чор нафар - мудир, муҳосиб, хазинадор ва нозир кор мекунанд. Феълан вазифаи мудири шӯъбаро Аъзам Файзуллоев иҷро мекунад. Манзура Қаюмова - хазинадор ва Дилором Абдуғаффорова нозири ба қайдгиранда мебошанд.

Ба фаъолияти умумии шӯъба ноибректор оид ба корҳои тиҷоратӣ роҳбарӣ мекунад.  

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло