1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

СОБИҚ РЕКТОРОН

Муҳаммадҷон Шарипов - (1904-1977), ходими намоёни маорифи халқи Тоҷикистон, аввалин директори Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Донишгоҳи коммунистии Осиёи Миёнаро дар шаҳри Тошканд хатм карда (1929), фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси коргузори иттифоқи «Қӯшчӣ» дар шаҳри Пржевалск (1924) оғоз намудааст. Муаллими техникуми омӯзгорӣ (1930-32), директори Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд (1932-34), директори Донишкадаи шабонаи омӯзгории Сталинобод (1934-35), созмондиҳандаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Тошканд (1935-36). Аз соли 1936 то оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар системаи Комиссариати маорифи халқи ӯзбекистон дар вазифаҳои директори мактаб, корманди илмии шӯъбаи Шарқи китобхонаи давлатии оммавии ба номи Навоӣ кор кардааст. Баъди ҷанг дар системаи маорифи шаҳри Пржевалск ва шаҳри Тошканд хизмат карда, бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Ӯғулой Шамсиддинова - (1907-1990, Хуҷанд), ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда соли 1926 курсҳои муаллим тайёркунии Самарқандро хатм кардааст (1926). Фаъолияти меҳнатии Шамсиддинова ба ҳайси мудири клуби занони шаҳри Хуҷанд (1926-27) оғоз ёфтааст. Дастурдеҳи шӯъбаи округии Ҳизби Коммунистӣ (б) (1928-29), комиссари халқии нигаҳдории тандурустии ИҶШС Тоҷикистон (1928-34), директори Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд (1934-35), минбаъд дар кори ҳизбӣ ва шӯравӣ буд (1936-59). Аз соли 1959 дар нафақа. Шаҳрванди фахрии шаҳри Ленинобод (1977). Яке аз кӯчаҳои Хуҷанд ба номи Ӯғулой Шамсиддинова гузошта шудааст. Вакили анҷумани IV шӯроҳои ИҶШС Тоҷикистон (1931). Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Юсуф Эшонов - (1907; ш. Хуҷанд - 1981, шаҳри Маскав). Юсуф Эшонов арбоби намоёни ҳизбию давлатӣ ба шумор рафта, Донишгоҳи коммунистии Осиёи Миёна (1928) ва Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (САГУ)-ро хатм кардааст (1931).Ӯ сеюмин сарвари Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд буда, ин вазифаро солҳои 1935-1936 дар ӯҳда дошт. Солҳои 1928-1929 муаллими Донишгоҳи коммунистии Осиёи Миёна, муовини директори Донишкадаи банақшагирию иқтисодии Осиёи Миёна (1931-1932), муовини директори Донишкадаи марксизм-ленинизми Осиёи Миёна (1932-1933), ҷонишини комиссари халқии маорифи ИҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон ректори Донишкадаи давлатии 1-уми омӯзгории Душанбе-ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1933-1934) дастурдеҳи Бюрои осиёимиёнагии КМ ВКП(б) (1934), шунавандаи Донишкадаи кишоварзии профессураи сурх (1935-1938) муҳаррири маҷаллаи «Ведомостҳои Шӯрои Олии ИҶШС» ва таҳрири тоҷикии он (1938-1960) буд. Соли 1941 ҳамчун сарбози дивизияи халқии ноҳияи Ленини шаҳри Маскав пойтахти мамлакатро аз фашистон ҳимоя намудааст. Солҳои 1960-1965 чун мушовир- тарҷумони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС фаъолият бурда, аз соли 1968 ба нафақа мебарояд. Юсуф Эшонов вакили Шӯрои вакилони халқи Тошканд (1931-1933), Шӯрои вакилони халқи Хуҷанд (1934-1935) интихоб шуда, сазовори унвони Корманди шоистаи маданияти ИҶШС Тоҷикистон гаштааст.

Ҳабибулло Неъматуллоев - (1900, Ӯротеппа - 1975, Душанбе), яке аз иштирокдорони фаъоли сохтмони сотсиализм дар Тоҷикистон. Муаллими хизматнишондодаи ИҶШС Тоҷикистон (1960). Курсҳои кӯтоҳмуддати муаллимтайёркунӣ (1919) ва бахши дар Тошканд будаи Донишгоҳи профессураи сурхро хатм кардааст (1937). Омӯзгори мактаби миёна, ҷонишини мудири шӯъбаи комсомоли вилоят (1919-1925), мудири шӯъбаи маорифи халқи вилояти ӯротеппа, котиби масъули кумиҷроияи округ (1926-29), мудири шӯъбаи маорифи халқи округи Кӯлоб (1930). Солҳои 1937-1938 директори Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд буд. Аз соли 1938 то 1947 мансабҳои роҳбарикунандаро дар низоми Нашриёти давлатии Тоҷикистон ишғол кардааст. Вазири маорифи халқи ИҶШС Тоҷикистон (1947-1954), ҷонишини вазири фарҳанги ИҶШС Тоҷикистон, ҷонишни мудири шӯъбаи таблиғоту ташвиқоти КМ ҲК Тоҷикистон (1954-1960), сардори идораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони ИҶШС Тоҷикистон (1960-1974). Аз соли 1974 дар нафақа. Депутати ШО ИҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 2,3). Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо, ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.

Лев Ефимович Месенжников соли 1899 дар деҳаи Середина- Будаи губернияи Чернигов Россия таваллуд ёфтааст. ӯ ходими намоёни маорифи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Лев Месенжников Ефимович дар Омӯзишгоҳи ҳунари шаҳри Севски губернияи Орлов (1918) таҳсил намуда, солҳои 1918-1919 ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи шаҳри Новый Быков, дастурдеҳи шӯъбаи сиёсӣ-равшаннамоӣ, шӯъбаи маорифи ноҳияи Петинско-журавлёв, дастурдеҳи шӯъбаи мазкур дар губернияи Харков (1920-21) фаъолият бурдааст. Солҳои 1921-26 дар сафи Артиши сурх хизмат намудааст. Сипас ҳамчун таблиғотчии Кумитаи ҳизбии ноҳиявии ВКП(б)-и Харков (1926), лектори гурӯҳи таблиғотии КМ ҲК(б) Украина (1926-32) мудири Хонаи маорифи сиёсии кумитаи вилоятии ҳизбии Днепропетровск (1932), мудири шӯъбаи ташкилии комитети ҳизбии ноҳияи Высокополск (1933-34), мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Днепропетровс (1935) кор кардааст. ӯ аз соли 1935 дар Тоҷикистон ҳамчун дастурдеҳи КМ ҲК Тоҷикистон 1936-37, ёвари котиби КМ ҲК Тоҷикистон (1937-38) фаъолият бурдааст. Аз 1 августи соли 1938 то соли 1942 директори Донишгоҳи давлатиии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров буд.

Чикорин К.В. – муаррих, мудири кафедраи марксизм-ленинизми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров. Сипас ӯ ба ҳайси ҷонишини директор оид ба таълиму илм дар донишгоҳи мазкур фаъолият бурдааст. Чикорин К.В. дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1942-44) дар вазифаи директори Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров кор карда, дар таҳкими пояи моддӣ-техникӣ, таълимӣ ва илмии донишкада саҳми арзанда гузоштааст.

Мақсудҷон Мирмуллоев (1913 - 12 апрели соли 1996 шаҳри Хуҷанд), корманди ҳизбӣ, муаррих, номзади илмҳои таърих (1956), дотсент (1962). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1941). Котиб, тарҷумон, ҳамзамон муаллими техникуми кооперативӣ, тарҷумони Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (1936-1937), Соли 1941 ба сафи Артиши Сурх даъват шуда, дар муҳорибаҳои назди Маскав иштирок кардааст. Соли 1942 мудири шӯъбаи тарғиботи кумитаи шаҳрии ҲК ҶШС Тоҷикистон (1942-1945), директори Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (1945-1946), котиб, котиби дуюми кумитаи вилоятии ҲК ҶШС Тоҷикистон (1946-1950), ҷонишини аввали раиси идораи санъати назди Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон, раиси кумитаи радиошунавонии ҷумҳурӣ (1950-53), директори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи Т.Г.Шевченко, ҷонишини директори Пажӯҳишгоҳи таърихи ҳизби назди КМ ҲК ИҶШС Тоҷикистон (1953-60), директори нашриёти давлатии ҶШС Тоҷикистон (1960-1962), дотсенти кафедраи таърихи БХДТТ (1962-1985) шуда кор кардааст. Муаллифи асарҳои илмӣ оид ба масъалаҳои мустаҳкам кардани ҳокимияти давлатӣ дар ҶШС Тоҷикистон ва дӯстии халқҳо мебошад. Вакили ШО ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 3-5) буда, бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Ҷанги Ватании дараҷаи якум, ордени Шараф (дараҷаи сеюм), ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва ифтихорномаҳои Раёсати ШО ИҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Саид Холматов - муаррих. Омӯзгори мактаби миёна (1923-32), муаллими ДДОЛ (1932-46), сармуаллими кафедраи асосҳои марксизм-ленинизми Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров. Аз соли 1946 то 1951 ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров. Дар солҳои роҳбарии Саид Холматов таҳкурсии моддӣ-техникии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров таҳким ёфта, хазинаи китобҳои китобхонаи донишгоҳ ғанӣ гардонида шуд.

Раҳмат Ҳомидов Ёкубович - (05.03.1912 - 24.01.1994. шахри Хуҷанд), муаррих, номзади илмҳои таърих (1955, дотсент (1962). ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1937) ва мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ-ро хатм кардааст (1945). Омӯзгори фанни математикаи техникумп молиявӣ-иқтисодии Хуҷанд (1934-1935), ассистенти кафедраи физикаю математикаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1935-1937). Омӯзгор ва мудири шӯъбаи таълими омӯзишгоҳи тиббии Ленинобод (1937-42), инструктори шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботи кумитаи ҲК вилояти Ленинобод (1943-1944), мудири шӯъба, котиби кумитаи ҲК вилояти .ӯротеппа (1945-1947). Котиби кумитаи ҲК вилояти Ленинобод (1947-1950), директори ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1950-1959), директори омӯзишгоҳи кооперативӣ (1959-1962), дотсент (1962-71). и.в. профессор (1971-1975), дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1975-1994). Муаллифи зиёда аз 30 асари илмӣ доир ба таърихи ҲК Тоҷикистон. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаи ШО ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Пӯлод Ҳамроқулов - (08.07.1920, Конибодом - 11.01.1983, шаҳри Душанбе), муаррих, номзади илмҳои таърих (1954), дотсент (1957). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Донишкадаи омӯзгории Сталинобод (1949) ва Академияи илмҳои ҷамъиятии назди КМ ҲКИШ-ро хатм кардааст. Омӯзгори мактаби миёна (1937-1939), дастурдеҳи шӯъбаи ташкилии кумитаи ҳизби коммунистии нохияи Конибодом, шунавандаи мактаби ҳизбии ҷумҳуриявӣ (1946-1948), омӯзгори таърихи ҲКИШ дар мактаби ҳизбии ҷумҳуриявии назди КМ ҲК Тоҷикистон (1948-1950), аспиранти Академияи улуми ҷомеашиносӣ дар назди КМ ҲКИШ (1953), ҷонишини директор оид ба илми бахши Тоҷикистонии Пажӯҳишгоҳи марксизм-ленинизми назди КМ ҲКИШ (1957), котиби кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Сталинобод (1959). директории ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1959-1965), мудири кафедраи таърихи партияи ДТТ (1965-1982). Бо орденҳои «Ситораи Сурх», «Нишони Фахрӣ» ва якчанд медалу ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.

Карим Иброҳимов Ризоевич - (06.03.1920 - 1991, шаҳри Хуҷанд), муаррих, ходими ҳизбӣ, номзади илмҳои таърих (1974), дотсент (1982). ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1940) ва Мактаби олии ҳизбии КМ ҲКИШ-ро хатм кардааст (1958). Омӯзгор, мудири қисми таълими мактаби миёнаи ноҳияи  Пролетар (1940-1942), хизмат дар сафи Артиши Сурх (1942-46), дастурдеҳи шӯъбаи ҳарбии КМ ҲК Тоҷикистон (1946-1947), котиби кумитаи ҳизбии шаҳри Сталинобод, котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Фархор, котиби кумитаи ҳизбии вилояти  Кӯлоб (1947-53), котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Сталинобод (1954-1956), роҳбари гурӯҳи лектории шӯъбаи таблиғот ва ташвиқоти КМ ҲК          Тоҷикистон(1957-1959), дастурдеҳи  мақомоти ҳизбии КМ ҲКИШ оид ба ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (1959-1960), котиби кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод (1960-62), котиби кумитаи ҳизбӣ дар раёсати ҳудудӣ-истеҳсолии колхозу совхозҳои ӯротеппа (1962-1965), ректори ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1965-1970), сармуаллим (1976-1979), дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1976-1987). Муаллифи бештар аз 20 асари илмӣ оид ба масъалаҳои интернатсионализми сотсиалистӣ. Вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 3-5). Бо 2 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.

Абдусаттор Қобилов Ёқубович - (1915 - 06.08.1973, шаҳри Хуҷанд), муаррих, номзади илмҳои таърих (1953), дотсент (1955). Иштирокчии       ҶБВ, капитани гвардия. ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1941) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ-ро хатм кардааст (1953). Донишҷӯи факултети  аграрии Донишкадаи кишоварзии Ленинобод (1936). Дар маъракаи маҳви бесаводӣ дар Тоҷикистони ҷанубӣ иштирок намудааст. Дар вазифаи сардори хадамоти кимиёвии қисми ҳарбӣ ва сардори сиёсии баталён дар муҳорибаҳои назди Ленинград, соҳили Балтика, муҳосираи Кениксберг ва Пиллау иштирок кардааст. Ассистент, муаллими кафедраи марксизм-ленинизми ДДОЛ (1946-1948), мудири шӯъбаи таблиғот ва ташвиқоти кумитаи шаҳрии ҲК Тоҷикистон (1948-1950), аспиранти Академияи улуми ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ (1950-53), ноибректори қисми таълим ва сипас қисми илмии ДДОЛ ба номи С.М.Киров -(1953-1955), мудири кафедраи асосҳои марксизм-ленинизм (1955-1963), дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ (1963-1973), ректори ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1970-1973). Муаллифи бештар аз 30 асари илмӣ оид ба таърихи ҲК Тоҷикистон ва таърихи ҲКИШ.

Саттор Қайюмов - (20.09.1925, деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд - 2005), муаррих, номзади илмҳои таърих (1966), дотсент (1967). Иштирокчии       ҶБВ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишгоҳи Давлатии  Омӯзгори Ленинобод ба номи С.М.Киров (1955) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ-ро хатм кардааст (1966). Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1992 дар колхози ба номи М.Фрунзеи ноҳияи Хуҷанд оғоз ёфтааст. Хизмат дар сафи Артиши Сурх (1942-50), омӯзгори мактаби миёнаи ноҳияи Хуҷанд (1955-1960). Аз соли 1960 то соли 1963 дар вазифаҳои гуногуни ҳизбӣ дар дастгоҳи кумитаҳои шаҳрӣ ва вилоятии ҲК Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Сармуаллим, дотсенти кафедраи коммунизми илмии ДДОЛ (1966-1967), мудири шӯъбаи таблиғот ва ташвиқоти кумитаи шаҳрӣ ва вилоятии ҲК Тоҷикистон (1966-1973), ректори ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1973-1986), раиси ҷамъияти «Дониш»-и вилояти Ленинобод (1973-87), раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд (1986-1997), раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати в.Суғд (1997-2006). Муаллифи бештар аз 200 асари илмӣ ва илмӣ-оммавӣ оид ба масъалаҳои таърихи иҷтимоӣ-сиёсии давлатҳои Шарқ. Вакили Шӯрои шаҳрӣ (1968-1971) ва Шӯрои вилоятӣ (1971-1987). Бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», медалҳо, ифтихорномаҳои Раёсати ШО ҶШС Тоҷикистон, медали тиллои ба номи академик А.Вавилов мукофотонида шудааст. Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд.

Саидмуҳаммад Каримов Носирович - (20.05.1936, шаҳри ӯротеппа 17.01.2012, шаҳри Хуҷанд), физик, номзади илмҳои физикаю математика (1965), доктори илмҳои химия (1985), профессор (1987), узви вобастаи АУ ҶТ (1993), академики Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ (1993), Арбоби шоистаи илми ҶТ (1990). Собиқадори меҳнат. Аълочии маорифи халқи ҶТ. ДДТ ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1959). Аспирант (1961-1964), ходими хурди илмии лабораторияи проблемавии физикаи мустаҳкамии полимерҳо (1964-1965), мудири кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт (1965-68), декани факултаи физикаи ДДТ (1968-1986), ректори ДДОЛ ба номи С.М.Киров - Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1986-1994), сарвари Маркази илмии хуҷандии АУ ҶТ (1996-2005), мудири шӯъбаи физикаи Маркази илмии хуҷандии АУ ҶТ (аз с.2005). Каримов муҳаққиқи барҷастаи соҳаи физика ва механикаи полимерҳо, бунёдгузори самти нави илмии «Кинетикаи вайроншавии полимерҳои шуозада» мебошад. Муаллифи 25 китоб ва 400 асари илмӣ, ки дар ҷумҳурӣ ва хориҷа ба нашр расидаанд. Тадқиқоти илмиаш ба ҳалли масъалаҳои илмию амалии консепсияи кинетикии мустаҳкамӣ ва масъалаҳои мустаҳкамии радиатсионии полимерҳо бахшида шудааст. Дар давраи роҳбарии Каримов дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд якчанд кафедра ва факултаҳо, аз қабили иқтисодӣ, тиббӣ, техникӣ, филологияи ӯзбек, таърих, география ба фаъолият оғоз карданд, барои гузаштан ба усули таълими зина ба зина асос гузошта шуд. Таҳти роҳбарии Каримов чанд нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуданд. Вакили анҷумани VII-и омӯзгорони ҶТ ва анҷумани 1-уми коркунони маорифи халқи ИҶШС,анҷуманҳои ХХI-ХХII, ХV-и ҲК Тоҷикистон, депутати шӯроҳои шаҳр, вилоят ва ШО Тоҷикистон (даъвати XII) интихоб шудааст. Соли 2000 ба узвияти «Рафоқати ҷаҳонии иттиҳоди заминдорӣ» (Канада) бо ҳуқуқи интихобӣ дар тамоми давраи мавҷудияти ин ташкилот пазируфта шуд. Соли 2001 бо қарори Шӯрои нашриёти Пажӯҳишгоҳи тарҷумаи ҳолии ИМА ҳамчун пешвои барҷаста дар соҳаи физикаи ҷисмҳои сахт ба нашри ёздаҳуми китоби «Маълумотномаи байналхалқии пешвоёни барҷаста» дохил шудааст. Барандаи Ҷоизаи ба номи Б.Ғафуров, бо нишони «Барои комёбиҳои шоиста дар соҳаи маълумоти олии ИҶШС», медали «Барои хизмати шоиста», медали ҷашнии «10-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҶТ» мукофотонида шудааст.

Абдувоҳид Розиқов Абдуқаҳҳорович - (02.08.1942, шаҳри Хуҷанд), иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1984), профессор (1987). Дастпарвари Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (1965). Ассистенти кафедраи ҳамин донишкада (1965-67), муҳандис-муҳаққиқ ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи марказии иқтисодиёту математикаи АУ ИҶШС (1967-72), мудири шӯъбаи кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон (1972-76), мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти АУ ҶШС Тоҷикистон (1976-94), ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1994-95), муассис ва аввалин декани факултаи бизнеси муҳандисӣ ва менеҷменти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (1995-97). Мудири кафедраи иқтисодиёт ва менеҷменти истеҳсолии ҳамин донишгоҳ (аз с.1997). Солҳои 1983-90 дар таҳияи барномаи комплексии прогресси илму техникаи ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1986-2005 ва 1990-2010 фаъолона ширкат варзидааст. Дар ин барнома таҳияи қисматҳои ҳифзи табиат, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои табиӣ ба зиммаи гузошта шуда буд. Солҳои охир роҳбарии самти нави илмӣ оид ба ислоҳоти низоми инфрасохтори истеҳсолӣ дар шароити бозор, масоили сармоягузории миёнамӯҳлат ва назарияи қабули қарорҳои идоракуниро ба зимма дорад.

Сайдулло Абдуллоев - (18. 2. 1945–12. 05. 2001, Хуҷанд), муаррих, арбоби намоёни ҷамъиятӣ, доктори илмҳои таърих (1996), профессор (1994), академики Академияи илмҳои иҷтимоӣ-педагогии АИ Русия, академики Академияи мактабҳои олӣ (1999), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998). Дастпарвари ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1967), муаллим (1967-72), сармуаллим (1972-74), дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС, муовини декани факултети таъриху филология(1974-1987), декани факултети таърих (1987-1992), ноибректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1992-95), ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров (1995-2001). Дар давраи сарварии Сайдулло Абдуллоев пояи моддӣ-техникӣ, таълимӣ ва илмии донишгоҳ хеле мустаҳкам гардида, факултетҳо ва кафедраҳои нав таъсис ёфтанд. Донишгоҳ барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, хадамоти гумрук, рӯзноманигорӣ, шарқшиносӣ ва ғайра шурӯъ намуда, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ хеле вусъат ёфт, Маркази пажӯҳиши тамаддуни Сомониён, кафедраи илмӣ-тадқиқоти ЮНЕСКО (сипас ба Маркази тадқиқоти гуманитарии ЮНЕСКО табдил ёфт) таъсис ёфтанд. Донишгоҳ бо муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои олии ИМА, Олмон, Миср, Покистон, Эрон, бо машҳуртарин созмонҳои байналхалқӣ (Бунёди Сорос, Оғохон, Евразия), бо барномаҳои озмунии «Фулбрайт» (ИМА) ва тасис (Аврупо) равобити мустаҳками илмӣ барқарор намуд. Таҳти сарварии Сайдулло Абдуллоев Донишгоҳи  давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ба бузургтарин маркази тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ, мутахассисон барои тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, илм ва фарҳанги Тоҷикистон табдил ёфт. Сайдулло Абдуллоев дар кори тарбия ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ, илмӣ - омӯзгории соҳибунвон саҳми шоиста гузоштааст. Бори аввал дар донишгоҳ шӯроҳои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисосҳои «Таърихи Ватан», «Забон ва адабиёти тоҷик» таъсис ёфтанд. Сайдулло Абдуллоев раиси Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисоси  07. 00. 02.–Таърихи Ватан (илмҳои таърих) ба ҳисоб мерафт. Муаллифи беш аз 500 рисолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ оид ба масалаҳои таърихи асримиёнагии халқи тоҷик, фарҳангу маориф, мактаби олӣ ва ғайра мебошад. Сайдулло Абдуллоев иштирокчии як қатор конфронсҳо, симпозиумҳо ва мулоқотҳои байналхалқии илмӣ (Лондон, 1996, Эр-Риёд, 1997, Маскав, 1998, Санкт-Петербург, 1999, Теҳрон, Табрез, 1999) ва ғайра мебошад. ӯ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (соли 2000), узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000) барандаи Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Fафуров дар соҳаи илм (1996) ва Камоли Хуҷандӣ дар соҳаи адабиёт(1996), Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (1999) ба ҳисоб мерафд. Бо ордени «Дӯстӣ», медали «Остона»-и Ҷумҳурии Қазоқистон сарфароз гаштааст Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд (1999).

Носир Салимов Юсупович – (3 декабри соли 1960, Хуҷанд) директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология (2002), профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2008). Носир Салимов Юсупович, 3 декабри соли 1960, дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1982 баъд аз хатми факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод ба ҳайси лабарант,муҳаққиқи коромӯз ва баъдан чун аспирант фаъолият дошт. Солҳои 1988-1989 ходими адабии маҷаллаи «Садои Шарқ», Солҳои 1990-1992 ходими илмии Институти забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон. Аз соли 1992 дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба сифати дотсент, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷикӣ, директории «Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён» (1998-1999),ноиби ректори қисми илмӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров(1999-2001) фаъолияти доштааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2001 ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз 10 январи соли 2010 ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, соли 2012 ба вазифаи директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва 15 декабри соли 2014 ректори Донишгоҳи давлатии         омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъйин шудааст. Соли 2002 ва 2005 - вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва соли 2010 - вакили Маҷиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб шудааст, Моҳи марти соли 2005 узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон интихоб шудааст. Соли 1990 - рисолаи номзадӣ ва дар соли 2002 - рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Соли 1991 ҳамчун беҳтарин олими ҷавон барои силсилаи мақолаҳо ба дарёфти шаҳодатномаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ноил гардида, соли 1999 барои китоби дуҷилдаи «Сомониён дар оинаи таърих» ба дарёфти Ҷоизаи «Камоли     Хуҷандӣ»-и Ҳукумати вилояти Суғд мушарраф шудааст. Дар тӯли фаъолияти худ монографияҳои: «Маърифати бадеии таърих» (Хуҷанд, 1997,12 ҷ.ҷ.), «Мероси Оли Сомон» (Хуҷанд, 2001, 43,6 ҷ.ҷ.), «Марҳалаҳои услубӣ ва таҳаввули анвоъи наср дар адабиёти классикии форсу тоҷик (асрҳои IX-XIII)» Хуҷанд, 2002,25 ҷ.ҷ.)ва беш аз 100 мақолаи илмӣ - омавӣ нашр намудааст. Дар таҳияи ёдгориҳои хаттии асрҳои миёна, аз ҷумла: «Хазору як шаб» (Душанбе, «Адиб», ҷилдҳои 1-2, с.1992), «Сомониён дар оинаи таърих» (Хуҷанд, 1998, ҷ.1-2), «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» ва диг. иштирок дошт. Осори нависандагони рус ва булғорро бо номҳои«Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст» (Душанбе, Ирфон, 1998) «Ҳикояҳои А.П.Чехов» (Душанбе, 1991) тарҷума кардааст. Соли 2004 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2008 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид,Ҷоизаи «Камоли Хуҷандӣ» -и Ҳукумати вилояти Суғд. Соли 1999 ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон пазируфта шуд.Бо нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Остона» сарфароз гардидааст.

Низомиддин Зоҳидов - (8 июни соли 1957, ноҳияи Конибодом), шарқшинос, доктори илмҳои филологӣ (2004), профессор (2005). Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004). Факулттети шарқшиносии ДДТ ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1979). Фаъолияти меҳнатиаш ба сифати тарҷумони забони арабӣ дар шаҳри Бағдоди Ҷумҳурии Ироқ оғоз гардидааст (1979-1981). Соли 1981 дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти АИ ҶШС Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.Муҳаққиқ-коромӯзи шӯъбаи ленинградии Пажуҳишгоҳи шарқшиносии АИ ИҶШС (1983-1984), аспиранти АИ ҶШС Тоҷикистон (1984-1987), корманди илмӣ (1988-1990), котиби илмии ҳамин Пажуҳишгоҳ (1990-1992), сарвари шӯъбаи тадқиқоти филологии Маркази илмии Хуҷандии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (1992-1997), ҷонишини директор (1998-1999), директори Маркази пажуҳиши тамаддуни давраи Сомониёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1999-2000), ноибректор оид ба корҳои тарбия (2000-2001), ноибректор оид ба корҳои илм (с.2001-2010), ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2010). Муовини вазири ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар таҳқиқу баррасии масъалаҳои адабиёти арабизабони халқҳои эрони, равобити Арабу Аҷам ва таъриху фарҳанги аҳди Сомониён беш аз 100 мақола ва шаш рисолаи илмӣ таълиф кардааст, ки қисме аз онҳо дар Русия, Эрон ва кишварҳои дигар ба чоп расидаанд. ӯ дар рисолаҳои хеш ва силсилаи мақолаҳояш офаридаҳои адибону шоирони арабизабони эронинажоди қарнҳои нахустини исломро мавриди баррасӣ қарор дода, як қисми таркибии адабиёти форсу тоҷик будани онро ба субут расонидааст. Иштироккунандаи конфронс ва намоишҳои илмӣ дар Ленинград (1984), Теҳрон (1997,2005), Токио (2002), Маскав (2004), Коҳира (2006), Алмаато (2006). Барои китоби «Сомониён дар оинаи таърих» (бо хаммуаллиф) соҳиби Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ (1999) ва китоби «Насри арабизабони адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои VIII-IX» соҳиби Ҷоизаи ба номи Аълохон Афсахзод (2005) гардидааст.Арабоязычный период персидско-таджикской литературы VIII-IЧ вв. - Душанбе: Дониш, 1993; Адабиёти арабизабони форсу тоҷик аз истилои араб то аҳди Сомониён. - Хуҷанд: Ношир, 1999; Давраи арабизабони дар адабиёти форсии садаҳои 2-3 ҳичрии камари. - Техрон, 1380; Насри арабизабони форсу тоҷик дар асрҳои VIII-IX. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2004 ва гайра.

Ваҳҳоб Набиев Машрафович - (11 январи соли 1952, деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара) олим, муаррих, доктори илми таърих (1998), профессор, Академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия.Ваҳҳоб Набиев 11 январи соли 1952, дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара таваллуд шудааст.Хатмкунандаи факултети таърих ва аспирантураи кафедраи таърихи ҲКИШ Донишгоҳи давлатии  Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон). Аз соли 1975 то 1984 - лаборанти калон, ассистент, муаллими калон Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода; аз соли 1984 то 1997 - котиби комитети комсомоли Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, инспектор-методисти кумитаи комсомоли нохияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ва Вазорати мактабҳои олии Тоҷикистон; аз соли 1997 то 2003 - мушовири Президенти Тоҷикистон оид ба рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа; аз соли 2003 то 2007 - ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо  Турсунзода; аз соли  2007 то 2010 - муовин, муовини аввали Раиси ҳукумати вилояти Суғд; аз соли  2010 то 2012 - ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;аз соли  2012 то 2014 - профессор-мушовири кафедраи таърихи Ватани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Соли 1986 дар мавзӯи «Комсомоли Тоҷикистон ёрдамчии фаъолони ҳизби коммунистӣ дар татбиқи инқилоби маданӣ (солҳои 1929-1941)» рисолаи номзадӣ, соли 1998 дар мавзӯи «Таҷрибаи таърихии иштироки ҷавонон дар таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо  ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (солҳои 1961-1991)» рисолаи доктории хешро дифоъ намудааст. Силсилаи китобу монографияҳои ӯ «Бо номи дӯстӣ ва бародарӣ: таҷрибаи таърихии иштироки ҷавонон дар таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (солҳои 1961-1991)», «Комсомол ва фарҳанг», «Комсомоли Тоҷикистон дар дигаргунсозии маданияти деҳот», «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи        Тоҷикистон», «Самараи ризоият», «Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат», «Сайри гули лола: ҷустуҷӯ, бозёфт ва комёбиҳо», «Навниҳолони боғи истиқлол», «Иҷлосияи тақдирсоз ва самтҳои асосии ҳаракати             ҷавонони Тоҷикистон», «Сулҳ, Ризоият, Ваҳдат», «Ҷонфидоиёни Ватан», «Фарҳанг ва ҷавонон», «Ваҳдат - ганҷи ҷовидони миллат», «Нигоҳе ба фарҳанги миллии тоҷикон», «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ поягузори сулҳу ваҳдати тоҷикон», «Посдори фарҳанги миллӣ», «Президент Эмомалӣ Раҳмон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон», «Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол» ва ғайра мебошад.
Бо медалҳои «Хизмати шоиста», «20-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаҳои фахрӣ ва Сипосномаҳои КМ ВЛКСМ, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси СССР, КМ ЛКСМ Тоҷикистон, Вазорати маданияти Тоҷикистон, ҷамъияти «Дониш»-и     Тоҷикистон, Кумитаи шаҳрии Кировски КПСС вилояти Мурманск, Кумитаи вилоятии Смоленски ВЛКСМ, Федератсияи футболи  Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишонҳои ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ба номи академик Аловаддин Баҳоваддинов мукофотонида шудааст.

Ғафур Усмонов Ҳасанович – (10 сентябри соли 1958, ноҳияи Ғафуров) ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент, номзади илмҳои физика-математика. 10 сентябри соли 1958, ноҳияи Ғафуров таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна, солҳои 1975-1979 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров таҳсил намуда, пас аз итмоми он дар вазифаи сарлабаранти кафедраи физикаи назариявии Донишкада фаъолияти меҳнатиашро оғоз намудааст. Сипас солҳои 1979-1981 - муҳаққиқ- коромӯзи Донишкадаи физикаю техникии шаҳри  Ленинград, солҳои 1982-1985 аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1987-1992 – дар вазифаҳои муаллим, сармуаллим, дотсенти кафедраи физикаи назариявии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров фаъолияти меҳнатӣ дошт. Аз соли 1993 то соли 1998 аввал ба ҳайси мудири шӯъбаи илм, сипас мудири шӯъбаи таълими Донишгоҳ кор кард.Солҳои 1998-1999 - муовини ректор оид ба робитаҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,солҳои 1999-2000 муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият бурд. Аз солҳои 2000 то 2005 - муовини ректор оид ба корҳои тиҷоратии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2005 - 2010 дар маснади муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳ пурмаҳсул меҳнат намуд. Солҳои 2010-2011 дотсенти кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд.Солҳои 2011-2012 ба ҳайси муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкаловск фаъолият дошт. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2012 ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъйин гардида, дар ин вазифа то 31-уми октябри 2014 фаъолият намуд.
 

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло