1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ШӮРОИ СОБИҚАДОРОН

Дар ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат дар ҳамкорb бо раёсат ва ташкилотҳои дигари ҷамъиятии Донишгоҳ дар ҷодаи тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ пайгирона фаъолият мебарад.

Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Донишгоҳ ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, алахусус ба кори таълиму тарбияи ҷавонон, ки имрӯзу ояндаи миллатанд, бештар ҷалб намудани шахсиятҳои дорои таҷрибаи бои зиндагb, тарғиби анъанаҳои беҳтарини халқ, ғамхорию дастгирии собиқадорони ҷангу меҳнатро вазифаи муҳим мешуморад.

Моҳи январи с.2007 ба таъсиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ 20 сол пур шуд (25 январи с.1987). Дар тӯли ин солҳо ба Шӯро ашхоси зерин сарварb кардаанд: М.И.Искандаров (1991-96), А.Н.Набиев (1996-2001), {.Р.Саидов (2001-06), М.Исмоилов (аз с.2006).

Шӯрои собиқадорони Донишгоҳ 13 ташкилоти ибтидоиро дар бар мегирад. Дар сафи он 3 нафар иштироккунандагони ҶБВ - А.Исмоилов, М.Орипов, Ю.А.{ошимов, 5 нафар иштироккунандагони амалиёти ҷангb дар қаламрави давлатҳои дигар, 60 нафар дорандагони медали «Собиқадори меҳнат», 20 нафар нафақахӯрони дорои аҳамияти ҷумҳурb, 170 нафар нафақахӯрон, даҳҳо дорандагони ордену медал ва мукофотҳои давлатb, кормандони шоистаи Тоҷикистон, докторон ва номзадҳои илм, шаҳрвандони фахрии ш.Хуҷанд фаъолият доранд.

Аз ҷумлаи собиқадорони Донишгоҳ шодравон профессор С.Қ.Қаюмов раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ш.Хуҷанд ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати в.Суғд, дотсент А.Н.Набиев раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ш.Хуҷанд, А.Солиев раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ш.Хуҷанд интихоб шудаанд.

Бо ташаббуси Шӯрои собиқадорон дар Донишгоҳ анҷумани «Чароғи ҳидоят» таъсис ёфт, ки раиси он шодравон профессор Очилов {амдам Ғафурович буд. Иттиҳодияи ҷамъиятии хазинаи хайрияи «Мадад» низ фаъолият дорад.  

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло