1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ШӮЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН

Самтҳои асосии фаъолияти Созмони ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров


Имрӯз донишҷӯёни макотиби олӣ яке аз қувваҳои асосии ҳаёти сиёсии мамлакат маҳсуб мешаванд. Дар ин радиф, таъмини таълиму тарбия, ташаккулу камолот ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи пурсамари иқтисодии онҳо ба манфиати давлату ҷамъият яке аз масъалаҳои аввалиндараҷае мебошад, ки созмони ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Fафуров сармашқи кори худ кардааст.
Созмони ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров яке аз воҳидҳои таркибию сохтории донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар фаъолияти хеш Низомномаи донишгоҳ, Низомномаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Низомномаи Созмони ҷовонони донишгоҳро дастурамали хеш қарор дода, аз рӯи он фаъолият мебарад.
Созмони ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров бо таъсиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ки бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон таъсис дода шудааст, иртиботи бевосита дорад.
Соли 1997 дар таърихи ҳаракати ҷавонони Тоҷикистон соли махсус арзёбӣ мегардад. 23 майи соли 1997, маҳз дар рӯзи таърихие, ки вохӯрии навбатии Сарвари давлат бо ҷавонон доир гашт, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти №727 дар бораи таъсис додани Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба имзо расид, ки ба насли ҷавонони кишвар рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Дар ин замина, дар тамоми макотиби олӣ Созмонҳои ҷавонон таъсис ёфтаанд.
Бо ин ҳадаф ва барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, ба хусус фармону супоришҳои Ректори ДДХ ба номи академик Б. Fафуров шӯъбаи кор бо ҷавонон дар донишгоҳ фаъолияти пурсамар дорад.
Созмони ҷавонони донишгоҳ таҳти роҳбарии бевоситаи ректори Донишгоҳ ва сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият мебарад.
Созмони ҷавонони донишгоҳ аз соли 1997 таҳти роҳбарии Даврон Зоҳидов, Фурқат Ҳомидов, Рустам Абдуллоев, Мирзотоҳир Набиев, Абдурасул Бобоҷонов, Исмоил Маҳмудов фаъолияти пурсамар дошт ва то имрӯз низ дар ташаккули мавқеи шаҳрвандии ҷавонон саҳми назаррас дорад.
Аз моҳи ноябри соли 2008 фаъолияти Созмони ҷавонони донишгоҳ бо роҳбарии Иброҳимов Каримҷон Акпарович ва мутассадиёни секторҳои Созмон амалӣ гардида истодааст.
Созмони ҷавонони донишгоҳ дорои шаш бахшҳо: таълимӣ, илмӣ, иттилоотӣ, робитаи беруна, фарҳангиву маданӣ, тарбиявию ташкилӣ мебошад. Ҳар як бахшҳо ҳадаф, вазифа ва самтҳои фаъолияти афзалиятноки худро дорад. Аз ҷумла бахши таълим дар сохтори Созмон мавқеи махсусро ишғол менамояд. Вазифаҳои асосии ин бахш назорати ҷараёни таълим, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиш, ташкили вохӯриҳо, семинарҳо, ҷамъомадҳо барои муҳокимаи муаммоҳои таълим ва методикаи таълимот, таҳлили камбудиҳо ва таҳия намудани таклифу пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани вазъи таълим, назорати рафти супоридани имтиҳон ва санҷишҳо, ҳамкории пайваста бо деканатҳо мебошад. Дар ин замина, Шӯрои донишҷӯёни донишгоҳ мавқеи муҳимро ишғол меномояд. Дар ҷараёни Шӯро асосан масъалаҳои таълимии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор дорад.
Вазифаи ин бахш таҳия ва таҳлили мақолаву маърӯзаҳои илмии донишҷӯён, гузаронидани барномаҳо ва аксияҳои илмӣ, таҳия ва ташкили конфронсу семинарҳои илмию амалии дохили донишгоҳ аз ҷумла, бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, Конфронсҳои ҳарсолаи донишҷӯён ва олимони ҷавон, тайёрӣ ва роҳбаладии донишҷӯёни фаъол барои иштирок дар конкурсу озмунҳои илмию амалӣ, инчунин ошкор намудани донишҷӯёни фаъол ва тарғиб намудани онҳо ба корҳои илмӣ мебошад. Масъалаҳои мазкур, инчунин барои муҳокимаи васеи ҷавонон тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монда мешавад. Доир намудани чунин чорабиниҳои иттилоотию тарғиботӣ бевосита бар зиммаи бахши иттилоотии созмони ҷавонон мебошад.
Аъзоёни бахши иттилоотӣ донишҷӯёнро оид ба баргузории чорабиниҳои Созмон, донишгоҳ ва берун аз он хабардор намуда, дар бораи фаъолият, чорабиниҳои навбатии донишгоҳ дар воситаи ахбори омма ахборот таҳия ва дарҷ менамояд. Дарҷи эълонҳо, рӯзномаҳои деворӣ ва стендҳо, ҳамкории пайваста бо шӯъбаи табъу нашри донишгоҳ – моҳномаи «Нури маърифат», маҷаллаи «Ахбори ДДХ», рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ва матбуоти дигар, рӯзномаву маҷаллаҳои соҳаи иқтисодӣ – молиявӣ, ҳуқуқӣ – сиёсӣ, техникӣ – инноватсионӣ, маориф ва ҷавонон, инчунин радио ва телевизион тавассути фаъолияти аъзоёни ин бахш амалӣ мегардад. Баҳри ҷалб ва сафарбарбар намудани ҷавонон барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда аъзои бахши робитаи берун ҳамчун бахши ҳамоҳангсоз баромад мекунад.
Аъзои бахш дар баргузор намудани ҳамагуна чорабиниҳо, конфронсу семинарҳо оид ба масъалаҳои ҳалталаби ҷавонон бо ташкилоту созмонҳои ҷамъиятие, ки ба соҳаи маориф, иқтисодӣ – молиявӣ, ҳуқуқӣ – сиёсӣ, техникӣ – инноватсионӣ алоқаманд ҳастанд, ҳамкориро ба роҳ мемонанд. Дар сатҳи баланди фарҳангиву маданӣ баргузор кардани чорабиниҳо бар дӯши бахши фарҳангиву маданӣ аст.
Вазифаҳои асосии ин бахш таҳия, пешниҳоди нақшаи гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, ташкил ва гузаронидани онҳо, ҷалб кардани ҷавонон ба чорабиниҳои фарҳангӣ, ташкили корҳои тайёрӣ ба чорабиниҳо (тайёр намудани таклифномаҳо, толор ва ғайра). Бо ташаббуси ин бахш номгӯи васеи тадбиру чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла: - пешвозу қайди ҷашнҳои «Рӯзи дониш», «Истиқлолияти миллӣ», «Рӯзи Сарқонун», «Иди парчам», «Рӯзи байналхалқии мубориза алайҳи БМНБ (СПИД)», «Соли нав», Иди бонувон «8 – март», «Наврӯзи аҷам», Иди «Ғалаба», «Ҳафтаи ҷавонон» ва ғайра.
Бо мақсади ба низом даровардани чорабиниҳои донишгоҳ, назорати риоя намудани қоидаҳои тартиби дохилии донишгоҳ аз тарафи донишҷӯён бахши ташкилию тарғиботӣ таъсис дода шудааст. Аъзоёни ин бахш дар баргузории ҳамагуна чорабиниҳои донишгоҳ саҳм мегузоранд.
Баҳри ҳавасманд намудани донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ идрорпулиҳои номӣ, ба мисли Идрорпулии президентӣ, Раиси вилоят ва ректори донишгоҳ мавҷуд аст, ки тариқи озмун ба беҳтаринҳоро супорида мешавад.
Пешниҳоду дархостҳои аъзоёни Созмони ҷавонон дар кулли самтҳои фаъолияти он мавриди дастгирӣ ва ҳусни таваҷҷӯҳи роҳбарияти Донишгоҳ ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор гирифтааст.
Фаъолият дар Созмони ҷавонон имконият медиҳад, ки донишҷӯён доираи дӯстони худро васеъ намоянд, сатҳ ва дараҷаи ҷаҳонбинии онҳо густариш ёбад, қобилияти эҷодиашон амалӣ ва васеъ гардад. Онҳо метавонанд иштирокчӣ ва ташкилкунандаи чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ бошанд. Заҳмати донишҷӯёнро Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тавассути идрорпулиҳои номӣ, мукофотпулиҳо, ифтихорномаҳо ва дигар намудҳои ҳавасмандкунӣ қадрдонӣ мекунанд.
Дар як вақт шӯъба барои рушд ва омода кардани мутахассисони ҷавон саҳми назаррас дорад. Имрӯз собиқ дастпарварон ва роҳбарони шӯъба дар мансабҳои пурмасъул адои вазифа мекунанд. Бо боварӣ гуфта метавон, ки созмони ҷавонони донишгоҳ заминаи устувор барои ташаккули ҳамаҷониба ва амалӣ намудани малака ва маҳорати донишҷӯён фароҳам меоварад.  

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло