1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

БАХШИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА КОР БО ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ

Дар донишгоҳ 116 нафар муҳассилини хориҷӣ таҳсил менамоянд, ки бештари онҳо дар шӯъбаи рӯзона мебошанд. Кормандони бахши мазкур бо омода намудани ҳуҷҷатҳои ин донишҷӯён ва ба қайд гузоштани онҳо дар шӯъбаи корҳои дохилӣ машғул ҳастанд. Агарчанде нисбат ба солҳои гузашта шумораи донишҷӯёни хориҷӣ кам шуда бошанд ҳам, сифати хониши онҳо ва давомоташон беҳтар шудааст. Аксари онҳо гурӯҳҳои буҷавӣ таҳсил менамоянд, зеро ки дар асоси Шартномаҳои байни ҳукуматӣ ва квотаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳи мо ворид шудаанд. Тақсимоти донишҷӯёни хориҷӣ мутобиқи факултетҳо дар ҷадвали поён оварда шудааст:

№           Факултетҳо     Қирғизистон     Қазоқистон      Кореяи Ҷанубӣ     Ӯзбекистон     Умумӣ
1     Математика     11     3     -     1     15
2     Забонҳои хориҷӣ     11     3     -     -     14
3     Педагогӣ     7     4     -     -     11
4     Геоэкология     7     3         1     11
5     Биология-химия     7     1     -     -     8
6     Филология     4     -     2     2     8
7     Филологияи тоҷик     4     3     -     -     7
8     Кибернетика     6     -     -     -     6
9     Физика-техника         4     -     -     4
10     Телекоммуникатсия ва ТИ     1     -     -     -     1
11     Молия ва ИБ         1     -     -     1
12     Тарбияи ҷисмонӣ         1     -     -     1
13     Забонҳои шарқ     -     -     -     1     1
14
15    Дар шӯъбаи ғоибона
Дар магистратура                    22
7
    Умумӣ     58     23     2     5     117

 Раесати Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд борои  баланд бардоштани донишу малакаи  кормандони раёсат, омӯзгорони факултетҳо аҳамияти махсус медиҳад. Сол аз сол шумораи иштироккунандагони семенару конфронсҳои байналмиллали дар хориҷи кишвар зиёд шуда истодааст Дар соли хониши 20914-2015 мутобиқи барномаҳои гуногуни фондҳо,  ташкилотҳои хориҷӣ ва махсусан лоиҳаҳои ТЕМПУС - 41 нафар  ба кишварҳои Юнон,Испания.Эстония,Олмон    Ҷумҳурии Исломии Эрон, Британияи Кабир, Қазокистон, Туркманистон, Ӯзбекистон сафар намуда,бо гузоришҳои худ баромад намуданд. Дар ин муддат 8 семинарҳои омузиши ва иттилооти бо мақсади фаҳмонда додани ҳадафи барномаҳои гуногуни ба донишгоҳ воридшаванда ,барои омӯзгорон,донишҷӯен,магистрантон ва аспирантон  гузаронида шуд,ки дар онҳо зиеда аз300 нафар иштирок намуданд.     

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло