ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.



Lof JSliderNews 1.0 - Jquery 1.3
  • ҲИСОБОТИ РЕКТОР ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ 2017

  • МУЛОҚОТ ОИД БА ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ДАР ДОНИШГОҲ

  • ИЛМ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

  • ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • ПАЁМ – ПАЙҒОМИ САРНАВИШТСОЗ

  • ВОХЎРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ


ҲИФОЗАТИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ҲИФЗИ ОСОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ФАКУЛТЕТИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯ

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии забони модарӣ ва ҳафтаи илм дар факултети санъати тасвирӣ ва технология муаррифии китоби Пешвои миллат «Забони миллат-ҳастии миллат» баргузор гардид. Сараввал, дар бораи Рўзи байналмилалии забони модарӣ муаллими кафедра Ҳусанбоев Н. гузориш дода, дар атрофи масъалаҳои мубрами марбут ба соҳаи забоншиносӣ ибрози ақида намуд. 

 

Аз назар гузарониданд: 10 нафар

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАМУНАВӢ БАХШИДА БА ҲАФТАИ ИЛМ ДАР КАФЕДРАИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ИНФОРМАТИКА

Бахшида ба Ҳафтаи илм, дар факултети забонҳои шарқ семинари илмӣ-намунавӣ таҳти унвони “Истифодаи тахтаи интерактивӣ  ва маводҳои мултимедӣ дар раванди таълим” доир гардид. Нахуст мудири кафедраи мазкур, дотсент Ҳ. Аҳмедов аз мақсади ташкил кардани ин семинар маълумот дод.  Номбурда дар баромади хеш зикр намуд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва тарбияи мутахассисони ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Аз назар гузарониданд: 25 нафар

МАҶЛИСИ ВАСЕЪИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ БА НОМИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Дар партави супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи  васеи КИИ Б. Ғафуров дар назди Кумитаи маҳаллаи Раззоқ ҳисоботи фаъолияти солонаи худро доир намуд. Ҷаласаро Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ, ректори Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ошно намуд. Сипас, аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ  баромади муфассал оид ба фаъолияти солонаи Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии он манзури аҳли нишаст гардид.

Аз назар гузарониданд: 24 нафар

ҲАФТАИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲӢ ДАР КАФЕДРАИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Баҳри иҷрои талаботҳои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар донишгоҳ ҳафтаи илм эълон гардидааст. Ба ин муносибат дар кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ конфронси илмӣ баргузор гардид, ки дар он, ноибректори  шӯъбаи илм ва инноватсия профеессор Сабуров Х. ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд. 

 

Аз назар гузарониданд: 35 нафар

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ - МАКТАБИ ҶАСОРАТ ВА САДОҚАТ БА ВАТАН

Ба муносибати ҷашни 25 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар хобгоҳи №9-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Тарбия дар руҳияи бунёдкорӣ ва созандагӣ» баргузор гардид. Конфронсро декани факултети таърих ва ҳуқуқ Маҳмудова Н.С. ҳусни оғоз бахшида, донишҷўёни хобгоҳро бо фарорасии иди Артиши миллӣ табрик намуд ва қайд кард, ки ҷомеаи имрўза ба насли дар руҳияи ватандўстию худшиносии миллӣ ба воя расида эҳтиёҷ дорад. 

Аз назар гузарониданд: 35 нафар

НИШАСТИ 159-УМИ МАҲФИЛИ ИЛМИВУ АДАБИИ “ГАНҶИ СУХАН”

Ин навбат маҳфили илмиву адабии  «Ганҷи сухан” дар толори китобхонаи вилоятии  оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ олимону адибон ва мухлисони каломи бадеъро ҷамъ овард. Нахуст маҳфилро роҳбари маҳфил Саидумон Саидов ифтитоҳ бахшида, аз санаи муборак 70 солагии узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад ёд кард ва аз хидматҳои фаровони ин олим дар ҷодаи адабиётшиносӣ ба ҳозирин маълумот дод.

Аз назар гузарониданд: 53 нафар

1 | 2 | 3 > >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар