1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Шамсиддинов Мӯъминҷон Инъомҷонович

Шамсиддинов Мӯъмин Инъомҷонович, 16 июли соли 1958 дар деҳаи Унҷии ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1965 ба синфи якуми мактаби таҳсилоти умумии №12 шаҳри Хуҷанд рафта, онро соли 1975 ба итмом расонида, ба Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Киров аз рӯи ихтисоси фанҳои умумитехникӣ меҳнат ва физика дохил шуда, онро соли 1980 бо муваффақият хатм намуд. Пас аз хатми институт ба кафедраи асосҳои истеҳсолоти факултети физика ба ҳайси муаллим ба кор қабул гардид. Моҳи январи соли 1984 ба вазифаи сармуаллими кафедраи асосҳои истеҳсолот интихоб шуд. Аз 1 декабри соли 1990 то 31 январи соли 1993 дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, 21 декабри соли 1993 рисолаи номзадиашро бо дарёфти унвони номзади илмҳои физикаю-математика ҳимоя кард. Аз январи соли 1994 ба сифати сармуаллими кафедраи асосҳои истеҳсолот аз нав ба кор қабул шуда, баъдан ба ҳайси мудири кафедраи механизатсияи истеҳсолоти саноат ва хоҷагии қишлоқ ва аз 23 январи соли 1996 ба вазифаи ноибдекани таълими факултети физикаю-техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таъин гардид. Моҳи июни соли 1998 раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд интихоб шуда, пас аз он аз моҳи марти соли 2003 ба ҳайси роҳбари дастгоҳи раёсати донишгоҳ таъин гардид. Аз 12 октябри соли 2005 то 15 ноябри соли 2010 дар вазифаи ноиби ректор оид ба бахши тиҷоратии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров адои вазифа намуд. Аз 15 ноябри соли 2010 то 08 июни соли 2012 ба ҳайси дотсенти кафедраи Технология ва соҳибкорӣ дошт. Бо фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 июни соли 2012 ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин гардид. Оиладор, соҳиби 4 нафар фарзанд.

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло