1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Сабуров Хайрулло Мирзоевич

Сабуров Хайрулло Мирзоевич 10-уми майи соли 1967 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Ғончӣ ба дунё омадааст. Соли 1988 ба факултети педагогика ва методикаи таълими ибтидоии ДДОЛ ба номи С.М.Киров (ҳозира ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) дохил шуда, онро соли 1992 бо дипломи аъло хатм намуд. Дар давраи таҳсил гирандаи стипендияи Шӯрои олимони донишгоҳ буд. Баъди хатм Сабуров Х.М. баҳри идомаи фаъолияти педагогӣ ба донишгоҳ мононда шуда, худи ҳамон сол ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи ДДОД ба номи Қ.Ш.Ҷӯраев фиристода шуд. Солҳои 1992 – 1993 коромӯз – тадқиқотчии кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе бо номи Қ.Ш.Ҷӯраев буд. Баъдан солҳои 1993 – 1996 аспиранти шӯъбаи рӯзонаи кафедраи мазкур буд. Тадқиқоти илмиро дар атрофи муаммои «Барқароршавӣ ва инкишофи хонаҳои бачагон ва мактаб – интернатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба итмом расонида, 27 - уми феврали соли 1997 дар Шӯрои диссертатсионии ДДОД ба номи Қ.Ш.Ҷӯраев ҳимоя намуда, сазовори унвони номзади илмҳои педагогӣ гардид. Аз моҳи сентябри соли 1997 ӯ фаъолияти педагогии худро дар факултети педагогии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ба сифати сармуаллими кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ оғоз намуд. Соли 1998 ба вазифаи мудири кафедраи мазкур таъин мегардад, ки дар ин вазифа то соли 2005 фаъолият намуд. Солҳои 2005 – 2008 ба сифати сармутахассиси шӯъбаи таълими раёсати ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров адои вазифа намудааст. Дар натиҷаи ҷамъбасти корҳои илмӣ – тадқиқотии солҳои 2002, 2003, 2011,2014 «Олими соли факултет» пазируфта гардида буд. Аз моҳи феврали соли 2008 декани факултети педагогӣ таъин гардид, ки ин вазифаро то моҳи сентябри соли 2011 дар ӯҳда дошт. Аз моҳи сентябри соли 2011 то моҳи июни соли 2015 дар вазифаи мудири кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбии факултети педагогӣ фаъолият намудааст. Аз моҳи июли соли 2015 то моҳи сентябри соли 2016 сарварии факултети педагогиро дар ӯҳда дошт. Аз 23.05.2014 узви вобастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия мебошад. 27-уми сентябри соли 2014 дар Шӯрои диссертатсионии назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзӯи «Асосҳои мафҳумӣ – равишшиносии мундариҷаи стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва технологияи татбиқи он дар фаъолияти синфҳои ибтидоии мактабҳои Тоҷикистон» рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Муаллифи зиёда аз 200 номгӯи маводҳои таълимӣ ва илмӣ – методӣ мебошад. Фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ – тадқиқотӣ ва ҷамъиятии Сабуров Х.М. бо унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон»,Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои Идораи кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси шаҳри Хуҷанд ва раёсати ДДХ ба номи академики Б. Ғафуров қадршиносӣ гардидааст. Сабуров Х.М. оиладор буда, падари се фарзанд мебошад. Аз 1-уми сентябри соли 2016 дар вазифаи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият мебарад.

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло