1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Раҳмонов Шарафҷон Абдусамадович

Раҳмонов Шарафҷон Абдусамадович 22 августи соли 1980 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1997 баъди хатми мактаби миёнаи № 42-и ноҳияи Ашт ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дохил шуда, соли 2002 онро хатм намудааст. Пас аз анҷоми таҳсил Раҳмонов Ш.А. барои идомаи фаъолияти таълимӣ ва илмӣ ба донишгоҳ ба кор ҷалб карда шуд. Худи ҳамон сол ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии идоракунии ш. Москави Федератсияи Русия дохил гардида, онро моҳи апрели соли 2006 бо муваффақият хатм намуд. Раҳмонов Ш.А. 12 апрели соли 2006 дар Шўрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии идоракунии ш. Москави Федератсияи Русия рисолаи номзадиро дар мавзўи «Государственное регулирование ВЭД по средствам таможенной службы в Республике Таджикистан» ҳимоя намуд.
Аз 01 сентябри соли 2006 то 09 декабри 2008 ба ҳайси мудири кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ ва аз 09 декабри соли 2008- то 01 сентябри 2010 декани факултети тиҷорати Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст.
Аз 01 сентябри соли 2010 то 05 октябри 2015 вазифаи декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ва аз 05 октябри соли 2015 то 04 апрели 2017 мудири шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълими Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷандро ба ўҳда дошт.
Дар баробари вазифаҳои идоракунӣ мавсуф ба ҳайси дотсенти кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ фаъолияти таълимии хешро низ идома бахшидааст. Муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ, монография ва дастурҳои таълимӣ мебошад. Давоми солҳои фаъолияти хеш дар ин муассисаҳои илмиву таълимӣ мавсуф дар чандин конфронсҳои илмӣ ва амалӣ, семинару машваратҳо, курсҳои бозомузӣ дар кишварҳои Белорус, Русия, Шветсия, шоҳигарии Испания ва амсоли ширкат варзида, баробари муаррифии дастовардҳои илмӣ донишҳо ва таҷрибаҳои таълимиву илмии хешро такмил намудааст. Барои хизматҳои шоиста бо Ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон тақдир гардидааст.
Раҳмонов Ш.А. бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №1187 аз 6 апрели 2017 ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин гардида, айни замон дар ин мақом фаъолият доранд.

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло