1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Раҳимов Абдулфаттоҳ Иброҳимович

Раҳимов Абдулфаттоҳ Иброҳимович 5-январи соли 1955 дар деҳаи Дараи об ноҳияи Шӯрободи собиқ вилояти Кӯлоб (ҳоло вилояти Хатлон) дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1971 ба факултети табиатшиносию-географияи Институти педагогии ба номи С.М. Кирови шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров) дохил шуда, соли 1976 хатм намуд. Пас аз хатми Донишгоҳ ба ноҳияи Восеъ собиқ вилояти Кӯлоб ба кор рафт. Сипас дар мактаби миёна №1 ш. Кӯлоб баъдан дар Институти такмили ихтисоси муаллимони вилояти Кӯлоб аз соли 1988 то соли 1992 дар вазифаи мудири кабинети методии биология-география ва химия кор кард. Соли 1992 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров ба кор омада, дар вазифаҳои сарлаборант, муаллим, муаллими калон ва муовини декан оид ба таълим, тарбия ва шӯъбаи ғоибона фаъолият намуд. Соли 2000-ум дар шаҳри Душанбе рисолаи номзадиашро ҳимоя кард. Соли 2000 ба Раёсати Донишгоҳ дар вазифаи муовини дастгоҳи раёсати донишгоҳ ба кор таъин шуд. Аз соли 2004 то соли 2009 дар вазифаи мудири шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳ фаъолият бурд. Аз соли 2009 то соли 2012 дар вазифаи муовини ректор оид ба шӯъбаи ғоибона ишғоли вазифа кард. Аз моҳи июни соли 2012 то ин ҷониб дар вазифаи муовини ректор оид ба корҳои таълим фаъолият бурда истодааст. Оиладор , соҳиби 6 фарзанд мебошад.

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло