1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ШӮЪБАИ МАГИСТРАТУРА

zxcДонишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти худро дар асосии Қарор ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Таҳти фармони ректори Донишгоҳ №52 аз 1-уми марти соли 2012 тибқи Қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти шўъбаи магистратура дар назди Раёсати илми Донишгоҳ ба роҳ монда шуд. Минбаъд бо мақсади боз ҳам хубтар ба роҳ мондани раванди таълим дар магистратура аз санаи 12.03.2014 тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ таҳти №110 дар сохтори Раёсати таълим Шўъбаи магистратура таъсис дода шуд. Дар шўъбаи магистратура 3 нафар кормандон – мудири шуъба, сармутассис ва нозир фаъолият мебаранд. Шуъбаи магистратура фаъолияти худро дар асосии Низомномаи магистратура, дастуру супоришоти ректори Донишгоҳ, раёсати илм ва таълим, қарори Шурои олимони Донишгоҳ, нақшаи корӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқиву меъёрӣ ба роҳ мондааст.

Қабул ба магистратураи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси Низомномаи магистратураи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи қабул ба роҳ монда шудааст. Соли хониши 2014-2015 ба магистратура бо фармони ректори Донишгоҳ 284 нафар магистрантон қабул карда шуданд, ки 12 %-и дохилшудагонро довталабон аз дигар мактабҳои олии Ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.

Соли хониши 2013-2014 223 нафар ва соли хониши 2012-2013 бошад ҳамагӣ 170 нафар довталабон ба магистратура қабул гардиданд. (замимаи 1)

Ҷоиз ба қайд аст, ки соли хониши 2013-2014 аввалин магистрантон пас аз ҳимояи рисолаҳои магистрӣ ва супоридани имтиҳоноти давлатӣ Донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, сазовори дараҷаи Магистри илмҳо гардиданд. Бояд қайд кард, ки аз 127 нафар хатмкунандагон 44 (35%) нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд. (замимаи 2)

Пас аз хатми магистратура 3 нафар магистрантон ба аспирантураи Донишгоҳ роҳхат гирифта, 27 нафарашон ба вазифаҳои гуногуни Донишгоҳ ба кор қабул гардиданд.

Мутассифона дар соли хониши 2014-2015 ҳамагӣ 20 нафар магистрантон бо сабабҳои иштирок накардан ба машғулиятҳи таълимӣ (18 нафар), бартараф накардани қарзи академӣ (1 нафар) ва насупоридани маблағи таҳсил (1 нафар) тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ аз магистратураи Донишгоҳ хориҷ карда шуданд.

Ҳоло 482 нафар муҳассилин дар 14 факултетҳои Донишгоҳ аз рўи 27 ихтисос таҳсил менамоянд. Аз ҷумла 282 нафарашонро магистрантони курси аввал ташкил медиҳанд. (замимаи 3)

Дар магистратураи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров магистрантон аз дигар давлатҳо – Қазоқистон (1 нафар), Туркия (3 нафар) ва Афғонистон (3 нафар) низ таҳсил менамоянд.

Ҳамчунин 6 нафар магистрантони Донишгоҳ ғолиби барномаҳои байнималӣ гардида, ба давлатҳои хориҷа (Германия, Италия, Польша) сафар намуданд. Вобаста ба ин байни магистрантон сенинари ҳисоботии магистрантони дар хориҷа таҳсилнамуда дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Барои 28 ихтисосҳои амалкунандаи магистратура стандартҳои давлатӣ омода гардида, барои тасдиқи Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон дар асосии стандартҳо ба нақшаҳои таълими ихтисосҳо таъғирот дароварда шудаанд. Соли хониши ҷорӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз 2 ихтисосҳои нав - Агроэкология ва Рўзноманигорӣ иҷозатнома гирифта шуд.

Аз тарафи кормандони шўъба “Дастурамал оид ба таҳия ва ҳимояи рисолаи магистрӣ”, ки дар он натанҳо ҳамаи қоидаҳои саҳеҳ тартиб додани рисола, балки ҳуҷҷатҳои ба он дахлдор (ариза барои тасдиқи мавзўи илмӣ-тадқиқотӣ, мулоҳизоти роҳбари илмӣ, тақризи муқарризон ва ғ.) акси худро ёфтаанд. Дастурамал ба ҳамаи факултетҳои Донишгоҳ дастрас карда шуд ва магистрантону роҳбарони илмӣ аз он пурсамарона истифода бурда истодаанд.

Айни ҳол боз як дастурамали методӣ оид ба “Омода ва таҳияи кори (лоиҳаи) курсӣ” омодаи чоп гардиааст.
Шўъбаи магистратура ба нақша гирифтааст, ки як маҷмўаи мақолаҳои илмии магистрантонро омода намуда, аз чоп барорад. Ҳоло зиёда аз 100 адад мақолаҳои илмии магистантон роҷеъ ба мавзўи рисолаҳои магистрии худ аз рўи равияи фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ бо тақризҳои роҳбарони илмӣ ҷамъ карда шуда, рўзҳои наздик барои таҳрир супорида мешавад.

Байни донишҷўёни курсҳои чорум ва магистарнтон мунтазам семинар-машваратҳо оид ба моҳияти таҳсил дар магистратура ва афзалиятҳои он гузаронида мешавад.
Мувофиқи нақшаи кории шўъба ҳар сол бо мақсади ҳавасмандгардонии магистрантон дар ҷодаи илм озмунҳои гуногун ба монанди “Магистранти беҳтарин”, “Кори илмӣ-тадқиқотии актуалӣ” ва ғайраҳо барпо гардида, ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

 

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло