1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ

Баҳри таъмини иҷрои Қонуни ҶТ “Дар бораи Парки технологӣ” тибқи фармони ректори Донишгоҳ аз 06.12.2011, №406 Парки технологии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таъсис ёфтааст. Оиннома, Низомнома ва Нақшаи кории ПК, ки бо назардошти талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи Парки технологӣ”, қарорҳои дахлдори ҷаласа ва мушовараи Вазорати маорифи ҶТ (аз ҷумла, қарори мушовараи ВМ ҶТ аз 31 майи соли 2011, № 13/29 дар бораи тасдиқи “Низомномаи намунавӣ оид ба ташкил ва фаъолияти Парки технологии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва илмии соҳаи маориф”) таҳия шудаанд, дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳ аз 28.06.2012, №13 баррасӣ ва тасдиқ шудаанд. Дар соли ҳисоботӣ рафти иҷрои корҳои банақшагирифташуда ба тариқи зайл сурат гирифт.
Дар соли ҳисоботӣ8 ҷаласаи Шӯрои илмию техникӣ баргузор ва дар онҳо 18 масъала баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул шудаанд.

Дар факултетҳои Донишгоҳ низ Шӯроҳои илмию техникӣ таҳти раисии деканҳои факултетҳо таъсис дода шудаанд ва тибқи нақшаҳои кории худ фаъолият доранд.
Таъсис додани ихтисосҳои нави менеҷменти инноватсионӣ, ҳуқуқши- носи Парки технологӣ, иқтисоддони Парки технологӣ, идоракунии ихтироъ- корону навоварон, ташкилотчии истеҳсолот ва ғайраҳо (таҳияи Стандарти давлатӣ, нақша ва барномаҳои таълимии ихтиссосҳои мазкур) идома дорад. Шӯрои илмию техникии ПТ раёсати таълим, шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳои дахлдорро вазифадор кардааст, ки иҷрои саривақтии супориши мазкурро таъмин намоянд.

Маркази омӯзишиву таҳқиқотии технологияи компютерӣ, корҳои таъмирӣ, хизматрасонии техникиву матбаавӣ-рекламавӣ ва такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ (Маркази компютерӣ) таъсис дода шудааст. Дар Марказ омўзиши технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ дар асоси барномаҳои таълимӣ бо истифодаи проектори мултимедӣ ба роҳ монда шудааст. Дар соли ҳисоботӣ 34 нафар (аз ҷумла, донишҷӯёни факултетҳои математика, кибернетика, физикаю техника, молия ва ИБ) дар курсҳои омӯзиши технологияи компютерӣ иштирок намуда, пас аз хатми он соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Даҳ нафар донишҷӯёни факултети биология ва химия, ки хоҳиши такмил додани омӯзиши забони русиро доштанд, бо баъзе сабабҳо таҳсилро ба итмом нарасониданд.Дар баробари ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат Марказ инчунин ба донишҷўёни факултетҳои физикаю техника, молия ва иқтисодиёти бозор, кибернетика барои ташкили машғулиятҳои таълимӣ низ хизматрасонӣ менамояд. Дар Марказ ташкили курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши технологияи компутерӣ барои омӯзгорони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо ба нақша гирифта шудааст. Боистифодаи интернет кормандони Маркази компютерӣ базаикитобҳоиэлектронироташкилнамудаанд. Ҳоло дар базазиёда аз 600 номгўикитобҳоиэлектронӣ ҷамъ оварда шудаанд, ки аз онҳо устодон ва донишҷўён ҳангомиомўзишифанҳоигуногунистифодабурда метавонанд. Дар Марказинчуниномўзишизабонианглисӣбоистифодаи компютер банақша гирифта шудааст. Барои ин маводҳои гуногун, монанди дискҳои лазерӣ ва дигар маводҳои компютерӣ истифода бурда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки ин методи омўзиши забонҳои хориҷӣ яке аз методҳои алтернативии истифодаи кабинетҳои лингофонӣ маҳсуб меёбад.

Дар Маркази компютерӣ минбаъд корҳои таъмирӣ, хизматрасониҳои техникиву матбаавӣ-рекламавӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар Маркази компютерии ПТ семинари доимоамалкунанда оид ба омӯзиш ва истифодаи технологияи компютерӣ, усулҳои фаъоли таълим таҳти роҳбарии устод Абдуллоев А. ба роҳ монда шудааст (нақшаи семинар замима карда шудааст).

Ба роҳ мондани таҳқиқоти илмии олимону аспирантон, магистрантҳо ва донишҷӯёни факултетҳои биология-химия ва география-экология дар соҳаи чорводорӣ, паррандапарварӣ, занбӯрпарварӣ, растанипарварӣ дар минтақаи таълимиву таҷрибавии “Палос”. Бо ин мақсад аз минтақаи “Палос” барои истифодабарии ПТ 3 га замин ва молхона барои 12 сар чорвои калон ҷудо шудааст. Алҳол аз ҷониби кормандони ПТ дар майдони наздик 0,7 га тухми гандум ва дар майдони наздик 0,4 га картошка кишт шудааст. Бо дастгирии декани факултети биология-химия ва иштироки 11 нафар донишҷӯёни ин факултет санаи 09 апрели соли ҷорӣ наздик 1000 м ҷӯйбор, ки заминҳои минтақаи “Палос”-ро бо системаи обёрикунандаи марказии минтақавӣ мепайвандад ва аҳамияти стратегӣ дорад, аз партовҳо тоза ва ба ҳолати хуби корӣ омода карданд.Шинонидан дарахтони ороишиву мевадиҳанда дар назар аст.

Ҷорӣ намудани технологияи аълосифат оид ба истеҳсоли маҳсулот барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷи Донишгоҳ, муассисаҳои таълимии шаҳру вилоят ва маҳсулоти ниёзи мардум дар устохонаҳои таълимии кафедраи технология ва методикаи таълими он. Бо ин мақсад дастгоҳи коркарди ДСП, ламинат, ки истеҳсоли Чин буда, 13 000 сомонӣ арзиш дорад, ба устохона дастрас ва ба кор омода шудааст. Чанде пеш тибқи дархости раёсати Донишгоҳ ҷиҳати харидории маҳсулоти мебелӣ барои таъмини хобгоҳи донишҷӯёни №3 дар маҳаллаи 20-ум, ки аз таъмири умумӣ (капиталӣ) бароварда, барои 294 нафар духтарони тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда пешбинӣ шудааст, дархости тендерӣ эълон ва дар он Парки технологии Донишгоҳ иштирок намуд ва ғолиб омад; комиссияи муштараки тендерӣ дар ҷаласаи худ аз санаи 17.07.2013 с. бартариҳои Парки технологии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуровро ба инобат гирифта, муайян намуд, ки пешниҳоди ПТ оид ба истеҳсоли рахти хоб (кроват), миз, курсӣ бо шартҳои асосии дархости тендерии харидор-раёсати ДДХ ҷавобгӯй мебошад. Парки технологӣ маблағи умумии корҳоро ба андозаи 125229 сомонӣ пешниҳод намуд, ки аз маблағи дархостии раёсати Донишгоҳ 15,9% (23688 сомонӣ) арзон мебошад. Кормандони Парки технологии Донишгоҳ дар маҷмӯъ 305 адад рахти хоб (кроват), 140 адад мизи дарсхонӣ, 10 адад мизи компютерӣ, 315 адад курсӣ, 5 ҷевони китобмонӣ ва 4 адад миз барои ошхонаи хобгоҳро истеҳсол намуданд.Бо камоли эҳтиром ба кормандон ва устодоне, ки барои пешрафти фаъолияти Парки технологӣ саҳми арзанда доранд, метавон арзи сипос ва миннатдории роҳбарияти Парки технологиро эълон кард: М.А.Қӯзиев, В. Қобилов, Р.А. Алиев, С.Набиев, Р.Шерғозиев, Н.Азизов, Қ.Набиев, Қ.Абдураҳмонов, М.Раҳматов, А.Тоҷибоев ва дигарон.

Яке аз ҳадафҳои оинномавии Парки технологӣ - ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ ҷалб намудани донишҷӯён маҳсуб меёбад. Бо изҳори қаноатмандӣ номи донишҷӯёни факултетҳои зерини Донишгоҳро вирди забон мегирем, ки дар доираи фаъолияти Парки технологӣ дар корҳои созандагиву бунёдкории хобгоҳи №3 саҳм гирифтанд: физикаю техника–Мирзошехов Далер, Очилов Иномҷон, Камолҷони Диловаршоҳ, Каримов Муҳаммадҷон, Рустамов Саидаҳмад; рассомиву графикӣ-Қурбонов Равшан, Абдуллоев Зафар, Раҳматуллоев Амирҷон; молия ва иқтисоди бозор-Валиев Саидҷон; математика-Алиев Далерҷон ва дигарон.
Аз ҳисоби фоидаи бадастомада заминаи моддиву техникии ПТ бо дастгоҳҳо, асбобу афзорҳо ва таҷҳизоти зарурӣ ғанӣ гардонида шудааст.
Дар назди ПТ сехи таълимиву истеҳсолии дӯзандагӣ таъсис ётааст, ки бо 6 адад мошинкаҳои дӯзандагӣ, 1 адад мошинкаи “аверлог” ва 1 адад мошинкаи дастӣ муҷаҳҳаз мебошад. Парки технологӣ дар озмуни тендерӣ ҷиҳати дӯхтани пардаҳо, харидории карнизи алюминӣ ва насби онҳо дар хобгоҳи донишҷӯёни№3 ба маблағи умумии 21851 сомонӣ иштирок намуд ва ғолиб омад. Парки технологӣ маҳсулоти пешбинишударо дар фурсати кӯтоҳ, бо сифати аъло иҷро ва дар мӯҳлати муқарраршуда ба фармоишгар супорид. Дар маҷмӯъ 415,05 м/п карнизи алюминӣ насб карда шуд, 618,60 м/п парда дӯхта ва насб карда шуд.
Дар сехи дӯзандагии ПТ машғулиятҳои амалии донишҷӯёни ихтисосҳои “Технология” ва “Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ” ба роҳ монда шудааст. Таъсиси маҳфили ҳунарҳои миллӣ оид ба дӯзандагиву буррандагӣ, гулдӯзии компютерӣ дар назар аст.  

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло