1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ЭЪЛОН! ОЗМУН!

Шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифтааст, ки ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  миёни донишҷӯён, магистрантон, аспиратон ва муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ озмуни мақолаи беҳтаринро дар мавзӯъҳои зерин баргузор намояд: «Ҷавонон ва истиқлолияти давлатӣ», «Нақши ҷавонон ва ташкилотҳои ҷавонон дар таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ», «Ҷавонон ва тарбияи ватандӯстӣ», «Истиқлолият ва донишҷӯи муосир», «Мо ҷавонони имрӯз ҳамқадами истиқлолияти Тоҷикистонем» ва дигар мавзӯъҳое, ки ба нақши ҷавонон ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пайвандӣ доранд.
Ғолибон бо мукофотҳо тақдир гардида, беҳтарин мақолот дар шакли китоби алоҳида ба нашр хоҳад расид. Маҷмӯаи мақолот дар рӯзҳои таҷлили 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нашр хоҳад шуд.
Муҳлати  қабули мақолаҳо  то 15 августи соли 2016 ба почтаи электронии nurali74@mail.ru .
Тел. барои иттилои бештар: 92 8763797, 92 7633656 .
 
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло