1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

БА ТАВАҶҶУҲИ ДОНИШҶӮЁН!!!

Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори «Рӯзи модар» байни муҳассилини донишгоҳ озмуни беҳтарин иншоро дар мавзуъҳои «Меҳри модар», «Қадри модар» ва «Биҳишт зери қудуми модарон аст»-ро эълон менамояд.
Дар озмун метавонанд кулли донишxeёни факултет (бахшҳои рӯзона ва ғоибона) ширкат намоянд. 
Шартҳои озмун:
1. Иншо бояд аз лиҳози мазмун ва мундариҷа тоза бошад (Иншоҳое, ки аз ҷое рӯйнавис шудаанд, баҳогузорӣ карда намешаванд).
2. Иншо бояд  дар дафтари оддии мактабӣ навишта шавад (Иншоҳое, ки ба таври чопӣ пешниҳод мешаванд, баҳогузорӣ карда намешаванд).
3. Ба ҷуз ҳусни хат ба хатоҳои имлоӣ, китобӣ ва услубӣ эътибор дода мешавад.
4. Ҳаҷми иншо набояд аз 3 сафҳа кам бошад.
 
Хоҳишмандонро лозим аст, ки то санаи 04.03.2016 (соати 1700) иншои навиштаи худро ба кумитаи тадорукоти озмун, ки дар китобхонаи марказӣ амал мекунад, пешниҳод намоянд. 
Озмуни мазкур дар маҳфили навбатии «Меҳрафрӯз» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ҳадяҳои хотиравӣ тақдир хоҳанд шуд.
 
Замони баргузории  маҳфили «Меҳрафрӯз»:  05.03.2016, соати 1000
Макони баргузорӣ: толори Китобхонаи марказии Донишгоҳ
Китобхонаи марказӣ
                     тел. барои иртибот (83422) 4-39-47; (92-600-08-22)
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло