1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ЭЪЛОН

Садорати факултети забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ба самъи Шумо мерасонад, ки санаи 24 маи соли 2016 конферонси илмӣ-назарӣ бахшида ба 70-солагии ҳаёт ва 50-солагии фаъолияти педагогии забоншинос, профессори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Азимова Матлуба Нуритдиновна баргузор мегардад.
Ба конферонс мутахассисони соҳаи забоншиносии муқоисавӣ, филологияи романӣ-германӣ ва методикаи таълими забонҳо даъват карда мешаванд. Фишурдаи маърӯзаи иштирокчиёни конферонс то санаи  1 марти соли 2016 ба почтаи электронии munira.homidova@mail.ru фиристода шавад. Фишурдаҳои аз ин сана деромада қабул карда намешаванд.
 
Талабот ба фишурда:
• Ҳаҷми як фишурда дар доираи 1-2 саҳифаи чопӣ
• Забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ
• Намуди ҳуруф Times New Roman Tj
• Андозаи ҳуруф 14
• Фосила  1
• Шакли электронӣ
То оғози конферонс маҷмӯаи фишурдаҳои пешниҳодшуда ва аз тарафи ҳайати таҳририя тавсияшуда нашр мегардад. 
 
Барои маълумоти иловагӣ:
Почтаи электронӣ - mehriniso25@mail.ru 
Телефон (ҳо) - (+992 92) 777 75 38; 
                           (+992 92) 765 11 47; 
                           (+992 834 22) 2 34 54 
Кумитаи тадорукот
 
 
 
В
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло