1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ПАЁМИ ИМРӮЗУ ФАРДОСОЗИ КИШВАР

Дар толори калони Раёсати Донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони «Паёми имрӯзу фардосози кишвар» бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудов конфронсро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда, зимни он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2015 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян намуданд. Дар оғози паём Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз масъулияти ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвар ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки “ҳар яки мо вазифадорем тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем”.
Зикр гардид, ки танҳо дар 5 соли охир музди кори кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз дуюним то се баробар зиёд карда шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки имсол низ аз якуми сентябр музди кори кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз 15 то 25 фоиз зиёд карда мешавад. Ғайр аз ин, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои кории шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз, стипендияи донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз ва музди кори ҳадди ақал 60 фоиз зиёд гардида, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ расонда мешавад. Қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ низ индексатсия карда мешавад. Дар ҷараёни конфронс ҳамчунин Абдуҷалил Бобокалонов, профессори кафедраи таърихи умумӣ, Шавкат Шаропов, профессори кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбӣ ва Абдулатиф Раҳимов, профессори кафедраи назарияи иқтисодӣ дар бораи паҳлуҳои мухталифи Паёми Президенти мамлкат бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. (Маърӯзаҳои устодон дар сонаи Донишгоҳнашр карда мешавад).
Дар анҷоми конфронс ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов дастур дод, ки шуруъ аз пагоҳ дар тамоми факултетҳои донишгоҳ чунин конфронсҳоро созмон диҳанд ва рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи Шӯрои олимон яке аз масъалаҳои асосии баррасишаванда ин Паёми Президенти мамлкат мебошад. Ҳамчунин ба кураторҳои гуруҳҳои академикӣ супориш дода шуд, ки дар соати тарбиявӣ мазмуну муҳтавои Паёми Роҳбари давлатро ба самъи донишҷӯён расонанд.


Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати Донишгоҳ


баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло