1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ПАЁМЕ ДАР РОҲИ РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нек ва дурбинонаю созанда ба ҳисоб меравад. Барои он ки оғози сол ин ибтидои ба нақшагирии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар буда, барои ба итмом расонидани чорабиниҳои гуногуни пешбинишуда замина мегузорад. Паёми навбатии Сарвари кишвар пеш аз ҳама ба беҳтар гардидани некуаҳволии халқи шарифи Тоҷикистон нигаронида шудааст. Мӯҳтавои Паём ба ниятҳои созандаи халқ наздик буда, маҳз барои ободии ватан, вусъати дучанди корҳои созандагию ободкорӣ, баланд бардоштани иқтидори соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, дастгирӣ ва ғамхории мардуми камбизоат, бачагони ятиму бепарастормонда, маъюбу барҷомонда, беҳтар намудани фаҳанги миллӣ ва ба идома ёфтани сиёсати дуруст ва дурбинонаи дохилӣ ва берунаи кишвар нигаронида шудааст. Дар навбати дигар, нишондодҳои Паём ин роҳи муайян ва мушаххаси ободии минбаъдаи ватан буда, дар назди ҳар як бошандаи он вазифаҳои муайяни созандагӣ ва бунёдкориро пеш мегузорад.
Таклифу дархост ва пешниҳодҳои дурбинонаи Президенти кишвар ҳар яки моро водор месозад, ки дар кадом соҳае, ки кору фаъолият набарем, дар мадди аввал бояд рушди босуботи халқу миллатро дар ҷойи аввал гузошта, барои ба наслҳои ояндаи кишвар боқӣ гузоштани сарзамини ободу рушдёфта масъулиятшиносона заҳмат кашем. Насли солими ояндаи тоҷик бо чашми умед нигарони имрӯзагон мебошанд.
Баробари соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар дар Паём соҳаи мактабу маориф ва илм низ таҳлили амиқ ёфта, дар назди кормандони ин соҳаи ҳаётан муҳим вазифаҳои муайян ва созанда гузошта шуд. Пеш аз ҳама, таваҷҷӯҳи Сарвари давлат ба такмил ва ба талаботи ҷаҳони муосир мувофиқ намудани таҳсилоти томактабӣ равона карда шуд. Дар ҳақиқат рушди таҳсилоти томактабӣ тақозои замон аст ва дар ҳамаи давраҳои таърихӣба инкишофи судманди он эътибори хоса зоҳир карда мешуд. Идомадиҳандаи кори тарбиявии оила ин муассисаҳои томактабӣ ба шумор мераванд. Агар оила зинаҳои аввалини тарбияи фарзандро ба роҳ монад, пас кӯдакистонҳо ҳам зинаи тарбиявӣ ва ҳам таълимиро ба роҳ мемонанд. Аз ин бармеояд, ки нақши муассисаҳои томактабӣ дар камолоти минбаъда ва якумраи хурдсолон хеле созанда ва бунёдӣ ба ҳисоб меравад. Дар марҳилаи кунунӣ назар ба давраҳои пешин дар назди ҳар як мураббӣ вазифаи басо муҳим ва созандаю масъулиятшиносона гузошта мешавад. Маҳз хурсолони мо аз маҳорат, таҷриба ва шахсияти онҳо дарси одобу ахлоқ, инсондӯстию таҳаммулпазирӣ, ватандорию ватансозӣ, дӯстию рафоқат,дар коллективи дӯсту тифоқ зиндагӣ намудан, ба тафриқандозию маҳалгароӣ роҳ надодан, расидан ба қадру манзалати муқаддасоти ватан, эҳтироми урфу одат ва анъанаҳои халқу миллатҳои ҳамзист ва ояндабиниро меомӯзанд.
Дарёфти роҳу воситаҳои гуногун ва навину замонавии ба таълиму тарбияи томактабӣ ҷалб намудани хурдсолон, пешниҳоди дигари арзишманди Президенти мамлакат буд, ки дар Паём алоҳида баён карда шуд.
Таҷрибаҳои ҷаҳонии мамлакатҳои ҳамҷавор собит месозад, ки дар шароити имрӯза бо назардошти талаботи ҷомеа ҷиҳати ба ғамхорӣ ва таъмину тарбияи замонавӣ фаро гирифтани хурсолони синни томактабӣ муассисаҳои нав амал мекунанд, ки мислашро дар аксарияти давлатҳо дидан мумкин нест. Масалан, дар Ҷумҳурии Федералии Олмон муассисаи таълимию тарбиявӣ бо номи «Деҳаи бачагон» (Киндердорф) амал мекунад, ки барои рушди ҳаматарафаи бачагон ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудааст, аз ҷумла,дар ҳудуди як муассиса боғча, мактаб, мағозаи китоб ва озуқаворӣ, китобхона, хобгоҳ, майдончаҳои гуногуни варзишӣ, боғи сайёҳатӣ, ҳаммом ва ғайраҳо амал мекунанд. Ҳамаи ин барои рушди босуботи хурдсолон равона карда шуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона ва худхизматрасонӣ омода мекунад. Аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ин таҷриба дар Ҷумҳуриҳои Украина ва Қазоқистон роҳандозӣ шудааст.
Боиси тазаккур аст, ки муассисаҳои томактабӣ хурсолонро ба мактаб рафтан низ омода месозанд. Пас дар рӯҳияи хурсолон ба миён овардани меҳру муҳаббати мактаб ва китоб низ ба зиммаи мураббиён вогузор гардидааст, ки ин аз ҳар кадоми онҳо савияи дониши соҳавӣ ва таҷрибаи касбиро талаб мекунад.
Бо назардошти ҳалталаб ва замонавӣ ба шумор рафтани масъалаи такмили таҳсилоти томактабӣ ҳуҷҷатҳои лозимаи ҳуқуқию меъёрие қабул гардидаанд, ки бо мурури гузашти вақт системаи муассисаҳои томактабии кишварамонро ба дараҷаи баланд хоҳад бардошт. Бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1056 аз 28-уми декабри соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» қабул гардида буд, ки он асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таълиму тарбияи томактабиро дар кишварамон муқаррар менамояд. Қабули ҳуҷҷати мазкур гувоҳи он аст, ки ҷараёни фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва ташкили дурусти таълим ва тарбияи бачагони синни томактабӣ таҳти назорат ва ғамхории Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷкистон барои солҳои 2014-2019 имконияти васеъ фароҳам меорад, ки тамоми хурдсолони синну соли томактабӣ ба кӯдакистонҳо ҷалб карда шуда, таълиму тарбияи онҳо дуруст ва мунтазам ба роҳ монда шавад. Зиёд гардидани теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар манотиқи гуногуни кишвар ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас ба бунёди ҷомеаи солим ва насли босаводу ҳамқадами замон оварда мерасонад.
Шахсияти омӯзгори соҳибтахассус, соҳибтаҷриба ва масъулиятшиносу ватанпарварро Сарвари кишвар дар ҳар баромаду суханрониҳо алоҳида қайд мекунад. Дар Паёми имсола низ ба мақому манзалати омӯзгор таваҷҷӯҳи алоҳида зоҳир карда шуд, аз ҷумла: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбияҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст.
Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳарчи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим амри зарурӣ мебошад».

Дар ҳақиқат таърих гувоҳ аст, ки мақоми устод-омӯзгор дар рушду нумуи ҷомеа, пешравии давлат, таълиму тарбияи генофонди миллӣ ва насли босаводу созанда хеле бузург мебошад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон бинобар ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои ба ҳамагон маълум, вазъи мактабу маориф ва мавқеи ҷамъиятии омӯзгор қисман коста гардид, ки таъсири манфии худро дар сарнавишти халқи тоҷик чандсолаҳо боқӣ мегузорад. Аммо халқи соҳибтамаддуни тоҷик такя ба анъанаҳои деринаи неки худ карда, мунтазам ҳамаи ин мушкилотҳоро паси сар кард. Дар ин марҳилаи ҳассос омӯзгор, мактаб ва шогирдашро тарк накард. Ба шароити вазнини иқтисодию иҷтимоӣ нигоҳ накарда, омӯзгор бо халқ буд ва фарзанди халқро таълиму тарбия медод. Шукрона хиради азалии инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва китобдору китобдӯстии халқи соҳибфарҳанги тоҷик боло гирифта, мо аз ин варта баромадем. Дар марҳилаи имрӯзаи пурҳассоси таърихӣ ҳар як устод-омӯзгорро лозим аст, ки дар таълиму тарбияи насли навраси солим, босавод, ояндасозу ватанпарвар ҳар чӣ бештару хубтар масъулият ҳис намояд. Ояндаи Тоҷикистони рушдёфта ва таълиму тарбияи насли навраси бунёдкор ба системаи маорифи кишвар ва заҳмати бовиҷдононаи омӯзгор вобаста аст. Пас барои ояндаи ватани маҳбубамон бояд софдилона меҳнат намуда, дар пиёда гардонидани ҳадафҳои маорифпарваронаи Президенти Тоҷикистон саҳми босазои худро гузорем. Омӯзгори имрӯзаи мактаби тоҷик бояд ҷавобгӯи чунин хусусиятҳо бошад:

  • касбашро дӯст дорад ва мунтазам онро такмил диҳад;
  • дар ҷараёни таълим аз технологияи инноватсионӣ дуруст истифода бурда тавонад;<
  • li>
  • тарғибгари идеяҳои созанда, бунёдкорона ва миллӣ бошад;
  • шогирдонро дар рӯҳияи аз бар намудани илм, дониш, технологияи нав, касбу ҳунар тарбия намояд;
  • дар шогирдон рӯҳияи ватандорӣ, инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми муқаддасоти ватанро тарбия намояд.
  • Аз таҳлили дар Паём овардаи Сарвари давлат бармеояд, ки дар фаъолияти оила ва мактаб тайи солҳои охир ҳамкории мунтазам ва мақсаднок ба назар намерасад. Дар ҳақиқат муаммои мазкур ҷой дорад ва он хеле саривақтӣ таъкид гардидааст. Солҳои охир ҳамкории густурдаи оила бо мактаб ва баръакси он дида намешавад. Алоқаи байни оила ва мактаб суст гардид, ки ин ҳам яке аз омилҳои паст рафтани сатҳи таълиму тарбия оварда расонид. Оилаҳои ҷудогонае дучор меояд, ки дар раванди соли таҳсил маротибае ҳам ба мактаб намеоянд ва ҳатто омӯзгорони фарзанди худро намешиносанд. Дар асри пурталотун ва пешрафтаи илму техника ҳар падару модар вазифадор аст, пеш аз ҳама нисбати ояндаи неку дурахшони фарзандаш ғамхорӣ намояд. Барои ба дунёи бесаводию сарсонӣ, беҳунарию камхиради мондани фарзандон, волидон бояд масъулияти асосӣ ва тақдирсозро ба худ бигиранд. Вақти он расидааст, ки ҳамкории оила ва мактабро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, барои ояндаи неки насли наврас ҳамҷоя кӯшиш ба харҷ диҳем. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи аз таҳсил дар канор мондани духтарон алоҳида қайд карда шуд, ки мо кормандони соҳаи маорифонро ҳаматарафа дастгирӣ менамоед.Ба ҳамагон маълум аст, ки аз таҳсил дур мондан ва бесавод гардидани духтарон ба чӣ ҳодисаҳои ногувор оварда мерасонад. Дар кори аз таҳсил дур мондани фарзандон, низ мавқеи волидон хеле калон аст. Имрӯз дар ҷомеа ҳастанд афроде, ки барои таҳсили духтаронашон монеъ мешаванд, ки ин хатогии бузурги онҳо барои ҳаёти минбаъдаи фарзанд мегардад. Набояд фаромӯш кард, ки аз таҳсил дар канор мондани духтарон ба чунин омилҳои манфӣ оварда мерасонад: бе хату савод мондан, барвақт хонадоршавӣ, надоштани таҷрибаи зиндагӣ ва рӯзгордорӣ, надонистани фарҳанги оиладорӣ, барпо карда натавонистани хонаводаи солим, зиёд гардидани шумораи оилаҳои вайроншуда ва сафи кӯдакони зинда ятиммонда ва ғ. Ҳолатҳои мазкур бояд ҳар як падару модарро бори дигар ҳушёр намояд, то ки ояндаи фарзанди худро бо дастони худ насӯзонад.
    Бо назардошти ба эътидол овардани вазъи таълим ва тарбияи насли наврас бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» қабул гардида буд, ки ба пуррагӣ иҷро нагардидани талаботҳои он аз тарафи Сарвари давлат дар Паём махсус қайд карда шуд. Дар ҳақиқат моҳият, мақсади асосӣ ва зарурияти замонавӣ доштани Қонуни мазкурро то ба ҳол як қисми муайяни аҳолии кишвар то ба охир дарк накардаанд. Маълуми ҳамагон аст, ки ҳуҷҷати мазкур дар роҳи таълиму тарбияи ҳаматарафаи шахсият дар назди оила, мактаб ва аҳли ҷамоатчигӣ вазифаҳои мушаххас гузоштааст. Иҷрои саривақтии он бояд аз тарафи ин ниҳодҳо таъмин карда шавад, аммо дар иҷрои талаботҳои Қонун ҳамдигарфаҳмию ҳамкории онҳо муташаккилона ва самаранок ба роҳ монда нашудааст.
    Бо пешниҳоди Сарвари давлат дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани сохтори нав оид ба назорат ва татбиқи саривақтии Қонуни мазкур иқдоми навбатии созанда ва дурбинонаи Президенти мамлакат дар роҳи бунёди ҷомеаи солим, насли навраси босаводу хушахлоқ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон ба ҳисоб меравад.
    Дар тадбиқи саривақтии ҳадафҳои бунёдии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди кишвар бояд масъулият ҳис намуда, худро дар канор нагирад. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо дастгирии ҳаматарафаи сиёсати созанда ва ояндадори Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, бо меҳнати ҳалолу масъулиятшиносии ватансозанда, бо таълиму тарбияи насли навраси соҳибсаводу соҳибахлоқ, бо эҳтироми арзишҳои азалӣ ва дастовардҳои имрӯзаи давраи соҳибистиқлолии мамлакат ба насли ояндаи кишвар як мулки обод, рушдёфта ва ҳамқадами ҷаҳони муосирро боқӣ хоҳем гузошт.




    баён кардани ахборот

    БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

    ба боло