1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ИДИ ҒАЛАБА ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА

Дар факултети физикаю - техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии тарбиявӣ бахшида ба 70-солагии «Иди Ғалаба» бо иштироки ҷанговари интернатсионалист, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро декани факултет Раҳим Назаров оғоз намуда, ҳамаи иштирокчиёни ҶБВ ва устодону донишҷӯёнро бо ин иди зафар табрик ва муборакбод карда аз солҳои ҷанг ёдоварӣ кард.
Сипас, дотсенти факултаи таърих С. Эркаев доир ба мазӯи «Таърихи Ҷанги бузурги Ватанӣ ва саҳми тоҷикистониён» маълумоти муфассал дод.
Баъдан ҷанговари интернатсионалист, дотсент Абдулаҳад Қодиров баромад карда, оид ба ҷанги Афғононистон сабабҳои далолат кардани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанг, оқибатҳои он гуфта гузашт. Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯён ба меҳмони нишаст саволҳо дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.


Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ


баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло