1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ЧАШМОНИ ГУЛҲО БОЗ ШУДАНД

ар толори факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҷлили ҷашни бошукӯҳи наврӯзи аҷам бо иштироки ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Декани факултет Раҳимҷон Назаров барномаи наврӯзиро оғоз намуда ҳамаи нишастагонро ба омад омади иди Наврӯз табрику таҳният намуд. Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов таманниёти неки раёсати донишгоҳро ба ифтихори Наврӯзи байналмилал ба самъи устодону донишҷӯён расонд.

Дар чорабинии мазкур беҳтарин барномаҳои наврӯзӣ таҳти унвони “Чашмони гулҳо боз шуданд”, суруди наврӯзӣ, рақси якка, саҳначаи наврӯзӣ, қироати шеър дар васфи наврӯз, рақси яккаи мардона, бадеҳахонӣ ва суруду рақс намоиш дода шуд.

Аз ҷониби ҳакамон беҳтарин барномаҳо интихоб гардид ва интизор меравад, ки он дар Наврӯзи умумидонишгоҳӣ, ки рӯзи 21 таҷлил мегардад пешниҳод гардад.


Муллоаҳмад Ахмедов,
донишҷӯ – таҷрибаомӯзи
кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума


баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло